САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: ТАБАРИЁН БАҲРОМ САФАР-ОЛИМИ СОҲИБМАКТАБ ВА ПЕШОҲАНГИ ИЛМИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ

САҲИФАИ ОЛИМОНИ  ТИББИ ТОҶИК: ТАБАРИЁН БАҲРОМ САФАР-ОЛИМИ СОҲИБМАКТАБ ВА ПЕШОҲАНГИ ИЛМИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ

Дар миёни чеҳраҳои барҷастаи илми тибби тоҷик, ки бо заҳмати пайгирона ва таҳқиқоти амиқи илмӣ дар рушди соҳа саҳми арзанда гузоштаанд, номи Табариён Баҳром Сафар бо эҳтиром ва ифтихор ёд мешавад. Ӯ соли 1965 таваллуд шуда, бо роҳи пурмашаққати илм ва амалия ба яке аз олимони шинохтаи кишвар табдил ёфтааст.

Соли 1988 факултети педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун табиби кӯдакона дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат оғоз кард. Ин марҳилаи фаъолияти ӯ на танҳо таҷрибаи амалӣ, балки дарки амиқи масъулияти касбии табибро дар вуҷудаш тақвият бахшид.

Қадамҳои нахустини ӯ дар роҳи илм бо фаъолияти ассистентӣ дар кафедраи физиологияи эътидолии донишгоҳ (1989-1990) оғоз ёфтанд. Баъдан, дар солҳои 1990-1993 таҳсилашро дар аспирантураи Институти тадқиқотии илмии тиббии таҷрибавии Академияи илмҳои Русия дар шаҳри Санкт-Петербург идома дода, заминаи устувори илмии худро ташаккул дод. Фаъолияти минбаъдаи ӯ ҳамчун ходими калони илмӣ дар ҳамин муассиса (1999-2003) аз рушди пайвастаи ӯ дар арсаи илм шаҳодат медиҳад.

Солиёни баъдӣ фаъолияти ӯ бо номи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ гирифт. Аз соли 2006 то 2016 ба ҳайси мудири кафедраи физиологияи патологӣ фаъолият намуда, дар ин давра мактаби илмии худро ташаккул дод. Ҳамзамон дар вазифаҳои масъули идорӣ, аз ҷумла декани факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ, сардори шуъбаи таълим ва баъдан декани факултети тиббӣ фаъолият кард. Маҳз масъулиятшиносӣ, сахтгирӣ ва талаботи баланди касбӣ боис гардид, ки бори дигар ба вазифаи декани факултет таъин гардад.

Аз моҳи сентябри соли 2025 ӯ ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ фаъолият намуда, дар рушди илми бунёдии тиб нақши калидӣ мебозад. Бо ташаббуси ӯ робитаҳои илмии Пажӯҳишгоҳ бо як қатор муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Русия густариш ёфтаанд, ки барои табодули таҷриба ва татбиқи дастовардҳои нав мусоидат менамоянд.

Самти асосии таҳқиқоти илмии профессор Табариён Б. С. омузиши таъсири омилҳои муҳити зист ба микро ва макродинамикаи организми инсон ҳам дар ҳолати солим ва ҳам бемор мебошад. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Афзоиши ҳаркати хун дар узвҳо ҳанготми таъсири гипоксия дар шароити пасти андомген” ва рисолаи докториро дар мавзуи “Таъсири ҷудогона ва якҷояи гипоксия ва ҳарорати пасти бадан бо ангезишпазирии рагҳо” бомуваффақият ҳимоя намудааст. Ин таҳқиқотҳо барои фаҳмиши равандҳои мутобиқшавии организм дар шароити шадиди муҳити зист аҳамияти муҳим доранд.

Хидматҳои арзандаи ӯ бо унвон ва ҷоизаҳои баланд қадрдонӣ гардидаанд. Ӯ Аълочии тандурустии Тоҷикистон буда, бо медали “Хизмати шоиста” (2009) ва медали “Барои хидмат баҳри ҳифзи тандурустӣ” (Федератсияи Русия, 2017) сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, соли 2018 ба унвони академики фахрии Академияи давлатии тиббии шаҳри Ижевск мушарраф шудааст.

Профессор Табариён Б. С. муаллифи як қатор китобҳо ва мақолаҳои илмӣ дар соҳаи физиологияи патологӣ буда, дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ саҳми назаррас дорад. Зери роҳбарии ӯ шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуда, имрӯз дар соҳаи тиб фаъолият доранд.

Дар баробари дастовардҳои илмӣ ва идорӣ, хислатҳои инсонии ӯ низ шоистаи таъкиданд. Ӯ ҳамчун шахси ҷиддӣ, серғайрат ва сахтгир дар кор, аммо дар айни замон ҳалим, хоксор ва заминӣ дар муносибат бо ҳамкорон ва шогирдон шинохта мешавад. Маҳз ҳамин омезиши талабот ва инсондӯстӣ ӯро ба устоди воқеӣ ва роҳнамои насли ҷавони олимон табдил додааст.

Табариён Баҳром Сафар имрӯз ҳамчун намояндаи барҷастаи илми тибби тоҷик, бо фаъолияти пурсамар ва андешаҳои навоварона, дар рушду таҳкими илми миллӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб саҳми босазо мегузорад.


29.04.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php