ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ XVI - УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ XVI - УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирокдоронро ба муносибати ин санаҳои муҳими таърихӣ табрик намуда, оид ба аҳаммияти Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар таъмини сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва нақши ниҳоди президентӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози андеша карданд. Инчунин, аз заҳматҳои хастанопазири фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои маҳбуби тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисмтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории истиқлоли воқеии кишвар ибрози андеша карда шуд.

Сипас, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Инъомзода Ҷӯра Инъом суханронӣ намуда, аз рӯйдодҳои муҳими он давра ёдовар шуданд. Мавсуф доир ба вазъи мураккаби сиёсию иҷтимоии кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, раванди баргузории Иҷлосияи таърихӣ ва аҳаммияти қарорҳои қабулгардида дар муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди давлатдории миллӣ андешаҳои худро баён карданд.

Дар идомаи чорабинӣ бо мақсади қадршиносии заҳмату фаъолияти пурсамар як қатор омузгорону кормандони Донишгоҳ бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳунарии «Шифо» бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшида, табъи ҳозиринро болида гардонид.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории миллӣ ва гиромидошти нақши шахсиятҳои таърихиро дар таҳкими худшиносии миллӣ таъкид намуд.


ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА 









Возможно, это изображение текстНет описания фото.Возможно, это изображение динамик и текстВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение кларнет, гобой и текстВозможно, это изображение отдел новостей и текстВозможно, это изображение отдел новостей и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение кларнет, гобой и текстВозможно, это изображение гобой, помост и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение один или несколько человек и текстВозможно, это изображение помост и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение помост




13.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php