Санъати ҳайкалтарошии суғдиён
Пас аз истиқлолиятро ба даст овардани собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравӣ фанҳои диншиносӣ, сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ аз фанни фалсафа ҷудо шуда, чун фанни таълимии алоҳида дар ҳамаи мактабҳои миёна ва олӣ омӯхта мешаванд. Ин иқдом боис шуд, ки хонанда аз фарҳангу тамаддуни башарият шинос шавад, ҷаҳонбиниву фарҳанги хешро боз ҳам ғанитар гардонад.
Фанни фарҳангшиносӣ доманаи хеле васеъ дорад, тамоми дастовардҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии инсониятро чун манзил, сару либос, асбоби рӯзгору машғулият, дин, расму оин, забону адабиёт ва хатро дар худ ғунҷондааст. Модоме, фарҳанг ин гуна доманадор аст, мо тасмим гирифтем, дар бораи як ҷузъи он - санъати ҳайкалтарошӣ ва густариши он дар Суғди Бостон ба қадри имкон маълумот бидиҳем.
Давлати Суғд дар ибтидои асрҳои миёна чун маркази тамаддуни гузаштагони халқи тоҷик ба ҳисоб мерафт ва аз худ мероси фарҳангии ғаниеро ба мо-ворисонаш ба мерос монд. Ин давлати мутамаддинбунёд дар ибтидои асрҳои миёна масоҳати хеле калонро дар бар гирифта, дар соҳилҳои дарёҳои Зарафшон ва Қашқадарё ҷойгир шуда буд, шаҳри Мароқанд (Самарқанд) пойтахти давлати Суғд буд. Суғд аз якчанд рустоқ (ноҳия) иборат буд, ки рустоқи Панҷакат (Панч, Бунҷикат) дар қатори Мароқанду Бухоро чун рустоқи аз ҳар ҷиҳат тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Ин шаҳрҳо чун марказҳои тамаддуни мардуми бумӣ (суғдиён)ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, машҳур шуда буданд.
Ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар Панҷакати қадим маводи фаровонеро аз фарҳанги маънавии суғдиён чун санъати ҳайкалтарошӣ, тасвирҳо дар устадонҳо, кандакориҳои рӯи чӯб, ҳайкалҳои чӯбин ба мо арзонӣ медоранд, онҳо ёдгориҳои нодир ва арзишноки санъати ба ҳисоб рафта, аз санъати баланди на танҳо суғдиён, балки аз дастовардҳои тамоми халқҳои Осиёи марказӣ дарак медиҳанд.
Гил яке аз маводи асосии ороишӣ ба ҳисоб рафта, аз он ҳар гуна ашёҳои санъати бадеиро санъаткорони суғд месохтанд, дар офариниши асарҳои бадеии ин намуди санъат ҳеҷ як халқе дар пояи суғдиён қарор надоштааст.
Соли 1952 бостоншиносон аз харобаҳои Панҷакати қадим ҳайкали гилиеро ёфтанд, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа аз дигар ёдгориҳо фарқ мекард. Бостоншиноси машҳур А.М. Беленитский дар он тасвири мавҷудоти фантастикиеро (инъикоси намудҳои гуногуни санъатро, ки дар он ба заминаи воқеии объекти тасвир манзараҳои ғайритабиӣ, пурмӯъҷиза ва хайёлии зиндагӣ тасвир карда мешаванд) мебинад. Олим дуруст қайд мекунад, ки ин ва дигар ёдгориҳои санъати ҳайкалтарошии Панҷакати қадим аз давраи пайдоиши ёдгориҳои санъати рассомӣ қадимтар буда, ба асри V мелодӣ рост меоянд.[1] Дар байни суғдиён санъати ҳайкалтарошӣ низ бо санъати рассомӣ дар маҷмӯъ хеле тараққӣ карда, ҳар кадоми он мактаби хос ва маҳаллии худро молик будааст. Алоқаи бадеӣ дар байни ин намудҳои санъат ба пуррагӣ мушоҳида мешавад.
