САҲМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ГУЗАРИ ИЛМИ КИМИЁ АЗ ХУРОФОТИ АЛХИМИКӢ БА ТИББИ ТАҶРИБАВӢ

САҲМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ГУЗАРИ ИЛМИ КИМИЁ АЗ ХУРОФОТИ АЛХИМИКӢ БА ТИББИ ТАҶРИБАВӢ

Садри олам, қиблаи илму заковат ёфтӣ,
Набзи оламро гирифтиву саломат ёфтӣ.
Тарк кардӣ кӯи ҷоду, сохтӣ тибро замин,
Аз китоби «аш-Шифо» нури ҳидоят ёфтӣ.

Абуалӣ ибни Сино фарзанди бузурги халқи тоҷик ва рамзи ҳавзаи илмию фарҳангии тамаддуни тоҷикон аст. Ибни Сино дар хонаводаи тоҷиктабор дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро — пойтахти давлати Сомониён (нахустин давлати мутамаркизи тоҷикон) таваллуд шудааст.

Абуалӣ ибни Сино, ки дар Шарқ бо номи Шайхурраис ва дар Ғарб чун Авитсенна машҳур аст, яке аз бузургтарин нобиғаҳои таърихи башарият ба шумор меравад. Ӯ соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушода, аз хурдӣ бо истеъдоди фавқулодаи худ ҳамаро ба ҳайрат овард. Ҳаким ва донишманди мутафаккир дар давоми 57 соли ҳаёти пурбаракати худ зиёда аз 450 асар навиштааст, ки то рӯзҳои мо тақрибан 240-тои онҳо маҳфуз мондаанд.

Ибни Сино як шахсияти бениҳоят гуногунҷабҳа ва фарзанди барӯманди халқи тоҷик буд, ки дар рушди беш аз бист соҳаи илми давлати Сомониён саҳми босазо гузошт. Фаъолияти илмии ӯ на танҳо тиб ва фалсафа, балки ситорашиносӣ, математика, физика, мантиқ, мусиқӣ ва адабиётро низ фаро мегирифт. Шоҳ асари тиббии ӯ - «Қонуни тиб» зиёда аз панҷ аср ҳамчун китоби асосии дарсӣ дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ хизмат кардааст. Ӯ на танҳо як назарияпардоз, балки табиби амалие буд, ки ҳаёти худро вақфи дарёфти усулҳои нави табобат ва наҷоти инсонҳо намуд. Дар соҳаи фалсафа ва табиатшиносӣ бошад, энсиклопедияи бузурги ӯ бо номи «аш-Шифо» як таҳаввулоти бузурги илмиро дар асрҳои миёна ба вуҷуд овард. Ин донишманди тавоно бо ақли расо ва таҳлилҳои мантиқии худ тавонист кулли донишҳои замони худро ҷамъбаст карда, ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Маҳз ҳамин тафаккури гуногунҷабҳа ва диди амиқи табиатшиносӣ ба ӯ имкон дод, ки ба илми кимиё низ аз равзанаи тиб ва шифокорӣ назар кунад.

Дар замони зиндагии Абуалӣ ибни Сино (асрҳои X–XI) илми химия дар зери таъсири шадиди ҷараёни сохта ва хурофотии «алхимия» (ал-кимиё) қарор дошт. Ҳадафи асосии алхимикони он давр пайдо кардани «санги фалсафӣ» (аксир) буд. Онҳо боварӣ доштанд, ки бо ёрии ин моддаи сеҳрнок метавонанд металлҳои арзон ва оддӣ (сурб, мис, оҳан)-ро ба тилло ва нуқраи холис табдил диҳанд ва инчунин «шароби ҳаёт»-ро барои ҷовидонӣ кашф кунанд.

Аксари донишмандони он замон, ҳатто кимиёшиносони бузурге чун Ҷобир ибни Ҳайён ва то ҷое Закариёи Рози, имконияти табдили металлҳоро (трансмутатсия) комилан рад намекарданд. Дар чунин муҳит, Ибни Сино аввалин касе буд, ки бо дидгоҳи қатъии илмӣ ва мантиқӣ ба ин масъала наздик шуд ва таҳкурсии алхимияро аз бех вайрон кард.

Шайхурраис назарияи радди алхимияро дар шоҳ асари илмию фалсафии худ -«аш-Шифо», махсусан дар фасли «Маъодин ва осори улвия» (Китоби минералҳо) ба таври муфассал баён кардааст. Ӯ навиштааст, ки кӯшишҳои алхимикҳо барои сохтани тилло беҳуда ва бардурӯғ мебошанд. Кимиёшиносии ӯ бар се далели асосӣ такя мекард:

- Ибни Сино исбот намуд, ки ҳар як металл дорои хосият ва моҳияти ботинии устувор (сурати навъӣ) аст, ки онро табиат ба вуҷуд овардааст. Инсон наметавонад моҳияти як элементро тағйир дода, онро ба элементи дигар табдил диҳад.

