ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ БО МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Ҳафтаи равон ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, намояндагони Донишгоҳи тиббии анъанавии чинии Ченгдуи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои илмӣ-таълимӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, нимаи дуюми рӯз ректори Донишгоҳ бо гурӯҳи дигари меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин, бахусус дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, баррасӣ гардиданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА