ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР КАФЕДРАИ ХИМИЯИ БИООРГАНИКӢ ВА ФИЗКОЛЛОИДӢ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР КАФЕДРАИ ХИМИЯИ БИООРГАНИКӢ ВА ФИЗКОЛЛОИДӢ

Чорабинии мазкурро донишҷуёни курси якуми факултети педиатрӣ ташкил намуданд. Дар баромадҳо қайд карда шуд, ки ба он маъно Иҷлосияи тақдирсоз меноманд, ки маҳз ҳамин Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ миллатро аз маргу фаношавӣ наҷот дод, ҷумҳуриро ба оромӣ ва тинҷӣ овард ва дар тақдири сахти он рӯзҳои халқу миллат нақши бузурге бозид, бо роҳи пешгирифтаи ин воқеаи муҳими таърихӣ, ки оғози раҳоёбӣ аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.

Дар чунин замони барои халқи тоҷик фоҷиаовар, фарзанди фарзонаи халқи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии мамлакатро ба даст гирифтанд. Тамоми мардуми Тоҷикистон ба сарвари нави худ бо чашми умед менигаристанд, чунки имкони пора – пора гаштани миллат ва аз байн рафтани давлат вуҷуд дошт.

Сипас донишҷуён доир ба хизматҳои Пешвои Муаззами миллат, шеърҳо қироат намуда пораи аз филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд. Дар охир таъкид карда шуд, ки ҷавобан ба хизматҳои Пешвои миллат донишҷуён бояд зиракии сиёсиро аз даст надода бо баҳои хубу аъло хонанд ва дар ободии кишвари азиз ва амн нигоҳ доштани он ҳиссагузор бошанд.

Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ


14.11.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php