ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ТАРҒИБИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА

ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ТАРҒИБИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар баробари фаъолияти таълимию илмӣ ба масъалаҳои тарбиявӣ, маърифатӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин замина, намояндагони Донишгоҳ пайваста тавассути воситаҳои ахбори омма доир ба масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанг ва арзишҳои конститутсионӣ андешаву мавқеи илмии худро баён мекунанд.

Ҳафтаи гузашта раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Амонзода Сабоҳат Бобишо дар ду барномаи маърифатии шабакаҳои радио ва телевизиони «Сафина» иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, мавсуф дар барномаи «Ифтихор»-и радиои «Сафина» доир ба мавзуи «Гулҳои миллӣ» андешаҳои худро баён намуда, оид ба ҷойгоҳи гулпарварӣ дар фарҳанги миллӣ, зебоишиносӣ ва ҳифзу эҳёи анъанаҳои мардумӣ ибрози назар карданд.

Ҳамчунин, дар барномаи телевизионии «Дар ин замона»-и ТВ «Сафина» дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ифодагари арзишҳои миллӣ» баромад намуда, оид ба нақши Конститутсия дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд суханронӣ карданд.

Иштироки намояндагони Донишгоҳ дар чунин барномаҳо ба густариши ҳамкориҳо бо воситаҳои ахбори омма, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа ва муаррифии мавқеи илмии устодону кормандони Донишгоҳ дар фазои иттилоотии кишвар мусоидат менамояд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


10.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php