ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ЁДНОМАИ БАҲРИНИСО ТОҲИРОВА

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР  ДАР ЁДНОМАИ  БАҲРИНИСО ТОҲИРОВА

Таърих дар хотира ҷойгоҳ ва манзалати шахсиятҳои бисёрро сабт намудааст.Агар мо ба гузаштаи миллатҳои мутамаддини ҷаҳон аз ин равзана назар афканем, мебинем, ки мақоми шахсиятҳо дар офариниши таърих ва баъзан як назар ва каломи эшон дар раҳнамоии миллату халқиятҳо ба сӯи бунёдкориву созандагӣ хеле бузург ва таъсиргузор аст.Бешубҳа, афкори рангини Зардушт, Конфутсӣ, Нитчше, Ҳошо ва даҳҳо нафари дигарро метавон рақам зад, ки дар офариниши тафаккури инсони комил нақшгузор будаву барои раҳнамунии миллатҳо ва ақвоми хеш соҳим будаанд.

Дар ин раванд, месазад як нуктаи муҳимро таъкид кард, ки миллати тоҷик низ барои офариниши таърихи хеш бешубҳа ба афкори рангоранги шахсиятҳои давлатию сиёсӣ ва ходимони ҷамъиятию фарҳангӣ низ ниёз дорад, ки чеҳраи воқеии шахсиятҳо ва қаҳрамонию ҷоннисориҳои абармардони фарзонаи худро аз гуфтору навиштори онҳо метавонем комил ва равшан созем.Яке аз ингуна шахсон ходими намоёни давлатӣ, яке аз поягузорони маорифи Тоҷикистон Баҳринисо Тоҳирова(1907-1994) мебошад, ки дар аввалҳои асрни 20 (солҳои бистуми ва сиюм) бо Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур (1899-1937) ҳамкору ҳамафкор буда, барои истеҳкоми пояҳои маорифи тоҷик талош намудаанд.

Баҳринисо Тоҳирова дар ёддоштҳои худ қайд менамоянд, ки “душвориҳои солҳои аввали муаллимӣ дар Дорулмуалллимини тоҷик чун лентаи кино аз пеши назарам мегузаранд” ва дар ёд меоваранд, ки чигуна барои дифоъ аз забону фарҳанг ва шарафу номуси миллат ва ҳайсияту шарофати миллӣ талошҳо сурат гирифтааст. Ҳарчанд ин талошу муборизаҳо бо баҳои ҷони фарзандони бонанги миллат анҷом шудааст, вале барои бақои миллат, ҳайсияти миллат ва ба даст овардани мероси ғасбнамудаи таърихи миллат мусоидат намудааст.

Маҳз ин афкору ин хостаҳои миллат шахсиятҳоро ба ҳам овардаву сари як арзиш онҳоро муттаҳид намудааст. Ҳатто дар дидору мулоқоти аввалини хеш ҳам аз забону фарҳангу вазъияти миллати хеш сухан гуфтаанду бо ин ормонҳо зиндагӣ намудаанд.Махсусан Баҳринисо Тоҳирова аз дидори аввалини хеш бо Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар хотироташ ёдовар шуда, зикр намудааст, ки “Шиносои ман бо Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1923 дар шаҳри Тошканд оғоз гардид. Ӯ марди фарҳангдӯсту маорифпарвар буд”. Моҳи майи соли 1923 дар назди КМҲ Туркистон шуъбаи комсомол ва ҳизби коммунисти Тоҷикистон ташкил шуд. Ба ҳайати сексияи тоҷикӣ, дар баробари арбобони давлативу фарҳангӣ чун Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад Саидризо Ализода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Аббос Алиев ва Баҳринисо Тоҳирова шомил гардид.

Вазифаи асосии сексия аз масъалаҳои зерин иборат буд:

Ба халқ сиёсати миллии ҳукумати шӯравиро дуруст расонидан, тарбияи кардани кадрҳои миллии зиёии, нашри рӯзномаю маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ, ба таҳсил фаро гирифтани занону духтарон, мубориза ба муқобили босмачигарӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва духтарон, ташкил намудани мактабҳо ва донишкадаҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Тошкент, Фарғона ва ғайра...

