САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: САИДЗОДА БАҲРОМУДДИН ИКРОМ

САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: САИДЗОДА БАҲРОМУДДИН ИКРОМ

Саидзода Баҳромуддин Икром аз зумраи он олимону табибони барҷастаи тоҷик маҳсуб меёбад, ки фаъолияти илмию амалии худро бо эҳсоси баланди масъулият, садоқат ба касб ва хидмат ба ҷомеа пайвастааст. Ӯ соли 1972 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва (баъдар ноҳияи Шурообод ва ҳоло ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омада, аз айёми ҷавонӣ роҳи илму тибро пешаи худ интихоб намуд ва бо талошу заҳмати пайгирона ба зинаҳои баланди касбӣ расид.

Номбурда дар синни 15 солагӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда соли 1994 донишгоҳро бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолияти касбии худро ҳамчун ординатори клиникӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 1994-1996 таҷрибаи аввалини худро дар муҳити муолиҷавӣ ба даст овард. Аз ҳамин давра шурӯъ карда, фаъолияти ӯ бо соҳаи бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ пайванди устувор пайдо кард.

Саидзода Баҳромуддин Икром дар Диспансери ҷумҳуриявии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ ҳамчун табиб ва баъдан мудири шуъба фаъолият бурда, бо ташхису табобати бемориҳои мураккаб, ҷорӣ намудани усулҳои муосири муолиҷа ва тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон, фаъолияти илмии худро ҳамчун аспиранти кафедраи бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ идома дода, дар рушду таҳкими ин соҳа дар кишвар нақши муҳим бозид.

Фаъолияти омузгории ӯ низ аз соли 2001 оғоз гардида, то соли 2009 ҳамчун муаллим, то соли 2022 дотсент ва баъдан ба ҳайси профессрори кафедра идома ёфт. Дар ин давра, ӯ бо омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҳияи барномаҳои таълимии муосир ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар раванди таълим шуҳрат пайдо кард. Дар ин муддат 155 мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ, монографияҳо ва китобҳои дарсӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ба табъ расонидааст. Зери роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаҳои номзадии худро дифо намуданд.

Дар баробари фаъолияти илмӣ ва омузгорӣ, Саидзода Баҳромуддин Икром вазифаҳои масъули идоракуниро низ ба уҳда гирифтааст. Ӯ солҳои 2016-2018 сардори шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ буда, дар рушди потенсиали илмии муассиса саҳми арзанда гузошт. Минбаъд ҳамчун декани факултетҳои гуногун, аз ҷумла нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (ҳоло факултети тиббӣ-профилактикӣ), педиатрӣ ва фарматсевтӣ фаъолият намуда, дар такмили низоми таҳсилоти тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии донишҷӯён нақши муассир бозид.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини фаъолияти ӯ таъсис ва ба истифода додани Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ мебошад, ки дар он ҳамчун директор таъйин гардида, барои рушди тадқиқоти илмии замонавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ҳамгироии илм бо амалия заминаи устувор фароҳам овард. Айни замон, ӯ вазифаи декани факултети тиббиро ба уҳда дошта, фаъолияти худро бо рӯҳияи навоварӣ ва масъулияти баланд идома медиҳад.

Саидзода Баҳромуддин Икром доктори илмҳои тиб, профессор буда, бо дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти пурсамари худ сазовори эътирофи баланд гардидааст. Ӯ дорандаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни олимони ҷавон (2007) ва Медали Шафқат (2022) буда, бо нишони сарисинагии “Сино”-дараҷаи 1 қадрдонӣ гардидааст, инчунин унвонҳои фахрии Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2009) Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Аълочии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023) доранд.

Фаъолияти бисёрҷанбаи ӯ намунаи равшани пайванди илм, амалия ва маориф буда, саҳми ӯ дар рушди илми тиб, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб назаррас арзёбӣ мегардад. Меҳнати содиқона ва дастовардҳои назарраси Саидзода Баҳромуддин Икром ӯро ба яке аз чеҳраҳои намоёни илми тибби тоҷик табдил додааст.


22.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php