САНҶИШҲОИ ТЕСТӢ ДАР МУҲИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ТАЪЛИМ: ИМКОНИЯТҲО ВА РОҲҲОИ ТАКМИЛИ АРЗЁБИИ ДОНИШ

САНҶИШҲОИ ТЕСТӢ ДАР МУҲИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ТАЪЛИМ: ИМКОНИЯТҲО ВА РОҲҲОИ ТАКМИЛИ АРЗЁБИИ ДОНИШ

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва густариши равандҳои рақамикунонӣ низоми муосири таҳсилот ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Тағйирёбии муҳити иҷтимоию иқтисодӣ, пайдоиши технологияҳои инноватсионӣ ва афзоиши талабот ба сифати таҳсилот зарурати бознигарии усулҳои анъанавии таълим, назорат ва арзёбии натиҷаҳои фаъолияти таълимиро ба миён овардааст.

Яке аз самтҳои муҳимми такмили раванди таълим истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми назорат ва арзёбии дониш ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, санҷишҳои тестӣ ҳамчун яке аз воситаҳои самараноки муайян намудани сатҳи дониш, малака ва салоҳиятҳои таълимгирандагон аҳаммияти махсус пайдо мекунанд.

Агар дар низоми анъанавии таълим санҷиши дониш бештар тавассути пурсиши шифоҳӣ, корҳои хаттӣ ва имтиҳонҳои анъанавӣ амалӣ карда шавад, пас дар муҳити рақамӣ имкониятҳои васеи истифодаи тестҳои электронӣ, платформаҳои интерактивӣ ва системаҳои автоматии арзёбӣ фароҳам оварда шудаанд.

Муҳиммияти масъала дар он ифода меёбад, ки истифодаи дурусти санҷишҳои тестӣ метавонад на танҳо раванди назорати донишро осон намояд, балки ба баланд бардоштани сифати таълим, муайян кардани мушкилоти омӯзишӣ ва такмили фаъолияти омӯзгор мусоидат кунад.

Аз ин рӯ, омӯзиши имкониятҳои педагогию методии санҷишҳои тестӣ дар муҳити рақамикунонии таълим яке аз масъалаҳои мубрами педагогикаи муосир ба ҳисоб меравад.

Санҷиши тестӣ яке аз усулҳои махсуси педагогии арзёбӣ мебошад, ки тавассути маҷмӯи супоришҳои пешакӣ таҳияшуда сатҳи азхудкунии дониш, ташаккули малака ва қобилияти татбиқи донишҳои таълимгирандагон муайян карда мешавад.

Моҳияти асосии тестгузаронӣ аз он иборат аст, ки барои ҳамаи иштирокчиён шароити нисбатан якхелаи санҷиш фароҳам оварда шуда, натиҷаҳо дар асоси меъёрҳои муайян арзёбӣ мегарданд.

Дар адабиёти педагогӣ ва методӣ ба чунин хусусиятҳои асосии тестҳои босифат аҳаммият дода шудаанд:

-  устуворӣ ва мувофиқати натиҷаҳои санҷиш;

- мутобиқати тест ба мақсад ва мазмуни арзёбӣ;

- кам кардани таъсири омилҳои субъективӣ ба натиҷаи баҳогузорӣ;

- риояи талаботи ягона ҳангоми гузаронидани санҷиш;

- имконияти санҷиши паҳлуҳои гуногуни дониш ва малака. 

Вобаста ба мақсад ва хусусияти истифода санҷишҳои тестиро ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: 

1. Тестҳои ташхисӣ – барои муайян намудани сатҳи ибтидоии дониш, малака ва маҳорат.

2. Тестҳои ташаккулдиҳанда – барои назорати ҷараёни азхудкунии маводи таълимӣ.

3. Тестҳои ҷамъбастӣ – барои муайян намудани натиҷаи ниҳоии омӯзиш.

4. Тестҳои мутобиқшаванда – барои тағйир додани сатҳи душвории саволҳо вобаста ба ҷавобҳои иштирокчӣ.

