ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР КАФЕДРАҲОИ ДОНИШГОҲ
Дар кафедраҳои акушерӣ ва гинекологии № 1, травматология, ортопедия ва ҶҲС, бемориҳои кӯдаконаи № 1 бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои идона баргузор гардиданд. Дар ин чорабиниҳо ҳайати профессорону омузгорон, кормандон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, ба занону модарон ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат ва тарбиятгари насли солим эҳтирому арҷ гузоштанд.
Зимни чорабиниҳо маърӯзаҳо ва баромадҳои пурмуҳтаво ироа гардида, нақши зан-модар дар ҷомеа, саҳми онҳо дар рушди илму маориф, тарбияи насли наврас ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки модар ҳамчун рамзи меҳрубонӣ, сабру таҳаммул ва фидокорӣ дар зиндагии ҳар як инсон ҷойгоҳи хос дорад ва маҳз бо заҳмату ғамхории ӯ насли солим ва ватандӯст ба камол мерасад.
Ҳамзамон, дар фазои гарму самимӣ ба занону модарони кафедраҳо суханони табрикотӣ ирсол гардида, ба онҳо барои саҳми арзандаашон дар рушди фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда шуд. Барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, бо қироати шеърҳо, сурудҳои дилнишин ва баромадҳои ҳунарӣ хотири ҳозиринро болида гардонид.
Дар фарҷоми чорабиниҳо таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан ва модар яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи тоҷик ба ҳисоб рафта, таҷлили чунин рӯзҳои фархунда барои таҳкими эҳтиром нисбат ба занону модарон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа аҳамияти бузург дорад.