САФАРИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЧИН ВА ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ ДУҶОНИБА

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЧИН ВА ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ ДУҶОНИБА

Дар ҷаҳони муосир муносибатҳои байналмилалӣ ба марҳалае расидаанд, ки ҳамкориҳои судманду устувор миёни давлатҳо ба яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ, таъмини амният ва таҳкими нуфузи сиёсӣ табдил ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз рӯзҳои нахустини истиқлолият сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-ро пеш гирифта, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими стратегӣ ва иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар тӯли зиёда аз сӣ соли охир босуръат рушд намуда, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд. Дар ин миён сафарҳои расмӣ ва давлатии сарони ду кишвар нақши ҳалкунанда дошта, барои густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ заминаи устувор фароҳам овардаанд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идомаи мантиқии сиёсати муваффақонаи хориҷии Тоҷикистон буда, аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Ин сафар дар шароите сурат гирифт, ки минтақа ва ҷаҳон бо таҳаввулоти мураккаби геосиёсӣ, рақобатҳои иқтисодӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Аз ин рӯ, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва стратегӣ бо Чин барои Тоҷикистон аҳамияти махсус касб менамояд.

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин расман 4 январи соли 1992 барқарор гардиданд. Аз ҳамон рӯз то имрӯз равобити ду кишвар пайваста рушд намуда, ба яке аз намунаҳои ҳамкории созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Дар солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон Чин аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуда, барои рушди муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ иқдом кард. Бо вуҷуди вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии солҳои аввали истиқлолият, ду давлат тавонистанд заминаи боэътимоди ҳамкориро ба вуҷуд оваранд.

Яке аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар солҳои аввал ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ буд. Бо талошҳои дипломатии роҳбарияти ду кишвар масъалаҳои марбут ба сарҳад бо роҳи музокироти сулҳомез ҳал гардиданд, ки ин ба таҳкими эътимоди сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои минбаъда мусоидат намуд. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ намунаи равшани сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони ҳар ду давлат арзёбӣ мешавад.

Бо мурури замон ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Чин рушд ёфтанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар доираи ташаббуси ҷаҳонии “Як камарбанд -як роҳ” Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои муҳими транзитӣ ва шарики стратегии Чин дар минтақа табдил ёфтааст. Амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти муҳими стратегӣ бо ҷалби сармояи чинӣ ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ин замина саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин хеле назаррас мебошад. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имконият фароҳам овард, ки муносибатҳои ду кишвар аз сатҳи ҳамкории одӣ ба шарикии стратегии ҳамаҷониба расанд. Сафарҳои сершумори Президенти Тоҷикистон ба Чин ва мулоқотҳои сатҳи баланд бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин боиси таҳкими эътимоди сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо гардидаанд.

Сафари давлатии навбатии Пешвои миллат ба Чин аҳамияти махсуси сиёсӣ дорад. Ин сафар дар шароите баргузор гардид, ки ҷаҳон ба ҳамкориҳои устувори иқтисодӣ ва сиёсӣ бештар ниёз дорад. Дар доираи сафари мазкур мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, амният ва фарҳангро мавриди муҳокима қарор доданд.

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин иқтисод ба шумор меравад. Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ба сармоя ва технологияҳои муосир ниёз дорад. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт метавонад шарики боэътимоди Тоҷикистон бошад. Дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва инфрасохтор ба имзо расиданд, ки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти калон доранд.

Ҳамчунин ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия яке аз бахшҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар мебошанд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистонӣ барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба рушди шабакаҳои нақлиётӣ ниёз дорад. Дар ин раванд Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии ҷониби Чин дар Тоҷикистон даҳҳо километр роҳҳо ва нақбҳои муҳим сохта шуданд, ки барои беҳтар гардидани инфрасохтори нақлиётӣ мусоидат намуданд.

Дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётӣ ва густариши ҳамкориҳо дар самти логистика низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тоҷикистон метавонад ҳамчун пули робитавӣ миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозад. Ин омил барои рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши имкониятҳои транзитии кишвар мусоидат мекунад.

Самти дигари муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориҳо дар соҳаи амният мебошад. Дар шароити муосир таҳдидҳои терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ба амнияти минтақа хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Тоҷикистон ва Чин ҳамчун ҳамсояҳои наздик дар масъалаҳои таъмини амният манфиатҳои муштарак доранд. Ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ барои таҳкими субот ва амният дар минтақа аҳамияти бузург доранд.

Дар ҷараёни сафари давлатии Пешвои миллат масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои муосир низ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд дар асоси ҳамкории байналмилалӣ ва эҳтироми манфиатҳои давлатҳо амалӣ гардад. Ин мавқеи муштарак нишон медиҳад, ки Тоҷикистону Чин дар масъалаҳои муҳими амниятӣ ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ дар муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҷойгоҳи муҳим доранд. Солҳои охир робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ миёни ду кишвар густариш ёфтаанд. Садҳо донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил намуда, барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ мутахассис омода мешаванд. Инчунин омузиши забони чинӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Чин ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Сафари давлатии Пешвои миллат ба Чин нишон дод, ки муносибатҳои ду кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистон ва Чин на танҳо шарикони иқтисодӣ, балки дӯстони боэътимод ва ҳамфикр дар масъалаҳои байналмилалӣ мебошанд. Эътимоди сиёсӣ миёни роҳбарони ду давлат барои густариши ҳамкориҳои минбаъда заминаи устувор фароҳам овардааст.

Бояд таъкид намуд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар асоси ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои ҷаҳон амалӣ мегардад. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин сиёсат ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамчун яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Натиҷаҳои сафари давлатии Пешвои миллат ба Чин нишон медиҳанд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Бо назардошти маъулмотҳои болозикр бояд гуфт, ки сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ба ҳисоб рафта, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овард. Ин сафар нишон дод, ки Тоҷикистону Чин омодаанд ҳамкориҳои худро дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок густариш диҳанд ва барои таъмини субот, рушди иқтисодӣ ва пешрафти минтақа саҳми бештар гузоранд. Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ метавон гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар оянда низ ҳамчун намунаи ҳамкории мутақобилан судманд рушд хоҳанд кард ва барои таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти муҳим хоҳанд дошт.

Зарифӣ Н. А.-сардори Хадамоти ректор,

вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


12.05.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php