СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА 200 СОЛАГИИ АҲМАДИ ДОНИШ

 СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА 200 СОЛАГИИ АҲМАДИ ДОНИШ

11 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси маҳфили илмии «Авҷи Зуҳал»-и назди кафедраи забони тоҷикӣ семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 200 солагии шоири тоҷик Аҳмади Дониш баргузор гардид.

Дар семинар донишҷӯёни факултеҳои Донишгоҳ, ки аъзои маҳфил ҳастанд, фаъолона иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ масъалаҳои марбут ба таърихи Истиқлолияти давлатӣ, таҳаввулоти ҷомеаи Тоҷикистон ва нақши сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати фарҳангдӯстона ва маърифатпарваронаи Пешвои миллат дар кишвар ҳамасола аз фарзонафарзандони миллати тоҷик ёд карда мешавад. Аз ин лиҳоз бахшида ба 200 солагии Аҳмади Дониш-шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик, имрӯз чорабиниҳои муҳими илмию эҷодӣ баргузор карда мешаванд.

Дар идомаи семинар донишҷӯён бо қироати шеърҳо ва иҷрои сурудҳои ватандӯстона, ки саршор аз тараннуми истиқлолу ваҳдати миллӣ буданд, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд. Ҳамзамон, аз эҷодиёти Аҳмади Дониш низ шеърҳо дар маҳфил қироат карда шуданд.

Дар фарҷом омӯзгорони кафедра мазмуну муҳтавои семинарро ҷамъбаст намуда, иштирокчиёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Кафедраи забони тоҷикӣ


14.09.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php