САМТҲОИ НАВИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ҲАНГОМИ БАҲОГУЗОРИИ ДИСФУНКСИЯИ ЭНДОТЕЛИЙ

САМТҲОИ НАВИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ҲАНГОМИ БАҲОГУЗОРИИ ДИСФУНКСИЯИ ЭНДОТЕЛИЙ

23 апрели соли 2026 бо дастгирии ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Н.Д. дар Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бори аввал маркерҳои дисфунксияи эндотелий - эндотелин ва простациклин дар беморони гирифтори норасоии шадиди часпакии рӯдаи борик (ОСТКН) муайян карда шуданд. Таҳқиқоти маркерҳои дисфунксияи эндотелий аз ҷониби корманди илмии шуъбаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ Наврузбекова С.А. бо иштироки мудири шуъбаи эндокринологияи Беморхонаи клиникии шаҳрии №2 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Удмурт, номзади илмҳои тиб Чернядева Е.В., инчунин номзадҳои илмҳои тиб, дотсентон Холматова П.К. ва Салимова Ҷ.С. гузаронида шуд.

Эндотелин пептиди пуриқтидори тангкунандаи рагҳо (вазоконстриктор) буда, дараҷаи спазми рагҳо ва фаъолшавии эндотелийро инъикос менамояд. Баланд шудани сатҳи он аз дисфунксияи шадиди эндотелий ва вайроншавии микроциркулятсия шаҳодат медиҳад.

Простатсиклин, баръакс, дорои хусусиятҳои васеъкунандаи рагҳо (вазодилататорӣ) ва зиддиагрегатсионӣ мебошад, ки ҳифзи девори рагҳоро таъмин мекунад. Паст шудани консентратсияи он нишонаи сустшавии фаъолияти эндотелий ва вайроншавии тавозуни гомеостази рагҳо мебошад.

Муайян намудани ин маркерҳо имкон медиҳад, ки ҳолати эндотелий дар беморони гирифтори ОСТКН ба таври объективӣ арзёбӣ гардида, ҳамзамон фаҳмиши механизмҳои патогенетикии беморӣ ва дурнамои ташхису табобати он амиқтар гардад.


24.04.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php