ТАҲКИМИ ДОНИШҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МАЛАКАҲОИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁНИ КАФЕДРАИ ТИББИ ҲАРБӢ
17 ноябри соли 2026 дар заминаи Муассисаи давлатии таълимии «Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ»-и Донишгоҳ барои донишҷӯёни курси 4-уми кафедраи тибби ҳарбӣ, гурӯҳҳои 15–16-уми факултети тиббӣ машғулиятҳои амалӣ баргузор гардиданд.
Машғулиятҳо таҳти роҳбарии устодони кафедра Норов Х.Қ. ва Давлатзода Л.П. дар доираи мавзуъҳои «Маводҳои заҳрноки таъсири умумӣ» ва «Заҳролудшавӣ аз оксиди карбон» гузаронида шуданд.
Зимни машғулият устодон оид ба хусусиятҳои таъсири маводҳои заҳрнок ба организми инсон, роҳҳои воридшавӣ, нишонаҳои заҳролудшавӣ, инчунин усулҳои пешгирӣ ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ маълумоти назариявӣ пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, хусусиятҳои заҳролудшавӣ аз оксиди карбон, оқибатҳои он ба саломатии инсон ва чораҳои зарурии бехатарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар қисмати амалии машғулият донишҷӯён бо тартиби истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва амалҳои аввалияи тиббӣ дар ҳолатҳои заҳролудшавӣ шинос шуда, таҳти роҳнамоии устодон донишҳои назариявии худро тақвият бахшиданд.
Баргузории чунин машғулиятҳо дар таҳкими робитаи назария бо амалия, ташаккули малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани омодагии донишҷӯёни оянда ба фаъолияти тиббӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулода нақши муҳим дорад.
Кафедраи тибби ҳарбӣ