ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ ДАРУНИИ №3

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ ДАРУНИИ №3

13 ноябри соли 2026 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ духтурони беморхонаи МД ММТҶТ «Шифобахш», ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра, духтур-интернҳо, ординаторони клиникӣ, донишҷӯёни курси шашуми факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 24–29) ва факултети педиатрӣ (гурӯҳҳои 6–8), инчунин меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд. Дар байни меҳмонон муовини аввали директори МД ММТҶТ «Шифобахш», номзади илмҳои тиб Абдуллозода Т., мудири кафедраи оториноларингология, номзади илмҳои тиб, дотсент Давронзода М. ва мудири кафедраи урология, номзади илмҳои тиб, дотсент Саъдуллозода Ф. ҳузур доштанд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3, номзади илмҳои тиб, дотсент Уроқов Комрон Зокирович иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Зимни суханронии худ мавсуф таъкид карданд, ки ҳар як миллат дар таърихи худ марҳилаҳои сарнавиштсоз дорад, ки дар муайян намудани роҳи имрӯзу ояндаи он нақши муҳим мегузоранд. Барои миллати тоҷик Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳои муқаддасу таърихӣ ба шумор мераванд. Қайд гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба ниҳодҳои давлатдорӣ, балки ёдоварӣ аз аҳаммияти суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар назди давлату ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватани азиз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонону донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, насли ҷавон бояд бо донишандӯзӣ, касбияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар идомаи чорабинӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои тиб, дотсент Ғаниева М.П. донишҷӯёни гурӯҳи 26-уми курси шашуми факултети тиббӣ барномаи маърифатӣ ва фарҳангиро пешкаши ҳозирин намуданд. Дар доираи барнома оид ба арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва ҳисси ватандӯстӣ маълумоти мухтасар пешниҳод гардида, ҳамзамон сурудҳо дар васфи Ватан ва ватандорӣ иҷро карда шуданд.

Чорабинии мазкур дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан мусоидат намуд.

Кафедраи бемориҳои дарунии №3


14.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php