ШОГИРДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» СОҲИБИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРӢ ГАРДИДАНД

ШОГИРДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» СОҲИБИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРӢ ГАРДИДАНД

Дар литсейи ба номи Умари Хайём даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин даври озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун донишу малака ва маҳорати илмии худро нишон дода, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ рақобат намуданд.

Дар номинатсияи «Биология» шогирдони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла, як нафар иштирокчӣ сазовори ҷойи якум ва ду нафари дигар соҳиби ҷойи дуюм гардиданд. Ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ба даст овардани чунин натиҷаи баланд аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди истеъдод ва қобилияти илмии донишҷӯён ва хонандагон, инчунин аз фаъолияти самараноки омӯзгорон ва роҳбарони илмии онҳо шаҳодат медиҳад.

Дар омодасозии шогирдони ғолиб саҳми мудир Ризозода О. А. ва дотсенти кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б., номзади илмҳои биологӣ Шаҳсуфбекова Н.Н. назаррас мебошад. Номбурдагон солҳои зиёд ба таълиму тарбияи шогирдон машғул буда, барои рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани дониши назариявӣ ва ташаккули малакаҳои амалӣ дар самти биология ба донишҷӯён роҳнамоӣ менамояд.

Қобили зикр аст, ки шогирдони Шаҳсуфбекова Н.Н. ҳамасола дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намуда, дар номинатсияи «Биология» ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил мегарданд. Ин натиҷаҳо аз сатҳи баланди омодагии илмии шогирдон ва фаъолияти пайвастаи омӯзгору роҳбари онҳо дарак медиҳанд.

Муваффақияти навбатии шогирдони Донишгоҳ дар ин озмуни бонуфуз саҳми муассисаи олиро дар тарбияи ҷавонони донишманд, ташаккули муҳити илмӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон боз ҳам тақвият мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯйи номинатсияи “Химия” низ шигордони донишгоҳ 3 ҷойи аввали даври озмуни болозикрро ба даст овардаанд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


22.09.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php