САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: ХАЛИФАЕВ ДАВЛАТ РАҲМАТОВИЧ – ОЛИМЕ, КИ МАКТАБИ ИЛМИИ ФАРМАТСЕВТИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАҲКИМ БАХШИД

САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: ХАЛИФАЕВ ДАВЛАТ РАҲМАТОВИЧ – ОЛИМЕ, КИ МАКТАБИ ИЛМИИ ФАРМАТСЕВТИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАҲКИМ БАХШИД

Таърихи рушди илми фарматсевтӣ дар Тоҷикистон бо номи олимону омӯзгороне пайванд дорад, ки бо фаъолияти илмию омӯзгорӣ, ташаббусҳои истеҳсолӣ ва навоварона барои ташаккули мактаби миллии дорусозӣ заминаи устувор гузоштаанд. Дар радифи чунин шахсиятҳои барҷаста доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Раҳматович Халифаев ҷойгоҳи хоса дорад. Ӯ аз ҷумлаи олимоне мебошад, ки фаъолияти чандинсолаи худро ба рушди илми фарматсия, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, таҳқиқи захираҳои табиии дорувории Тоҷикистон ва таҳияи технологияҳои нави истеҳсоли доруҳои ватанӣ бахшидааст. Осори илмӣ, таҷрибаи омӯзгорӣ ва корҳои таҳқиқотии ӯ имрӯз низ барои олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни соҳаи фарматсия сарчашмаи арзишманди дониш ба ҳисоб мераванд.

Фаъолияти касбии Давлат Раҳматович Халифаев аз замони хатми Академияи дорусозии шаҳри Пятигорск соли 1970 оғоз гардид. Аз ҳамон солҳои аввал ӯ худро ҳамчун мутахассиси соҳибдониш ва омӯзгори ҷавони умедбахш муаррифӣ намуда, солҳои 1970-1973 ба ҳайси омӯзгори фанни фармакология дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолият кард. Дар ин давра ӯ на танҳо ба таълими донишҷӯён машғул буд, балки ба масъалаҳои такмили омӯзиши фанҳои дорусозӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои миёнаи тиббӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд.

Минбаъд фаъолияти амалии ӯ дар муассисаҳои дорухонавӣ идома ёфт. Солҳои 1973-1974 мудири дорухонаи №3-и ноҳияи Данғара буда, баъдан солҳои 1974-1980 вазифаи ҷонишин ва сипас сардори шабакаи дорухонаҳои собиқ вилояти Кӯлобро ба зимма дошт. Ин давраи фаъолияти ӯ барои шиносоӣ бо мушкилоти воқеии таъминоти доруворӣ ва ташкили хизмати фарматсевтӣ аҳаммияти калон дошт. Маҳз таҷрибаи амалӣ баъдан ба ӯ имкон дод, ки дар корҳои илмӣ масъалаҳои истеҳсоли доруҳои самаранок, дастрас ва мутобиқ ба шароити Тоҷикистонро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳад.

Бо мақсади такмили дониши илмӣ ва касбӣ Давлат Раҳматович солҳои 1980-1983 дар аспирантураи Донишгоҳи якуми давлатии тиббии шаҳри Москва ба номи И. М. Сеченов таҳсил намуд. Дар ҳамин давра таҳқиқоти илмии худро дар самти технология ва биофарматсияи доруҳо оғоз намуда, рисолаи номзадии илмиро дар мавзӯи «Таъсири баъзе доруҳои сулфаниламидӣ ба хосиятҳои технологӣ ва биофарматсевтӣ дар шаклҳои доруҳои тайёр» бомуваффақият ҳимоя кард. Ин пажӯҳиш дар замони худ барои муайян намудани хусусиятҳои технологӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи доруҳои сулфаниламидӣ аҳаммияти назаррас дошт.

Аз соли 1984 фаъолияти ӯ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино пайванди ногусастанӣ пайдо кард. Аввал ҳамчун ассистенти кафедраи фарматсия фаъолият намуда, баъдан солҳои зиёд роҳбарии кафедраи технологияи фарматсевтиро ба уҳда гирифт. Аз соли 1984 то соли 2015 ӯ мудири кафедраи мазкур буда, дар рушди заминаҳои таълимӣ, таҳияи барномаҳои нави омӯзишӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа саҳми босазо гузошт. Зери роҳбарии ӯ кафедра ба яке аз марказҳои фаъоли таълимӣ ва илмии донишгоҳ табдил ёфт.

Солҳои 1995-1997 Давлат Раҳматович ҳамзамон вазифаи декани факултети фарматсевтиро иҷро намуд. Дар ин давра барои таҳкими пойгоҳи таълимӣ, такмили сифати омодасозии дорусозон ва рушди корҳои илмии донишҷӯён тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд. Ӯ пайваста бар он ақида буд, ки мутахассиси воқеии фарматсия бояд ҳам донишманди соҳаи илм ва ҳам амалкунандаи соҳибтаҷриба бошад. Аз ҳамин лиҳоз, дар фаъолияти таълимии ӯ пайванди назария ва амалия ҷойгоҳи асосӣ дошт.

