ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАИ БЕҲДОШТ ВА ЭКОЛОГИЯ
Дар кафедраи беҳдошт ва экологияи Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ омузгорони кафедра оид ба мақому манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ниҳоди президентӣ дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла, омузгори кафедра Ҷумъаева М. дар маърӯзаи худ ба масъалаҳои аҳаммияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми роҳбарияти давлат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки таҷлили ин санаи муҳим барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон доир ба мавзуъҳои матраҳгардида мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳкими донишҳои сиёсиву таърихӣ ва маърифати шаҳрвандии донишҷӯёнро таъкид карданд.
Кафедраи беҳдошт ва экология