САҲИФАИ “ТАЪРИХ ВА ТАҲАВВУЛИ ИЛМИ ТИБ”: АСКЛЕПИЙ -ХУДОИ ТИБ ВА РАМЗИ ҚАДИМИИ САНЪАТИ ТАБОБАТ
Бархе маълумотҳо шаҳодат медиҳанд, ки Асклепий (Эскулап дар мифологияи Рим), ки дар Юнони Қадим ҳамчун «табиби бузург ва покдоман» шинохта мешуд, эҳтимолан шахсияти воқеии таърихӣ буда, баъдан ба мартабаи худоӣ расонида шудааст.
Мувофиқи ривоятҳои мифологияи Юнони Қадим, Асклепий худои табобат, писари Аполлон ва нимфаи Коронида, духтари шоҳи лапифҳо Флегий (тибқи ривояти дигар, Арсиноя, духтари Левкипп) ба шумор мерафт. Гуфта мешавад, ки Коронида барои хиёнат аз ҷониби Аполлон кушта шудааст. Вақте ки ҷасади ӯро дар Эпидавр ба болои гулхани ҷаноза гузоштанд, Аполлон тифли ҳанӯз дар батни модар бударо аз шиками ӯ берун овард. Ҳамин тавр, тибқи ривоят, Асклепий бо роҳи ҷарроҳии қайсарӣ ба дунё омад. Калимаи «қайсарӣ» дар маънои аслии худ ба мафҳуми «шоҳона» иртибот дошта, тахмин меравад, ки Юлий Сезар низ соли 102 то милод бо ҳамин усул ба дунё омадааст ва номи ин амали ҷарроҳӣ низ бо ӯ алоқаманд мебошад.
Тасвири Коронидаро, ки ба шал печонида шудааст, дар тангаи мисини шаҳри Пергам, воқеъ дар Мисия, дидан мумкин аст. Ин танга соли 138 милодӣ бо фармони Сабина, ҳамсари император Адриан, сикка зада шудааст. Ба хотираи Коронида деҳае низ дар наздикии Эпидавр номгузорӣ шудааст.
Дар бораи ба дунё омадани Асклепий чандин ривоят мавҷуд аст. Тибқи яке аз онҳо, Коронида тифли навзодро пинҳонӣ аз падараш дар нишебиҳои кӯҳи Тицион ба дунё оварда, ҳамон ҷо гузоштааст. Бузе, ки дар он мавзеъ мечарид, кӯдаки гуруснаро бо шири худ ғизо медод ва саги посбони рамаро аз ӯ муҳофизат мекард. Ниҳоят, чӯпоне бо номи Арестан Асклепийро пайдо намуд. Ин саҳна дар тангаи биринҷии шаҳри Эпидавр, ки ба давраи ҳукмронии император Антонин Пий (солҳои 138–161 милодӣ) тааллуқ дорад, инъикос ёфтааст. Дар он лаҳзаи пайдо шудани Асклепий аз ҷониби чӯпон, ки буз ӯро шир медиҳад, тасвир шудааст. Ҳамин саҳна дар яке аз ёдгориҳои Эпидавр низ таҷассум ёфта, то давраи асрҳои миёна боқӣ мондааст. Дар тасвирҳои қадимӣ сари Асклепии навзодро одатан ҳолае иҳота мекард, ки рамзи мақоми илоҳии ӯ буд.
Мувофиқи ривояти дигар, Аполлон Асклепийро барои тарбия ба кентаври хирадманду донишманд Хирон супурдааст. Кентавр мавҷуди афсонавиест, ки бадани болоии инсон ва қисми поёнии аспро дорад. Хирон ӯро дар нишебиҳои кӯҳи Пелион тарбия намуда, ба илми табобат ошно кардааст. Бо роҳнамоии устод Асклепий ба чунин табиби моҳире табдил ёфт, ки ҳатто аз омузгори худ пеш гузашт. Ӯ хусусиятҳои шифобахши решаҳои дарахтон, гиёҳҳои шифобахш ва набототи саҳрову марғзорҳоро омӯхт. Асклепий на танҳо бемориҳоро табобат мекард, балки ҳатто қодир буд мурдагонро ба ҳаёт баргардонад. Ин амал боиси хашми ҳокими олами мурдагон Ҳадес ва худои раъду барқ Зевс, ки бобои Асклепий ба шумор мерафт, гардид. Зеро ӯ бо ин амали худ низоми муқарраркардаи худоёнро дар рӯйи замин халалдор мекард. Зевси хашмгин бо барқ ба Асклепий зарба зада, ӯро кушт.
