ТАБРИКИ РАЁСАТ ВА ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

ТАБРИКИ РАЁСАТ ВА ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ профессори кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ, доктори илмҳои педагогӣ Қодиров Бахтиёр Розиқовичро ба муносибати сазовор гардидан ба Дипломи дараҷаи якум дар XXI Конкурси байналмилалии илмӣ-методӣ ва эҷодии «Социализация, воспитание, образование» самимона табрику таҳният менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ китоби илмӣ-методии профессор Қодиров Бахтиёр Розиқович таҳти унвони «Медицинская педагогика» сазовори баҳои баланд гардида, бо Дипломи дараҷаи якум қадрдонӣ шудааст. Ин дастоварди арзишманд дар шаҳри Кирови Федератсияи Русия ба даст омада, далели равшани сатҳи баланди фаъолияти илмию педагогӣ, маҳорати касбӣ, эҷодкорӣ ва саҳми назарраси профессор Қодиров Б. дар рушди илми педагогикаи тиббӣ мебошад.

Китоби «Медицинская педагогика» ҳамчун асари илмӣ-методӣ масъалаҳои муҳими таълиму тарбия, омодасозии касбии мутахассисони соҳаи тиб, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги касбии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, инчунин хусусиятҳои фаъолияти педагогӣ дар низоми таҳсилоти тиббиро фаро гирифта, метавонад ҳамчун манбаи муҳим барои омӯзгорон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи тиб хизмат намояд. Арзиши илмӣ ва методии чунин асарҳо дар шароити муосир, ки дар назди низоми таҳсилоти тиббӣ вазифаҳои нави баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир гузошта шудаанд, ниҳоят муҳим мебошад.

Сазовор гардидани китоби илмӣ-методии профессор Қодиров Бахтиёр Розиқович ба Дипломи дараҷаи якум дар озмуни байналмилалӣ бори дигар собит менамояд, ки олимону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар рушди илму маориф, такмили усулҳои таълим ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-методӣ дар сатҳи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Раёсати Донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ин дастоварди арзандаи профессор Қодиров Бахтиёр Розиқовичро самараи заҳмати пайваста, фаъолияти пурсамари илмӣ-педагогӣ, таҷрибаи бойи касбӣ ва ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯ арзёбӣ намуда, ба эшон барои чунин дастоварди шоиста изҳори сипос ва эҳтироми самимӣ менамоянд.

Бовар дорем, ки ин муваффақият дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва педагогии профессор Қодиров Бахтиёр Розиқович неруи тоза бахшида, барои таҳияи асарҳои нави илмӣ, методӣ ва таълимӣ, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва рушди минбаъдаи илми педагогикаи тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раёсати Донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ба профессор Қодиров Бахтиёр Розиқович саломатии бардавом, умри пурбаракат, неруи тоза, саодати рӯзгор, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ-таълимӣ комёбиҳои боз ҳам бештар ва дар роҳи омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб дастовардҳои нави илмӣ орзу менамоянд.

Бигзор дастовардҳои илмӣ ва эҷодии устоди арҷманд минбаъд низ ба номи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуҳрату эътибори бештар бахшида, барои насли ҷавони муҳаққиқону омӯзгорон намунаи ибрат ва мактаби созандагӣ бошанд!


06.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php