СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АДАБӢ ДАР МАВЗУИ «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАХДАТИ МИЛЛӢ»

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АДАБӢ ДАР МАВЗУИ «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАХДАТИ МИЛЛӢ»

Санаи 16.11.2025, соати 10:30, дар кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-адабӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон - кафили сулҳу вахдати миллӣ» гузаронида шуд. Семинар бо рохбарии шахси масъул, омузгори кафедра Сафарова Ф.М., бо гурӯҳи 17-и факултети стоматологӣ ва роҳбари бахши Ҷамъияти илмии донишҷӯён «Авҷи Зуҳал» Суфиева Гулбону Аҳмадовна бо аъзоёни он баргузор гардид. Дар семинар мудири кафедраи забони тоҷикӣ, д.и.ф Низомӣ С.Ф. ва устодони кафедра Шодиматзода М.К., Саидзода Б.М., Калонова М.Ҷ., Раҳимов Т.Ф., Зуҳурӣ Н., Раҳимова Р. ва донишҷӯёни соли аввали факултетҳои педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, фарматсевтӣ ва стоматологӣ фаъолона иштирок намуданд. Донишҷӯён бо маърузаҳо ва қироати шеър баромад намуданд. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳои илмӣ-адабӣ дар ниҳоди муҳассилини имрӯзу фардо бедор намудани ҳисси миллӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва муқаддас доштани мероси ниёгон, омузонидани дарси хештаншиносӣ мебошад.

Кафедраи забони тоҷикӣ


17.11.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php