САҲМИ ДОНИШГОҲ ДАР ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ДОНОРИИ ХУН

САҲМИ ДОНИШГОҲ ДАР ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ДОНОРИИ ХУН

Донории хун яке аз амалҳои хайрхоҳона ва судманд ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон шумораи зиёди одамон дар чорабиниҳои гуногуни хунсупорӣ фаъолона иштирок мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳар сол бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар корхонаҳо, идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо аксияҳои хунсупории беподош баргузор мегарданд.

Чунин як чорабинӣ рӯзҳои 20–21 апрели соли ҷорӣ дар МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳо, кормандони шуъбаҳо ва марказҳо, китобхона, раёсати рушди кадрӣ, бахши хоҷагидорӣ, ординаторони клиникӣ ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, дар маҷмӯъ 263 нафар ихтиёран хун супорида, саҳми арзандаи худро дар ин кори хайр гузоштанд.

 

Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ


21.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php