5. Тестҳои интерактивӣ – барои арзёбӣ бо истифодаи воситаҳои гуногуни мултимедиявӣ.

Бояд қайд намуд, ки самаранокии тестгузаронӣ пеш аз ҳама ба сифати таҳияи саволҳо, дурустии интихоби меъёрҳои арзёбӣ ва мувофиқати онҳо ба мақсадҳои таълим вобаста мебошад.

Рақамикунонии таълим имкониятҳои нави ташкили санҷиш ва арзёбии донишро ба вуҷуд овардааст. Тестгузаронии электронӣ нисбат ба шаклҳои анъанавии санҷиш як қатор бартариҳои муҳим дорад.

Аввалан, он имкон медиҳад, ки натиҷаҳои санҷиш дар муддати кӯтоҳ коркард ва таҳлил карда шаванд. Системаҳои рақамӣ метавонанд ҷавобҳои иштирокчиёнро ба таври автоматӣ санҷида, холҳои мувофиқро ҳисоб намоянд.

Дуюм, истифодаи тестҳои электронӣ имконияти ташкили санҷишро барои гурӯҳҳои калони таълимгирандагон фароҳам меорад. Омӯзгор метавонад як маҷмӯи саволҳоро таҳия намуда, онро барои гурӯҳҳои гуногун истифода барад.

Сеюм, воситаҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки натиҷаҳои санҷиш на танҳо аз рӯйи холҳои умумӣ, балки аз рӯйи мавзӯъҳо, намудҳои супориш ва сатҳи душворӣ таҳлил карда шаванд.

Чорум, истифодаи бозхӯрди фаврӣ ба таълимгиранда имкон медиҳад, ки хатогиҳои худро муайян намуда, барои бартараф кардани камбудиҳои дониш чораҳои зарурӣ андешад.

Дар натиҷа, метавон қайд намуд, ки санҷишҳои тестӣ дар шароити рақамикунонии низоми таҳсилот яке аз воситаҳои муҳим ва самараноки назорату арзёбии сатҳи дониш, малака ва салоҳиятҳои таълимгирандагон ба ҳисоб мераванд. Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди тестгузаронӣ имкон медиҳад, ки арзёбии донишҳо зуд, шаффоф, дақиқ ва бо риояи меъёрҳои ягона амалӣ карда шавад. Ҳамзамон, тестҳои электронӣ барои таҳлили ҳамаҷонибаи натиҷаҳои таълим, муайян намудани камбудиҳои дониш ва фароҳам овардани бозхӯрди фаврӣ мусоидат менамоянд.

Бо вуҷуди ин, самаранокии истифодаи санҷишҳои тестӣ аз сифати таҳияи саволҳо, мувофиқати онҳо ба мақсадҳои таълимӣ, эътимоднокии низоми арзёбӣ ва сатҳи омодагии омӯзгорону таълимгирандагон ба истифодаи технологияҳои рақамӣ вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми татбиқи тестҳои электронӣ зарур аст, ки ба масъалаҳои таъмини адолат ва шаффофияти арзёбӣ, пешгирии нусхабардорӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва дастрасии баробари ҳамаи таълимгирандагон ба воситаҳои рақамӣ диққати махсус дода шавад.

Ҳамин тариқ, такмили методикаи таҳия ва истифодаи санҷишҳои тестӣ, ҷорӣ намудани платформаҳои муосири таълимӣ, истифодаи тестҳои мутобиқшаванда ва таҳлили рақамии натиҷаҳои омӯзиш метавонанд ба баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат намоянд. Дар маҷмӯъ, санҷишҳои тестӣ бояд на танҳо ҳамчун воситаи санҷиши дониш, балки ҳамчун механизми муҳими такмили раванди таълим, рушди фаъолияти мустақилонаи таълимгирандагон ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти омӯзгор баррасӣ карда шаванд.

Ибронов С. С., омӯзгори калони кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ


20.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php