ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

Бахшида ба ҷашни бостонии Меҳргон дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, таҳкими худшиносиву ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии донишҷӯён буд.

Дар чорабинӣ донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ таҳти роҳбарии омузгори кафедра Юсуфӣ Г. Ш. фаъолона иштирок намуда, доир ба таърих, пайдоиш, моҳият ва аҳамияти ҷашни Меҳргон маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карданд. Ҳамзамон, донишҷӯён бо қироати шеърҳо дар васфи тирамоҳи заррин, меҳру муҳаббат, фаровонӣ, дӯстӣ ва арзишҳои миллию фарҳангӣ ба чорабинӣ шукуҳу таровати хоса бахшиданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёитабор буда, ҳамчун рамзи фаровонӣ, ҳосили фаровони деҳқон, меҳнатдӯстӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва ҳамбастагии инсонҳо аз давраҳои бостон то имрӯз мақоми арзишманд дорад. Таҷлили ин ҷашни миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои шиносоии насли ҷавон бо таъриху тамаддуни ниёгон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, профессор Азимзода М. М. зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Меҳргон самимона табрик намуда, доир ба ҷойгоҳи ин ҷашни бостонӣ дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик ибрози андеша карданд. Мавсуф таъкид намуданд, ки ҳифз ва гиромидошти ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, Наврӯз, Сада ва Тиргон, яке аз омилҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор ва пайванди наслҳо ба шумор меравад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштироки фаъоли донишҷӯён ва саҳми омузгори кафедра дар ташкили маҳфили маърифатӣ баҳои мусбат дода шуд. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баробари баланд бардоштани сатҳи донишҳои таърихиву фарҳангии донишҷӯён, барои ташаккули ҷаҳонбинии васеъ, эҳсоси ватандӯстӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии табибони оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Чорабинӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди эҳтиром ба анъанаҳои неки миллӣ ҷамъбаст гардид.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


17.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php