Тибқи ривоятҳои дигар, Асклепий бо истифода аз хуни Медузаи Горгона, ки аз ҷониби Персей кушта шуда буд, тавонист ба одамон ҷавониро баргардонад ва ҳатто мурдагонро зинда намояд. Дар яке аз афсонаҳои Юнони Қадим нақл мешавад, ки рӯзе Асклепийро ба қасри Минос дар ҷазираи Крит даъват карданд, то писари фавтидаи ӯ Главкро зинда намояд. Ҳангоми дар даст доштани асои худ Асклепий мореро мушоҳида карда, онро кушт. Аммо дере нагузашта мори дигаре пайдо шуд, ки дар даҳонаш гиёҳи шифобахш дошт. Он бо ёрии ин гиёҳ мори кушташударо дубора зинда кард. Асклепий низ аз ҳамон гиёҳ истифода бурда, тавонист Главки фавтидаро ба ҳаёт баргардонад. Ин таҷриба барои ӯ аҳаммияти бузург дошт ва минбаъд бо истифода аз донишҳои андӯхтааш одамони зиёдеро аз бемориҳо наҷот дод. Тибқи ривоятҳо, ӯ инчунин Ипполит, Капаней ва дигаронро зинда кардааст.
Новобаста аз он ки мор маҳз ба кадом сабаб рамзи тиб ва табобат пазируфта шудааст, ин рамз дар тӯли ҳазорсолаҳо боқӣ мондааст. Дар замонҳои қадим мор дар тамаддунҳои гуногун маънои рамзии хос дошт. Дар Мисри Қадим он рамзи худои Тот ҳомии табибон ба ҳисоб мерафт. Морҳои муқаддасро дар ибодатгоҳҳои Миср нигоҳубин мекарданд. Одатан олиҳаи ҳаёт ва саломатӣ Исисро низ бо морҳо тасвир менамуданд, ки онҳо рамзи ҳаёти ҷовидонӣ буданд.
Ин тасаввурот бо эътиқоди финикиён низ мувофиқат мекард, ки тибқи он мор дорои қудрати ҷавон гардонидани пиронсолон мебошад. Дар Бобули Қадим худои табибон Нингишзида рамзи худро дар шакли ду море дошт, ки дар атрофи асо печида буданд. Бобулиён морро бо ҷавонӣ, шифоёбӣ, саломатӣ, дарозумрӣ ва хирадмандӣ алоқаманд медонистанд.
Тақрибан ҳазор сол пеш аз милод юнониён низ ба парастиши мор рӯ оварданд. Дар тасаввури онҳо мор рамзи хирад, дониш ва маърифат буд. Дар яке аз ривоятҳо гуфта мешавад, ки Зевс - худои олии юнониён ба одамон воситаи аҷиберо барои нигоҳ доштани ҷавонӣ ҳадя кардааст. Аммо одамон ба ҷойи он ки ин неъмати бебаҳоро худашон бардоранд, онро ба хар супурданд ва хар бошад, онро ба мор дод. Аз ҳамон вақт одамон бори гарони пириро ба дӯш гирифтаанд, дар ҳоле ки морҳо аз ҷавонии абадӣ баҳра мебаранд.
