ТАБИБОНИ ОЯНДА - САРБОЗОНИ ҶАБҲАИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

ТАБИБОНИ ОЯНДА - САРБОЗОНИ ҶАБҲАИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Дар таърихи башарият пешрафти тамаддун ҳамеша бо талоши инсон барои ҳифзи ҳаёт, таъмини амният ва бунёди ҷомеаи одилона алоқаманд будааст. Илми тиб низ маҳз аз ҳамин ниёзи муқаддас сарчашма гирифта, дар тӯли асрҳо ба воситаи асосии мубориза бо марг, беморӣ ва ранҷу азоби инсон табдил ёфтааст. Аммо дар баробари бемориҳое, ки ба организми инсон таҳдид мекунанд, ҷомеаи муосир бо зуҳуроти хатарноки дигаре рӯ ба рӯст, ки метавонад на танҳо саломатӣ, балки худи ҳастии инсон, низоми арзишҳо ва ояндаи давлатҳоро зери хатар гузорад. Яке аз чунин зуҳурот терроризм мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи мубориза бо терроризм барои мо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, на танҳо мавзуи баҳси сиёсӣ, балки масъалаи бевосита марбут ба рисолати ояндаи касбиамон мебошад.

Вақте ки мо ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, савганди ояндаи табибиро дар дил мепарварем, дар асл масъулияти бузургеро ба зимма мегирем, ки масъулияти ҳифзи ҳаёти инсон. Ҳар як амали табиб бояд ба манфиати бемор, новобаста аз миллат, нажод, забон, эътиқод ва мавқеи иҷтимоии ӯ равона гардад. Маҳз ҳамин хусусияти умумибашарии тиб нишон медиҳад, ки байни моҳияти касби табибӣ ва идеологияи террористӣ зиддияти куллӣ вуҷуд дорад. Табиб ҳаётро наҷот медиҳад, террорист онро нобуд месозад, табиб барои барқарор намудани саломатӣ талош мекунад, ифротгароӣ бошад, сабаби хароб гардидани муҳити солими иҷтимоӣ мегардад. Ин муқобилгузорӣ бояд дар шуури ҳар як донишҷӯи тиб ҷойгоҳи устувор дошта бошад.

Мубориза бо терроризм танҳо дар майдони амалиёти қудратӣ маҳдуд намешавад. Ин муқовимат пеш аз ҳама дар фазои тафаккур, ҷаҳонбинӣ, маърифат ва фарҳанги инсонӣ оғоз меёбад. Идеологияи ифротӣ дар бисёр ҳолатҳо аз ҷаҳолат, таассуб, надоштани донишҳои кофӣ ва қобилияти таҳлили мустақилонаи воқеият ғизо мегирад. Шахсе, ки наметавонад байни далели илмӣ ва маълумоти сохта, байни арзиши инсонӣ ва даъвати зӯроварона фарқ гузорад, метавонад зери таъсири таблиғоти гумроҳкунанда қарор гирад. Аз ин рӯ, донишҷӯи тиб бояд на танҳо дар анатомия, физиология, биохимия ва фанҳои клиникӣ дониш андӯзад, балки қобилияти таҳлили равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иттилоотиро низ инкишоф диҳад.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз майдонҳои асосии мубодилаи иттилоот ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд. Дар баробари имкониятҳои мусбати онҳо, хатари паҳншавии маълумоти бардурӯғ, таблиғи ақидаҳои тундгароёна ва таҳрифи воқеаҳои таърихию иҷтимоӣ низ вуҷуд дорад. Мо бояд дарк намоем, ки бетарафӣ нисбат ба иттилооти хатарнок, беэътиноӣ ба паҳншавии ғояҳои зӯроварона ва муносибати бемасъулиятона ба муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба оқибатҳои номатлуб оварда расонад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як донишҷӯи соҳибмаърифат аз он иборат аст, ки бо такя ба далел, мантиқ ва сарчашмаҳои боэътимод ба ҳар гуна иттилоот баҳои воқеӣ диҳад ва дар ташаккули муҳити солими иттилоотӣ саҳм гузорад.

