ТАБРИКОТ
Муҳтарам Турахон Шарбат!
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ Шуморо ба муносибати рӯзи мавлудатон самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.
Шумо ҳамчун роҳбари донишманд, ташаббускор ва масъулиятшинос дар рушди фаъолияти илмӣ ва инноватсионии донишгоҳ саҳми арзишманд гузошта истодаед. Боиси хушнудист, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи фаъолиятатон дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дастовардҳои назаррас ба даст омада, самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ тақвият ёфта, иштироки омузгорону муҳаққиқон дар корҳои таҳқиқотӣ, нашри мақолаҳои илмӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ ва татбиқи иқдомҳои навоварона вусъати тоза касб намуданд.
Саъю кӯшиш, ҷаҳонбинии илмӣ ва муносибати созандаи Шумо барои баланд бардоштани нуфузи илмии донишгоҳ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таҳқиқотӣ шоистаи қадрдонӣ мебошад.
Бо камоли эҳтиром ба Шумо тансиҳатӣ, умри дароз, неруи тоза, иқболи баланд ва муваффақиятҳои пайваста дар роҳи рушди илм, маориф ва тарбияи мутахассисони баландихтисос орзу менамоем.
Зодрӯз муборак бошад!