САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР МУҲИТИ ДОНИШҶӮЁНИ ТИББ

САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР МУҲИТИ ДОНИШҶӮЁНИ ТИББ

Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва иҷрои ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ шудааст, кишвари мо ҳамасола дар чорабиниҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок менамояд. Дар ин замина, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии наврасон ва ҷавонон дар ҷаҳон «Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ» (Global Money Week) баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола аз 1 то 30 апрел «Моҳи саводнокии молиявӣ» эълон гардида, барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии кишвар чорабиниҳои маърифатӣ роҳандозӣ мешаванд.

 

Санаи 27 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳ бо ҳамкорӣ бо ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Итминон» вохӯрии омузишӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии донишҷӯён буд. Дар рафти вохӯрӣ ба донишҷӯён мавзӯи «Суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳолатҳои нохуш ва Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ» муаррифӣ гардид. Чорабиниҳои маърифатӣ махсусан барои хатмкунандагони донишгоҳ роҳандозӣ шуда, ба онҳо афзалиятҳои суғурта, аҳамияти пардохти ғайринақдӣ ва нақши он дар таъмини шаффофият ва амнияти молиявӣ шарҳ дода шуд. Иштирокчиён бо мисолҳои амалӣ ва маводи иттилоотӣ таъмин гардида, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфассал ва асоснок пешниҳод гардид.


Дар охири чорабинӣ донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои истифодаи хизматрасониҳои суғуртавӣ дар ҳаёти шахсӣ ва касбӣ баён карданд. Вохӯрӣ бо муҳокимаи фаъол, мубодилаи назарҳо ва тавсияҳои муфид анҷом ёфт, ки ин далели баланд шудани сатҳи огоҳии молиявӣ ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба масъалаҳои суғурта мебошад.


28.04.2026 8

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php