СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: ТОҶИК БУДАН ИФТИХОР АСТ!
Рӯзи 5 декабри соли равон дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ семинари омӯзишшӣ таҳти унвони «Тоҷик будан ифтихор аст» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши муҳими маърифатӣ устодон, донишҷӯён ва меҳмонони арҷманд ширкат варзида, дар бораи ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва ҷойгоҳи арзишҳои тоҷикии мо дар ҷаҳони муосир мубодилаи афкор намуданд.
Дар баромади ифтитоҳии худ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён Зарина Асрор иброз дошт, ки мавзуи семинар танҳо як шиор нест, балки калимаи пурмаъноест, ки дар худ таърих, фарҳанг, забон, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои бисёрсолаеро таҷассум мекунад. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии имрӯз нигаҳдорӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аз ҳарвақта муҳимтар аст.
Ба кори семинар ду нафар аз муҳаққиқону таҳлилгарони шинохта даъват шуда буданд:
1. Давлатов Зубайдулло-Сарходими калони илмии Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
2. Назриев Карим -муовини сардори Раёсати илм ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Меҳмонон бо баромадҳои пурмуҳтаво, таҳлилу мулоҳизаҳои илмиву фарҳангӣ ва андешаҳои созандаи худ саҳми арзанда гузошта, моҳияти аслии ифтихори миллӣ, таърихшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандиро барои насли ҷавон равшан намуданд.
Дар ҷараёни семинар гуфта шуд, ки Донишгоҳи тиббӣ на танҳо маркази омӯзиши илмҳои тиббӣ, балки муассисаи пурнуфузи тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва худшиносии ҷавонон мебошад. Зикр гардид, ки донишҷӯёни имрӯз ва табибони фардои кишвар бояд пеш аз ҳама бо хислатҳои асили тоҷикӣ ва шуури баланди шаҳрвандӣ муҷаҳҳаз бошанд.
Дар фарҷом роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмонон барои иштироки фаъол ва суханони арзишманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки «Тоҷик будан- ифтихори бебаҳо ва ҳамзамон масъулияти бузург аст». Семинар бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва руҳбаландии иштирокчиён ҷамъбаст гардид.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА