ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР МУҲИДДИН Н. Д. БА ИФТИХОРИ КУШОДАШАВИИ КОНФЕРЕНСИЯИ 74-УМИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ДОНИШГОҲ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ ДАР МАВЗУИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАНДУРУСТИИ РАҚАМӢ: УФУҚҲОИ НАВИ ИЛМИ ТИБ ВА АМАЛИЯИ ТИББӢ»

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР МУҲИДДИН Н. Д. БА ИФТИХОРИ КУШОДАШАВИИ КОНФЕРЕНСИЯИ 74-УМИ  ИЛМӢ-АМАЛИИ ДОНИШГОҲ  БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ ДАР МАВЗУИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАНДУРУСТИИ РАҚАМӢ: УФУҚҲОИ НАВИ ИЛМИ ТИБ ВА АМАЛИЯИ ТИББӢ»

Муҳтарам ҳамкорон, иштирокчиён ва меҳмонони гиромӣ!

Бо камоли хушнудӣ Шуморо дар деворҳои Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ба муносибати баргузории 74-умин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии солона хайрамақдам мегӯям!

Тандурустии рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар назди илми тиб ва таҳсилоти тиббӣ уфуқҳои комилан навро боз менамоянд. Вазифаи асосии мо на танҳо пайравӣ аз тамоюлҳои ҷаҳонӣ, балки саҳмгузории фаъолона дар ташаккули фарҳанги рақамӣ дар соҳаи тиб ва омода намудани мутахассисоне мебошад, ки тавонанд технологияҳои навтаринро ба манфиати ҳифзи саломатии инсон самаранок истифода баранд.

Ба ҳамташкилкунандагони конференсия - Донишгоҳи якуми давлатии тиббии Санкт-Петербург ба номи академик И. П. Павлов ва Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино барои ҳамкории муштарак ва саҳми арзандаашон дар рушди муколамаи байналмилалии илмӣ изҳори сипосу миннатдории амиқ менамоям.

Бигзор конференсияи мазкур барои кашфиётҳои нави илмӣ, рушди касбият ва таҳкими ҳамкориҳои судманд такони ҷиддӣ бахшад!

Ба ҳамаи Шумо кори бобарор, пурсамар ва илҳомбахш орзумандам!


30.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php