 

Бо қувваи аъзоёни шуъбаи комсомоли ва ҳизби коммунисти тоҷикон дар кучаи Пушкини шаҳри Тошкент нахустин донишкадаи Дорулмуаллимини тоҷик, мактабхои маҳви бесаводӣ, мактаби дараҷаи 1- ум барои толибилмони тоҷик ва аввалинбор дар шаҳри Самарқанд рузномаи “Овози тоҷик” ташкил карда шуд. Аввалин муаллимони ин мактабҳои тоҷикӣ Ниссор Муҳаммад, Собит Манофзода, Абулқосим Лоҳутӣ буданд. Шуъбаи комсомоли ва ҳизби коммунисти тоҷикон дар Дорулмуаллимини тоҷик донишҷӯёнро муттаҳид намуда, дар кори барпо намудани шароити мусоид барои таҳсили толибилмон диққати калон медод. Бисёр вақт бо қувваи аъзоёни шуъба ба забони тоҷикӣ сӯҳбатҳо консертҳо ташкил карда мешуданд. Ба кори шуъбаи коммунисти тоҷикон коркунони Бюрои Осиёимиёнагии РКП (б) В.В. Куйбишев, Г.В Чичерин, М.Дьяков, А.И.Зелинский мароқи доимӣ зоҳир менамуданд ва дар кори ташаккулёби шуъба фаъолияти минбаъдаи он ёрии калон расониданд.

Баҳринисо Тоҳирова дар ёдномаи худ зикр менамояд, ки “Дар ёд дорам, “ Соли 1925 Шириншоҳ бо хурсандиву шодӣ ба тарафи ман нигоҳ карда гуфт: “Баҳринисо дар рӯзҳои наздик як рӯзномаи тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад”.{2,137}

Ҳадафи таъсиси рӯзномаи тоҷикӣ ин дастгирӣ ва тарғиби забони тоҷикӣ дар марказҳои фарҳанги тоҷикон аст. Соли 1925 ба забони тоҷикӣ бо роҳҳои гуногун фишороварда мешуд ва ҳатто хатари тамоман нестшвии он дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Фарғона ба вуҷуд меомад.Моҳи феврали соли 1925 масъалаи нашр кардани як рӯзномаи тоҷикӣ аз тарафи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамфикронаш дар Тошканд ба миён омад. Шириншоҳ Шоҳтемур барои ошно шудан ва омӯхтани ваъзи мактабҳои тоҷикӣ ба шаҳри Самарқанд рафт. Дар Самарканд маҷлиси машваратӣ бо роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафонаш баргузор гардид ва аз хусуси нашри рӯзномаи тоҷикӣ музокираи бузурге ба миён омад. Дар ин музокирот Садриддин Айнӣ, Маъруф Расулӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Саидризо Ализода, Нисор Муҳаммад, Аббос Алиев, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдураҳим Ҳоҷибоев ширкат намуданд. Барои нашри рӯзномаи тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе ҳукумати нав таъсисшудаи Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон 6 ҳазор сӯм маблағ ҷудо кард. Ҳамин тавр, рӯзнома 15 марти соли 1925дар шаҳри Душанбе ба нашр шурӯъ кард ва номи “Иди тоҷик”-ро гирифт. Аввалин сармуҳаррири он Аббос Алиев интихоб гардид. Соли 1928 нахустин клуби занони тоҷик дар шаҳри Тошканд таъсис ёфт.Ба ин клуби занон Баҳринисои 21- сола сарварӣ менамуд. Баҳринисо ҷавон дар байни занону духтарони маҳалҳо корҳои тарғиботи бурда, онҳоро ба кори давлатӣ ва хондан ҷалб менамуд. 6-уми марти соли 1928 бо ташаббуси Баҳринисо Тоҳирова ва як гуруҳ духтарони тоҷик дар шаҳри Тошканд Маҷлиси умумии занони тоҷик баргузор гардид. Дар ин маҷлис аз аксар шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишин Бухоро, Самарқанд, Фарғона, Чирчиқ Пискат, Хуҷанд занони тоҷик иштирок намудан ва доир ба баланд бардоштани ҳукуқи занон муроҷиатнома дар бораи озоди занон қабул намуданд. Ин муроҷиатномаи занони тоҷик ба Комитети маркази ҳизби Комунисти Ӯзбекистон буд. Дар муроҷиатнома қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ӯзбекистон бояд баробар ҳуқуқии занони миллатҳоро дар ин кишвари пойдор гардонад. Ин муроҷиатномаи занони тоҷик ҳамовозии гарму ҷушонро пайдо кард. Баъди чанд муддат Шириншоҳ Шоҳтемур ба Дорулмуалллимини тоҷик ташриф овард. Дар ҳавли Дорулмуалллимини тоҷик мулоқоти Шириншоҳ Шоҳтемур бо донишҷӯён ва муаллимон баргузор гардид.Шириншоҳ Шоҳтемур ба минбар баромада гуфт: “Ман аз ин гуна занони ватандӯсту ватанпарвари тоҷик бисёр шодам.Рӯз аз рӯз духтарони тоҷик ба таҳсил фарогирифта мешавад.Онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагию мадани мамлакатамон баробари мардон кор мекунанд”.

