САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ҶАҲОНИ АМНУ ОСО БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ҶАҲОНИ АМНУ ОСО БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Имрӯз дар Донишгоҳ бахшида ба қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036» ва ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши маърифатӣ-сиёсӣ дар мавзуи «Саҳми Тоҷикистон дар бунёди ҷаҳони амну осо барои наслҳои оянда» баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Дар қисми ифтитоҳии ҳамоиш ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид боз як нишонаи эътирофи нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус дар самти таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар шинохта шудааст. Ректори Донишгоҳ инчунин иброз дошт, ки ҳифзи сулҳу субот ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.

Сипас, сардори шуъбаи назорати ҳуқуқӣ Саидзода Ҷумахон Зикриё оид ба аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, зикр кард, ки қабули ин санади муҳими байналмилалӣ мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори таҳкими амнияту суботи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким мебахшад. Ӯ таъкид намуд, ки ташаббуси мазкур барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идома раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсӣ Амонзода Сабоҳат Бобишо доир ба нақши сулҳу ваҳдат дар рушди давлатдорӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа ибрози андеша намуд. Ӯ таъкид кард, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ дар ҷаҳон эътироф гардида, имрӯз низ Тоҷикистон тавассути пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ ба таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад. Ҳамчунин мавсуф аз нақши занон дар таҳкими фарҳанги сулҳ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ёдовар шуда, ҷавононро ба пос доштани неъмати бебаҳои сулҳу ваҳдат даъват намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036»-ро дастоварди муҳими дипломатияи тоҷик арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ин иқдоми созанда ба таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ва бунёди ҷаҳони амну осо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


6
5
4
3
2
1
26.06.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php