САҲМИ КАФЕДРАИ АМАЛИЯИ ҶАРРОҲӢ ВА АНАТОМИЯИ ТОПОГРАФӢ БА НОМИ ПРОФЕССОР КАРИМОВ М.К. ДАР ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик буда, барои рушди устувори давлат, таҳкими арзишҳои миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос шароити муосир муҳайё карда шудааст.
Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» як қатор чорабиниҳои таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, ва маърифатӣ амалӣ гардида истодаанд. Ҳадафи ин иқдомҳо таҳкими дастовардҳои илмӣ, такмили сифати таълим ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи соҳаи тандурустии кишвар мебошад.
Кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ ба номи профессор Каримов М.К. низ дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни муҳими миллӣ фаъолияти пурсамарро роҳандозӣ намуда, барои ғанӣ гардонидани заминаи таълимӣ-методӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии иқдом намудааст.
Аз ҷумла, аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра як қатор китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва маводҳои методӣ таҳия ва ба нашр расонида шуданд. Қисми зиёди ин адабиёт бо забони давлатӣ омода гардида, ба таъмини раванди таълим бо адабиёти соҳавии муосир мусоидат менамояд.
Дар соли ҷорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони кафедра китобҳои дарсӣ ва дастурҳои зерин ба табъ расонида шуданд:
1. Атласи мусавварашудаи амалиётҳои гинекологӣ ва ҷарроҳӣ;
2. Иллюстрированный атлас гинекологических и хирургических операций;
3. Топографическая анатомия женского таза;
4. Анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳии синну соли кӯдакона;
5. Топографическая анатомия и оперативная хирургия детского возраста;
6. Топографическая анатомия и оперативная хирургия;
7. Анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ;
8. Topographic anatomy and operative surgery.
Кафедра минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати омода намудани мутахассисони рақобатпазир, рушди илм ва татбиқи дастовардҳои навини тиббӣ идома хоҳад дод.
Кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ ба номи профессор Каримов М.К.