Маълум аст, ки морҳо умри нисбатан дароз дошта, ҳар сол пӯсти худро иваз мекунанд. Маҳз ҳамин хусусияти биологии онҳо дар зеҳни одамони қадим тасаввуроти рамзии навро ба вуҷуд оварда буд. Онҳо гумон мекарданд, ки мор бо партофтани пӯсти кӯҳна гӯё пириро аз худ дур карда, ҷавонии худро нигоҳ медорад. Дар зарбулмасалу мақолҳои қадимии халқҳои гуногун низ эътирофи мор ҳамчун рамзи дониш ва хиради олӣ инъикос ёфтааст. Масалан, ибораи «Ҳамчун мор бохирад бошед» аз чунин тасаввурот сарчашма мегирад. Дар фарҳанги баъзе халқҳо ривоятҳо дар бораи морхӯрон низ боқӣ мондаанд, ки гӯё пас аз хӯрдани мор қобилияти пешгӯӣ пайдо карда, хусусиятҳои шифобахши гиёҳҳои гуногунро мешинохтаанд.
Ба андешаи бархе муҳаққиқон, парастиши мор ҳамчун таҷассуми донишҳои ҳамаҷониба, санъати табобат ва маърифати тиббӣ дар Аврупо аввалин маротиба дар Фессалия шакли мукаммал гирифтааст. Дар ҷомеаҳои қадим дар байни соҳибони дониш табибон аз гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ ба шумор мерафтанд, зеро одамон ҳамарӯза ба хизматрасонии онҳо ҳангоми таваллуди кӯдак, ҷароҳатбардорӣ, заҳролудшавӣ ва бемориҳои гуногун ниёз доштанд. Аз ин рӯ, мор, ки дар ибтидо рамзи умумии дониш ва хирад буд, тадриҷан ба рамзи махсуси табобат ва тиб табдил ёфт.
Одамон табиби моҳир Асклепийро ба дараҷаи худоӣ расонида, ба шарафи ӯ ибодатгоҳҳои зиёде бунёд карданд. Дар байни онҳо ибодатгоҳи машҳури Асклепий дар Эпидавр мақоми хос дошт. Маҳз дар ин шаҳр парастиши Асклепий густариши зиёд пайдо карда буд ва аз гӯшаю канори гуногуни Юнон беморон барои табобат ба он ҷо меомаданд. Ба ифтихори Асклепий дар Афина ҷашне бо номи «Эпидаврия» баргузор мегардид, ки рӯзи чоруми маросимҳои муқаддаси Элевсинӣ таҷлил мешуд.
Дар Рими Қадим низ ба шарафи Эскулап ибодатгоҳе дар ҷазираи Тибр бунёд карда шуд, ки 1 январи соли 291 пеш аз милод мавриди истифода қарор гирифт. Маросимҳои мазҳабӣ дар он ҷо тибқи анъанаҳои юнонӣ баргузор гардида, вазифаи рӯҳониёнро асосан юнониён ба уҳда доштанд. Ин падида дар ҳаёти динии римиёни қадим навоварии назаррас ба шумор рафта, ибодатгоҳи мазкур ба зудӣ шуҳрати зиёд пайдо кард.
Дар ҷазираи Кос низ ибодатгоҳи маъруфи Асклепий мавҷуд буд. Табибони машҳури ин ҷазира худро аз авлоди худои табобат медонистанд ва «асклепиадҳо» номида мешуданд. Тибқи ривоятҳо, Гиппократ низ ба ҳамин гурӯҳ мансуб буд. Аз номи Асклепий истилоҳи «асклепейон» ба вуҷуд омадааст, ки барои ифодаи муассисаҳои махсуси табобатӣ дар назди ибодатгоҳҳои ӯ истифода мешуд. Дар чунин марказҳо барои қабули беморон ва нигоҳубини онҳо шароити махсус фароҳам оварда шуда буд. Ин муассисаҳо на танҳо барои муолиҷаи беморон, балки барои будубоши муваққатӣ ва табобати онҳо низ пешбинӣ гардида буданд. Тасвири чунин иншоотро дар баъзе тангаҳои ҳамон давра низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Мор ё ҳатто ду мор аз атрибутҳои асосии Асклепий ба шумор мерафтанд. Дар ибодатгоҳҳои ӯ морҳо нигоҳубин карда шуда, ба онҳо ҳадияҳои назрӣ меоварданд. Асои Асклепий, ки мор дар атрофи он печидааст, маъмулан дар шакли чӯби одии коркарднашуда, бо шохаҳои хурди боқимонда тасвир мешуд. Дар марҳилаҳои аввали ташаккули парастиши Асклепий ӯро ҳатто дар шакли мор низ тасвир мекарданд. Масалан, дар яке аз тангаҳои давраи ҳукмронии император Антонин Пий тасвири чунин мор ҷой дода шудааст. Ин танга ба муносибати интиқоли мори муқаддас аз Эпидавр ба Рим дар соли 191 пеш аз милод сикка зада шудааст.