Марҳилаи дигари муҳимми фаъолияти илмии профессор Халифаев Д. Р. ба роҳбарии Маркази илмию таҷрибавӣ ва истеҳсолии фарматсевтӣ оид ба коркарди доруҳои нав ва ашёи дорувории ватанӣ рост меояд. Солҳои 1997-2005 ва боз солҳои 2007-2008 ӯ директори ин марказ буд. Маҳз дар ҳамин муассиса корҳои зиёди таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши захираҳои табиии Тоҷикистон, коркарди технологияҳои нави истеҳсоли доруҳо, истифодаи ашёи маҳаллӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ба истеҳсолот анҷом дода шуданд. Ин фаъолият барои рушди саноати дорусозии миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмии мамлакат саҳми арзишманд гузошт.

Самти асосии тадқиқоти илмии профессор Халифаев Д. Р. ба биофарматсия, технологияи доруҳои муосир ва истифодаи захираҳои табиии дорувории Тоҷикистон бахшида шудааст. Ӯ дар мавзӯи «Сохтори ашколи доругӣ дар асоси гилҳои бентонитӣ ва равғанҳои эфирӣ» рисолаи доктории худро ҳимоя намуд. Дар ин таҳқиқот имкониятҳои истифодаи гилҳои бентонитии ватанӣ ҳамчун ҷузъи муҳими шаклҳои доругӣ, инчунин нақши равғанҳои эфирӣ дар баланд бардоштани самаранокии доруҳо мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Ин пажӯҳиш барои рушди технологияҳои нави истеҳсоли доруҳо ва истифодаи захираҳои табиии Тоҷикистон заминаи илмии боэътимод фароҳам овард.

Хусусияти муҳими фаъолияти илмии Давлат Раҳматович дар он зоҳир мегардид, ки ӯ ҳамеша кӯшиш мекард илмро бо талаботи амалии соҳаи тандурустӣ ва истеҳсолот пайваст намояд. Дар тадқиқотҳои ӯ масъалаҳои коркарди доруҳои нави биофарматсевтӣ аз ашёи дорувории табиии ватанӣ, истифодаи маҳсулоти занбӯри асал дар истеҳсоли воситаҳои табобатӣ, таҳияи технологияҳои нави доруҳои фарматсевтӣ ва парафарматсевтӣ аз шираи камол ва дигар растаниҳои шифобахши маҳаллӣ мавқеи асосӣ доштанд. Ин самтҳо имрӯз низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди фарматсияи миллӣ арзёбӣ мешаванд.

Маҳсули фаъолияти илмии профессор Халифаев Д. Р. хеле назаррас мебошад. Ӯ муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмӣ, 6 монография, 5 китоби дарсӣ, зиёда аз 20 дастуру тавсияҳои методӣ, инчунин як қатор пешниҳодҳои навоварона ва ихтироот мебошад. Осори илмии ӯ масъалаҳои муҳими биофарматсия, технологияи доруҳо, стандартизатсияи ашёи доруворӣ, истифодаи захираҳои табиии Тоҷикистон ва такмили равандҳои истеҳсоли доруҳоро дар бар гирифта, барои рушди илми фарматсевтӣ аҳаммияти бузурги назариявӣ ва амалӣ доранд.

Ҳамчун омӯзгори соҳибмактаб Давлат Раҳматович дар тарбияи насли нави олимон ва дорусозон нақши муассир бозидааст. Даҳҳо нафар шогирдони ӯ имрӯз дар донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва сохторҳои фарматсевтии мамлакат фаъолият намуда, роҳи устодро идома медиҳанд. Ӯ ҳамеша ба ҷавонон на танҳо дониш, балки ҳисси масъулият, меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ ва муҳаббат ба илмро меомӯзонд. Аз ин рӯ, мактаби илмии профессор Халифаев Д. Р. то имрӯз идомаи худро дорад.

Барои хизматҳои шоистааш дар рушди илму маорифи мамлакат Давлат Раҳматович Халифаев соли 2009 бо унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ин қадрдонӣ натиҷаи заҳмати содиқона, фаъолияти пурсамари илмӣ, омӯзгорӣ ва ташкилотчигии ӯ дар роҳи пешрафти фарматсияи миллӣ мебошад.

То охири умр профессор Давлат Раҳматович Халифаев ҳамчун профессори кафедраи технологияи фарматсевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро идома дода, барои рушди илми дорусозии кишвар саҳми босазо гузошт. Мероси илмии ӯ имрӯз низ дар таҳқиқоти муҳаққиқон, китобҳои дарсӣ, технологияҳои нави истеҳсоли доруҳо ва фаъолияти ҳазорҳо шогирдонаш зинда аст. Номи профессор Халифаев Д. Р. дар таърихи фарматсияи тоҷик ҳамчун донишманди навовар, омӯзгори соҳибмактаб ва ватандӯсти асил боқӣ монда, барои наслҳои имрӯзаву ояндаи олимону мутахассисони соҳаи фарматсия намунаи ибрат мебошад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


08.07.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php