Шириншоҳ Шоҳтемур ваъзи замонро таҳлил карда, дар ҳаёти ҷамъиятии одамон онро татбиқ менамуд. Вай ватанро на дар забон, балки бо ҷон дӯст медошт.ӯба қадри сулҳу салоҳи ваҳдату озодии кишвар мерасид.

Баҳринисо Тоҳирова дар хотираҳои худ қайд менамояд, ки “Соли 1934 дар шаҳри Душанбе Омӯзишгоҳи занона ташкил ёфт.Сарвари онро бар душ доштам.Дар кушодани омӯзишгоҳ Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам иштирок ва суханрони намуд. Шириншоҳ Шоҳтемур маърузаи худро дар шакли кутоҳ ва пурмуҳтаво ба донишҷӯёну муаллимон қироат кард. Дар пойтахти Тоҷикистон Сталинобод кушода шудани Омӯзишгоҳи занона ифтихори халқи тоҷик мебошад.Занон ва духтарони тоҷик акнун пардаи маломати руҳониёни ҷоҳилро рахна намуда ба омӯзишгоҳ қадам ниҳода истодаанд. Ҳоло дар ин омӯзишгоҳ аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳуриамон занону духтарон мехонанд.Тамоми кӯшишу ғайрати худро бо ҳам оварда, барои пешрафти ватанамон содиқона хизмат намоем.Замоне бо Шириншоҳ Шоҳтемур кор мекардам. Ҳама рафтору гуфтораш табии, самимӣ ва саршор аз меҳру садоқат буд. Одати наҷибе дошт, ки дар ғоибу ҳозир дар бораи одамон, ёру дустон, бахусус ҳамкасбону дӯстонаш доимо суханони хубу шоиста мегуфт. Нисбат ба Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон эҳтироми баланд дошт. Бо ҳама шуҳрату шаҳомате, ки дошт, як марди оддӣ, хоксор, меҳрубон ва инсондӯст буда, ҳамеша эҳтироми дӯстону ҳамкасбонро самимона ба ҷой меовард. Аз ин ру худ азизи ҳамагон гашта буд”. Дар хотираҳои худ нақл мекунад Баҳринисо Тоҳирова. Ин марди фидоӣ дар роҳи пешрафти ҷумҳурӣ ва мамлакат боз бисёр кори хайр карда метавонист. Вале тақдир амри дигар кард. Вай соли 1937 ба ҳабс гирифта шуда ва дере нагузашта қурбони беадолатию бадкирдориҳои таъқиботи Сталинӣ гардид. Зиндагиномаи ин марди шариф сазовори ҳаматарафа омӯхтан аст ва он барои ҷавонони Тоҷикистон метавонад намунаи ибрат бошад.

Мардуми тоҷик имрӯз ҳам бо корнамоӣ ва ҷоннисориҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ифтихор намуда, номи некӣ ӯро ёд мекунад. Зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемур барои насли имрӯзаю ояндаи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи баланди хизмати халқу Ватан ҳисоб меёбад. Чунин шахсияти ҷонфидои миллат дар саҳфаи таърих абадан ҷовидон хоҳад монд.

Темирзода Б.-ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


21.05.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php