Дар тангаҳои шаҳрҳои гуногуни Юнони Қадим, аз ҷумла Кос, Фригия, Афина ва Эпидавр, инчунин дар тангаҳои сершумори Рими Қадим симои Асклепий ва саҳнаҳои марбут ба фаъолияти ӯ инъикос ёфтаанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, тасвири ӯ дар тангаҳои 162 шаҳри Юнони Қадим ҷой дода шудааст. Асклепийро бештар дар симои марди синну соли миёна, бо намуди зоҳирии шабеҳ ба Зевс, тасвир мекарданд. Дар тангаҳои император Постум (солҳои 258–268), ки дар музофотҳои аз Рим ҷудошудаи Испания, Галлия ва Британия ҳукмронӣ мекард, низ симои табиби машҳур бо асои морпеч дарҷ гардидааст. Дар баъзе тасвирҳо олиҳаи Гигиея низ дар паҳлуи ӯ қарор дошта, ба мор ғизо медиҳад.
Тибқи ривоятҳо, Асклепий ҳафт фарзанд дошт: Телесфор, Махаон, Подалирий, Гигиея, Панацея, Иазо ва Огле. Дар асари машҳури Ҳомер «Илиада» Махаон ва Подалирий ҳамчун табибони ҷанговар муаррифӣ шудаанд, ки дар байни ҳамсафони худ эътибори баланд доштанд. Ҳомер дар бораи мақоми табиб чунин менависад:
«Як табиби моҳир арзиши бисёр одамонро дорад... Ӯ тирро аз захм берун оварда, онро бо доруи шифобахш муолиҷа мекунад».
Дар анъанаҳои минбаъдаи антиқӣ Махаонро асосан ҷарроҳ ва Подалирийро табиби бемориҳои дарунӣ (терапевт) мешумориданд. Дар яке аз ривоятҳо гуфта мешавад, ки Подалирий ҳангоми бозгашт аз ҷанги Троя ба соҳили Осиёи Хурд расидааст. Дар он ҷо ӯ огоҳ шудааст, ки духтари шоҳи маҳаллӣ аз болои бом афтида, чанд рӯз боз дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Табиб бо истифода аз усули хунгирӣ (хунгирии табобатӣ) тавонист ӯро ба ҳуш орад ва ба саломатӣ баргардонад. Шоҳи миннатдор духтарашро ба Подалирий ба занӣ додааст. Ин ривоят нишон медиҳад, ки пайдоиши усули хунгирӣ ҳамчун воситаи муолиҷаи бемориҳо ба давраҳои хеле қадим тааллуқ дорад. Мутаассифона, ин усул баъдан дар тӯли асрҳои зиёд, то миёнаҳои асри XIX, яке аз роҳҳои асосии табобат ба шумор мерафт.
Дар байни фарзандони Асклепий Гигиея ҳамчун олиҳаи саломатӣ ва беҳдошт шинохта мешуд. Истилоҳи «гигиена» низ аз номи ӯ сарчашма гирифтааст. Панацея ҳомии табобати доруӣ, Иазо олиҳаи шифоёбӣ ва Огле рамзи шукуҳу сарватмандӣ ба ҳисоб мерафтанд. Телесфор бошад, ҳамчун неруи рамзии шифоёбӣ ва барқарор гардидани саломатӣ шинохта мешуд. Номи ӯ дар тарҷума маънои «ба анҷоми нек расонанда»-ро дорад.
Дар тасаввуроти динию мифологии юнониёни қадим Асклепий яке аз таҷассумҳои Аполлон маҳсуб меёфт. Далели инро мавҷудияти ибодатгоҳҳо ва атрибутҳои муштараки марбут ба ҳар дуи онҳо низ тасдиқ мекунад.
(Аз китоби “100 великих врачей”)