СИМПОЗИУМИ ЯКУМ «ТАҲҚИҚОТИ БУНЁДӢ ҲАМЧУН АСОСИ АМАЛИЯИ ТИББӢ»: МУКОЛАМАИ ИЛМӢ ВА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

СИМПОЗИУМИ ЯКУМ «ТАҲҚИҚОТИ БУНЁДӢ ҲАМЧУН АСОСИ АМАЛИЯИ ТИББӢ»: МУКОЛАМАИ ИЛМӢ ВА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

30 октябри соли 2026 дар доираи конференсияи 74-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ: марҳилаҳои нави илм ва амалияи тиб» симпозиуми якум таҳти унвони «Таҳқиқоти бунёдӣ ҳамчун асоси амалияи тиббӣ» баргузор гардид.

Симпозиум бо дастгирии ректори Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор муҳтарам Муҳиддин Н. Д. ва бо иштироку ҳамташаббусии Муассисаи федералии давлатии буҷетии таҳсилоти олии касбии «Донишгоҳи давлатии якуми тиббии Санкт-Петербург ба номи академик И. П. Павлов» доир карда шуд. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими робитаи мутақобилаи илми бунёдӣ ва амалияи клиникӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ буд.

Бо сухани ифтитоҳӣ директори Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии тибби бунёдӣ»-и Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Табариён Б. С. баромад намуд. Зимни суханронии худ ӯ аҳаммияти таҳқиқоти бунёдиро дар ошкор намудани механизмҳои пайдоиш ва инкишофи бемориҳо, такмили усулҳои ташхис ва таҳияи равишҳои аз лиҳози илмӣ асоснокшудаи пешгирӣ ва табобати бемориҳо таъкид кард.

Барномаи симпозиум фарогири 19 маърузаи илмӣ буда, онҳо дар шакли ҳузурӣ ва фосилавӣ пешниҳод гардиданд. Дар кори симпозиум олимону мутахассисон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.

Ҳамаи маърузаҳои дар барнома пешбинишуда дар сатҳи баланди илмӣ пешниҳод гардиданд. Маърузаҳо бо муҳтавои бой, пайдарпайии мантиқии баён ва сифати баланди маводи тасвирӣ фарқ намуда, масъалаҳои мубрами тибби бунёдӣ ва дурнамои татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро дар амалияи клиникӣ фаро гирифтанд.

Пас аз маърӯзаҳо муҳокимаҳои судманди илмӣ ва табодули афкор сурат гирифтанд. Иштирокдорон равишҳои методологӣ, аҳаммияти илмӣ ва амалии натиҷаҳои пешниҳодшуда, инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Истифодаи ҳамзамони шаклҳои ҳузурӣ ва фосилавии иштирок имкон фароҳам овард, ки мутахассисон дар як минбари илмӣ муттаҳид гардида, муколамаи озод ва касбиро ба роҳ монанд.

Симпозиум дар таҳкими робитаҳои илмии байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми арзишманд гузошта, нақши таҳқиқоти бунёдиро дар ҳалли масъалаҳои мубрами тибби муосир бори дигар собит намуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокдорон якдилона ташаббуси ҳамасола баргузор намудани симпозиумро дастгирӣ намуда, аҳаммияти илмӣ ва зарурати идомаи чунин шакли ҳамкориҳоро таъкид карданд. Ташаккул ва идомаи ин анъанаи илмӣ барои табодули таҷриба, рушди таҳқиқоти муштарак ва татбиқи дастовардҳои илми бунёдӣ дар амалияи тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ


03.11.2026 22

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php