Ҷанбаи дигари муҳимми ин масъала муносибати байни саломатии ҷомеа ва амнияти иҷтимоӣ мебошад. Ҳар як низоъ ва амали террористӣ метавонад боиси осеби ҷисмонӣ, маъюбшавӣ, осеби равонӣ, аз даст рафтани наздикон ва вайрон гардидани низоми муқаррарии зиндагии мардум гардад. Дар чунин ҳолатҳо табибон ва кормандони тиб на танҳо барои расонидани ёрии фаврӣ, балки барои барқарор намудани саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии зарардидагон масъулияти ҷиддӣ доранд. Аз ин ҷиҳат, омузиши ёрии аввалияи тиббӣ, тибби офатҳои фавқулода, равоншиносӣ ва усулҳои барқарорсозии саломатӣ барои табибони оянда аҳаммияти махсус дорад. Донише, ки имрӯз дар толори лексионӣ, озмоишгоҳ ва машғулиятҳои амалӣ ба даст меорем, фардо метавонад барои наҷоти ҷони инсон зарур гардад.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки пешгирии терроризм аз тарбияи шахсияти солим оғоз мешавад. Шахсияте, ки дорои ҳувияти миллӣ, худшиносии таърихӣ, эҳтиром ба қонун ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад, ба осонӣ зери таъсири даъватҳои ифротӣ қарор намегирад. Дар ин замина, омузиши таърихи халқи тоҷик, шинохти арзишҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ ва дарки аҳаммияти истиқлолияти миллӣ барои ҳар як ҷавон зарур аст. Мо бояд гузаштаи пуршебуфарози миллатро омузем, аз таҷрибаи талхи низоъҳои дохилӣ сабақ гирем ва сулҳу ваҳдатро ҳамчун шарти асосии рушди устувори давлат қадр намоем.

Барои донишҷӯи тиб мавқеи шаҳрвандӣ бояд дар амал низ зоҳир гардад. Муносибати эҳтиромона бо ҳамсабақон, дастгирии шахсони ниёзманд, пешгирии низоъҳои байниҳамдигарӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ намунаҳои одии чунин мавқеъ мебошанд. Мо метавонем тавассути суҳбатҳои маърифатӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва фаъолияти ихтиёрӣ дар байни ҷавонон фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносиро густариш диҳем. Зеро ҷомеаи аз лиҳози маънавӣ солим ва дорои тафаккури созанда барои паҳншавии ғояҳои хушунатомез заминаи мусоид фароҳам намеорад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки ояндаи давлат танҳо бо суханони ватандӯстона сохта намешавад. Он бо донишомӯзии пайваста, меҳнати софдилона, интихоби дурусти мавқеи зиндагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ бунёд мегардад. Барои мо, донишҷӯёни тиб, беҳтарин роҳи хизмат ба Ватан ин ба мутахассиси босалоҳият табдил ёфтан, аз худ намудани дастовардҳои муосири илми тиб ва омодагӣ барои хизмат ба мардум мебошад. Ҷавоне, ки илму донишро силоҳи асосии худ интихоб мекунад, дар муқобили ҷаҳолат, таассуб ва ифротгароӣ мавқеи устувор дорад.

Мо, донишҷӯёни тиб, мубориза бо терроризмро танҳо вазифаи дигарон намедонем. Ин масъулияти умумии мост, ки бояд аз дарки арзиши ҳаёт, баланд бардоштани маърифат, ташаккули тафаккури мустақил ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон сарчашма гирад. Мо дар оянда бо либоси сафеди табибӣ ба назди беморон хоҳем рафт, аммо ҳанӯз имрӯз бо дониш, фарҳанг, мавқеи шаҳрвандӣ ва андешаи созанда метавонем дар пешгирии зуҳуроти хатарноки ҷомеа саҳм гузорем. Зеро сарбози ҳақиқии ҷабҳаи сулҳ на танҳо шахсе мебошад, ки амниятро ҳифз мекунад, балки ҳар фарди масъулиятшиносест, ки бо фаъолияти худ ҳаётро наҷот медиҳад, ҷаҳолатро бо дониш иваз мекунад ва барои ҷомеаи солиму босубот талош менамояд. Мо мехоҳем табибоне бошем, ки на танҳо дарди инсонро табобат мекунанд, балки бо мавқеи устувори маънавию шаҳрвандӣ дар ҳифзи сулҳ, амният ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.

Камолов А. Ғ., донишҷӯи курси якуми факултети стоматологӣ


20.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php