Бояд зикр намуд, ки бештари ин ёдгориҳо-ҳайкалҳо бесар буданд. Сабаб дар он буд, ки дар давраи тохту тоз ва ҷорӣ намудани дини ислом аз тарафи арабҳо ёдгориҳои санъати рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва осори хаттӣ қисман ва ё тамоман нобуд карда шуда буд. Ин амал ба хотири зудтар ба ислом гаравондани суғдиён ва аз тарафи дигар, решакан кардани боқимондаҳои бутпарастӣ ва динҳои маҳаллӣ буд. Аз ҷиҳати арзиши бадеӣ ва мундариҷаи худ ин ёдгориҳо нисбат аз дигар ёдгориҳои санъати ҳайкалтарошии халқҳои Осиёи Марказӣ, ки то вақтҳои охир пайдо карда шуданд, беназир буданд.
Ҳайкалҳои чӯбин намуди дигари ин намуди санъат дар Панҷакати қадим ба ҳисоб рафта, он низ ба дараҷаи баланди тараққиёташ расида будааст. Мутаасифона, дар натаҷаи сӯхтор тобиши бадеии онҳо каме костааст. Дар хусуси муаян намудани мазмуни як қатори ин ҳайкалҳо олими номбурда А.М. Беленитский тасвир ёфтани русуми диниро мебинад. Дар яке аз ин ҳайкалҳо инъикос ёфтани Аждаҳо-соҳирро муаян намудааст. Ҳайкалҳои чӯбини Панҷакати қадимро бостоншинос ба асри VI мелодӣ мансуб медонад. Дар натиҷаи омӯзиши ҳайкалҳо олим қиёфа ва тарҳи рӯи онҳоро ба суғдиён мансуб медонад, ки чашмҳои калони чуқур ва рӯи сермӯй тасвир ёфта буд.[2] Аз ҷиҳати мансубияти этникӣ дар ин давра суғдиён ҳоло бо туркнажодҳо омезиш наёфта буданд.
Дар ибтидои асрҳои миёна Осиёи Марказӣ, бахусус Суғд маркази пайдоиши мактаби ҳайкалчахои сафолӣ ба ҳисоб меравад. Аз хусуси ин намуди ёдгории таърих тадқиқотҳои зиёде мавҷуд аст. Ҳайкалчаҳои сафолии Панҷакатро олим Б.И. Маршак омӯхта, монандии онҳоро ба ин гуна ёдгориҳои Афросиёб, Тали Барзу ва Қашқадарё аниқ намудааст. Мувофиқи ақидаи ӯ ҳайкалчаҳои сафолӣ мансуб ба асрҳои V-VI мелодӣ мебошанд. Б.И. Маршак дар он ақидааст, ки онҳо дар давраи ҷараёни ворид гаштани туркҳо ба сарзамини Осиёи Марказӣ сохта шудаанд, онҳо намуди “ҷанговарони турк”-ро доранд.[3] Мувофиқи ақидаи сиккашинос ва суғдшинос О.И. Смирнова якчанд ҳайкалчаҳои сафолӣ ба расмҳои рӯи тангаҳо ба дараҷае монанд аст, ки дар онҳо расми ҳокимонро дидан мумкин аст, на ҷанговаронро.[4]
Ҳамин тавр, аз омӯзиши ёдгориҳои таърихии Панҷакати қадим бармеояд, ки фарҳанги суғдиён ҳанӯз дар ибтидои асрҳои миёна ба авҷи камолоти худ расида будааст.
Набиев М.Х., Иноятзода Д.Н.
Кафедраи ҷарроҳии умуммии №2 МДТ ДДТТ ба номи“Абӯалӣ ибни Сино”
[1] Беленицкий А.М. О докладах и полевых исследованиях Института истории материальной культуры. // КСИИМК – 55. М.: Изд-во АН СССР, 1954. – С. 42.
[2] Беленицкий А.М. Новые памятники искусства древнего Пенджикента. Опыт иконографического истолкования. // Скульптура и живопись древнего Пенджикента. – М.,1959. – С.76.
[3] Маршак Б.И. Отчет о работах на объекте 12 за 1955-1960гг. // МИА СССР, №124. Т. 4. Отв. ред. А.М. Беленицкий. М., Л.: Наука, 1964. – С. 240.
[4] Смирнова О.И. Каталог монет с городища Пенджикент. (Материалы 1949-1956гг.). – М,1963. – С. 35.