САБТ АСТ ДАР ҶАРИДАИ ОЛАМ МАҚОМИ МО

САБТ АСТ ДАР ҶАРИДАИ ОЛАМ МАҚОМИ МО

Ҳар бегоҳ баъди қабули наҳорӣ ва хатми дуои таом, падари бузургворамон оид ба ин ё он мавзуи илмӣ ё динӣ ба мо фарзандон нақл ё ҳикояеро мекард. Мо фарзандон ин лаҳзаи басо гувороро доимо интизор будем. Ҳанӯз ҳам ин кори хайр дар алоҳида хонаводаҳо ба ҳукми анъана аст. Калонсолон кӯдакону ҷавононро аз рӯи хондагӣ ва шунидагӣ панду насиҳат медиҳанд.

Як вақт қиблагоҳамон аз Луқмони Ҳаким чанд пандро таърифу маънидод карду аз Абуалӣ Сино ба мо ҳикояи дилангезеро нақл кард. Қиблагоҳамон арз намудаанд, ки фарзандони миллати тоҷик барои башарият хидматҳои бузургеро анҷом додаанд, ки дар сафҳаи таърихи инсоният бо хатти заррин сабтанд.

Ҳофизи бузургвор ба ин маънӣ ишора кардааст:

                          Сабт аст дар ҷаридаи олам мақоми мо....

Аз ҷумла, ҳикоя кард, ки рӯзе Ибни Сино фориғ аз дарс аз пеши айвоне мегузарад, ки дар болохонаи он марди рӯҳонӣ нишаста, мардум аз ӯ дуою дармон ва маслиҳат мегирифтанд. Синои ҷавон низ дар назди одамон дар ҳавлӣ ба худ ҷо мегирад. Мӯйсафеди рӯҳонӣ ба Синои ҷавон ишора карда, мегӯяд. Эй мардум, Худо барои мо ин ҷавонро халқ кард, то ба дардамон дармон бахшад ва бо ҳамин ишора мекунад, ки руҳи маро бо Ҳазрати Ёсин пок кунед, хидмати ман ҳамин қадар буд, ки риштаи умрам дар ҳамин фурсат канда мешавад.

Гӯё бо ин васила Абуалӣ ибни Сино руҳу илҳоми тоза гирифта, даст ба илми тиб зад. Бале, баъзан ҳақиқат аз ривоят маншаъ мегирад.

Баъзан ин афродро баргузидаи Ҳақ мегӯянд. Аз ҷониби Парвардигор барои бандагони осӣ дар осмони пурҷилои илму маърифат ситораи тобноку беғуруб ҷилвагар мешавад.

Шаҷараи покаш бо насаби Шайхурраис Абуалӣ Ҳуейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино машҳур дар руйи ҷаҳон бо номи Абуалӣ Сино фарзанди асили миллати тоҷик соли 980 дар деҳаи Афшанаи Бухоро ба дунё омадааст ва дар 17 – солагӣ ба камоли дониш расид. Ҳамаи унвони илм: аллома, ҳамадон, табиб, ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, риёзидон, физикдон, равоншинос, файласуф ва муаллими кулли пизишкиёни олам, минҷумла табибони форсу тоҷик ҳисобида мешавад.

Ин олими серкору сертараддуд бештар аз 400 асар навиштааст, ки муҳимтарини онҳо “Китобушшифо”, “Ал-қонун фӣ-тиб”, “Ишорот ва танбеҳот”, “Китобуннаҷот”,“Донишнома”, “Китоб улинсоф», “Ҳикматулмашриқия” ва дигар китобу рисола ва китобҳои тамсилӣ мебошанд. Мақому манзалати Ибни Сино дар таърихи забон ва адабиёти тоҷик низ арзандаю лоиқи таҳсину офаринхо мебошад.

Дар 1000-мин солгарди аломма Ибни Сино маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи “Аҷи Зуҳал” чоп шуд, ки ашъори форсӣ ва арабии ӯро бо иловаи ашъори арабияш ва тарҷумаи русии онҳо дар бар мегирад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб боз як иқдоми бузурги Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири қадр ва арҷгузорӣ ба саҳми арзанда ва оламшумули фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино мебошад.

Ин иқдоми олимонаву орифонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан мо табибон-ворисони Синои бузургро водор месозад, ки баҳри ҳифзи саломатии халқи азизи кишварамон даҳ чанд маротиб хизмат намоем.

Бояд қайд кард, ки Ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника ба исми поки Абуалӣ Сино 1 марти соли 1967 бо қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта буд.

Ҷоизаи мазкур барои комёбиҳои намоёни илмӣ, барои асарҳое, ки ба ихтроъу истифодаи фоидабахштарин материалҳо,(маводҳо) мошинҳо ва механизмҳо бахшида шудаанд, технологияи наву самарабахш, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами истеҳсолӣ, техникӣ, ки дар хоҷагии халҳ аҳаммият дорад, барои иншооти техникии оригиналлӣ (аслӣ), муваффақиятҳои барҷаста дар истеҳсолот дода мешавад.

Албатта, нафароне, ки сазовори ин ҷоиза мешаванд, бо диплом, нишони фахрӣ ва маблағи пулӣ қадр карда мешавад.

Дар бораи Аломма Ибни Сино метавон ҷилд-ҷилд китоб навишт, мо дар ин ҷо суханамонро хулоса мекунем. Чун муқаддимаи ин мавод аз аъмоли писанди падарам оғоз ёфт, дар хотимаи он низ рубоии зайл, ки падарам зимни зикри субҳу шом замзама мекард, мисол меорам. Баътар бар ман маълум шуд, ин рубоӣ низ аз Ҳаким Ибни Сино будааст:

Чунончи:

                   Як-як ҳунарам бину гунаҳ дах-даҳ бахш,

                   Ҷурми мани хаста ҳасбатуллилаҳ бахш.

                   Аз боди фано оташи кин бармафурӯз,

                   Манро ба сари хоки расулуллаҳ бахш.

 

Борониев Н.- омузгори калони кафедраи фармакогнозия ва ТИФ

 


26.05.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php