-Фарқи байни тағйироти зоҳирӣ ва ботинӣ: Шайхурраис қайд мекунад, ки он чизе, ки алхимикҳо иҷро мекунанд, танҳо тақлиди зоҳирӣ аст. Онҳо метавонанд мисро бо ёрии моддаҳои кимиёвӣ (масалан, арсен ё гӯгирд) сафед кунанд, ки ба нуқра шабеҳ шавад, ё сурбро зард кунанд, ки ба тилло монанд шавад. Аммо ин танҳо ранг кардан ва фиреби назар аст; хосиятҳои асосии металл (вазн, устуворӣ ба оташ) тағйир намеёбанд.

-Маҳдудияти дониши инсон дар бораи табиат: Ибни Сино мегӯяд, ки металлҳо дар зери замин, зери таъсири ҳарорат ва фишорҳои махсус ба вуҷуд меоянд. Азбаски инсон сабабҳои дақиқ ва таносуби воқеии ин равандҳои табииро немудонад, ӯ наметавонад онро дар лабораторияи худ такрор кунад. Сухани машҳури ӯ дар ин бора чунин аст: «Агар сабаби пайдоиши чизе маълум набошад, сохтани худи он чиз номумкин аст».

Ибни Сино танҳо бо рад кардан маҳдуд нашуд. Ба ҷои ҷодугарии алхимикӣ, ӯ заминаи кимиёи таҷрибавӣ ва маъданшиносиро гузошт. Ӯ дар «аш-Шифо» тамоми моддаҳои маълуми замони худро ба 4 гурӯҳи илмӣ тақсим кард, ки ин таснифот ба олимони баъдӣ имкон дод, ки ба ҷои кофтани тиллои хаёлӣ, ба омӯзиши хосиятҳои воқеии моддаҳо ва реаксияҳои кимиёвӣ машғул шаванд.

Хизмати бузургтарини Шайхурраис дар он аст, ки ӯ на танҳо кимиёро аз хурофот ҷудо кард, балки бори аввал пайванди ногусастании илми кимиё ва тибро (Ятрохимия) ба таври таҷрибавӣ исбот намуд. Ӯ собит кард, ки табиб бе донистани хосиятҳои кимиёвии моддаҳо ва таъсири онҳо ба бадан наметавонад доруи дуруст созад. Саҳми ӯ дар ин бахш дар чор нуқтаи асосӣ зоҳир мешавад: танзими меъёри кимиёвӣ, истифодаи равандҳои кимиёвӣ дар дорусозӣ: Дар китоби «Қонуни тиб» ӯ раванди тақтир (дистиллятсия)-ро барои аз гиёҳҳо гирифтани равғанҳои эфирӣ ва оби муқаттар (масалан, оби гули садбарг) тавсиф кард ва онҳоро чун доруи асаб истифода бурд.

Таҳлили кимиёвии моеъҳои бадан: Ибни Сино исбот кард, ки бемориҳо дар натиҷаи вайрон шудани таносуби кимиёвии моеъҳои дарунии бадан (хун, балғам, сафро) ба вуҷуд меоянд. Ӯ бо таҳлили рангу бӯй ва таҳшини пешоб заминаи биохимияи клиникии муосир-ро гузошт.

Гигиена ва тозакунии кимиёвии об: Шайхурраис усули кимиёвии тоза кардани обро тавассути ҷӯшонидан ва филтр кардан бо хокистар пешниҳод намуд, то хосиятҳои зарарноки он барои саломатии беморон нест шаванд.

Дар асри XII китоби «аш-Шифо» ба забони лотинӣ бо номи «De Congelatione et Conglutinatione Lapidum» тарҷума шуд.

Далелҳои Ибни Сино олимони бузурги Аврупо, ба мисли Алберти Бузург (Albertus Magnus) ва Роҷер Бэкон (Roger Bacon)-ро маҷбур кард, ки ба алхимия бо шубҳа назар кунанд. Маҳз ҳамин дидгоҳи Ибни Сино замина гузошт, ки асарҳои Параселс дар асри XVI пайдо шаванд. Параселс, ки ӯро дар Аврупо асосгузори кимиёи тиббӣ меноманд, дар асл ғояҳои Ибни Синоро дар бораи истифодаи минералҳо ва металлҳо дар тиб давом додааст. Шоҳ асари тиббии ӯ — «Қонуни тиб» бошад, асрҳо пайиҳам дар донишгоҳҳои Монпеле ва Лувен ҳамчун сарчашмаи асосии дорусозии кимиёӣ хонда мешуд.

Абуалӣ ибни Сино бо ақидаҳои худ илми кимиёро аз банди хурофот ва ҷодугарӣ наҷот дод. Ӯ собит кард, ки вазифаи кимиё на сохтани тиллои хаёлӣ, балки шинохти табиати моддаҳо ва истифодаи онҳо дар хидмати тиб барои беҳтар кардани саломатии инсон мебошад. Бинобар ин, Ибни Синоро ҳаққонона метавон яке аз пешвоёни кимиёи илмии муосир ва падари фармакологияи тиббӣ номид.

Зоидова М. Т.-

н.и.х., муаллимаи калони кафедраи биохимия



28.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php