СУПОРИДАНИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАННИ БИОЛОГИЯ

СУПОРИДАНИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАННИ БИОЛОГИЯ

Санаи 17 апрели соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гочмирадов Аймират Байраммирадович бо мақсади супоридани дипломҳо ва ҷоизаҳои иштирокчиёни IV-умин Олимпиадаи байналмилалӣ-интернетӣ аз фанни биология ба Донишгоҳ ташриф оварданд. Зимни ин боздид меҳмони воломақомро ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ истиқбол гирифтанд.

Чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии ректори Донишгоҳ оғоз гардида, зимни он ҷаноби Сафир ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта шуда, ҳамзамон зарурати густариши ҳамкориҳои судманд байни донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Туркманистон таъкид гардид. Инчунин, ба 35 нафар донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи мазкур фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд, изҳори табрикоту таманниёти нек баён карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ ҷаноби Сафир Гочмирадов Аймират Байраммирадович барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуда, ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаро бо дастовардҳояшон муборакбод гуфтанд. Сипас, бо иштироки ректори донишгоҳ ва ҷаноби Сафир маросими тантанавии супоридани медалҳо ва сертификатҳо баргузор гардид.

Ҳамзамон, ба ҳамаи донишҷӯёне, ки дар IV-умин Олимпиадаи байналмилалӣ-интернетӣ аз фанни биология фаъолона ширкат варзидаанд, ифтихорномаҳои ректори Донишгоҳ тақдим карда шуданд. Қобили зикр аст, ки дар ин олимпиада 35 нафар донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, аз миёни онҳо 1 нафар сазовори ҷойи аввал, 3 нафар ҷойи дуюм, 8 нафар ҷойи сеюм гардида, 24 нафар бо сертификатҳои иштирок қадрдонӣ шуданд.


12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
18.04.2026 10

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php