САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: ГУЛЗОДА МАҲМАДШОҲ ҚУРБОНАЛӢ
Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ аз зумраи чеҳраҳои барҷастаи илму амалияи тибби тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун доктори илмҳои тиб, профессор, ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Арбоби илм ва техника, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар рушди соҳаи тандурустӣ ва таҳсилоти олии тиббӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ҳамчун олими сермаҳсул, ҷарроҳи соҳибтаҷриба ва роҳбари муваффақ дар таърихи тибби муосири тоҷик мақоми шоиста дорад.
Фаъолияти илмӣ ва омузгории ӯ аз кафедраҳои ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ҳамчун омузгор, ассистент, дотсент ва баъдан профессор ба камол расид. Самти асосии таҳқиқоти илмии ӯ ба масъалаҳои ҷарроҳии абдоминалӣ, ташхис ва табобати бемориҳои мураккаби узвҳои ҳозима бахшида шудааст. Мавсуф муаллифи зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, 5 монография, зиёда аз 10 дастури таълимӣ-методӣ, даҳҳо пешниҳодҳои навоварона ва ихтирооти соҳавӣ мебошад, ки дар пешрафти ҷарроҳии муосир ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ нақши муассир гузоштаанд.
Дар давраи роҳбарии Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ки аз соли 2016 ба ҳайси роҳбари донишгоҳ фаъолият оғоз намуда буд, Донишгоҳ ба марҳилаи нави рушд қадам гузошт. Маҳз дар ҳамин давра нақшаҳои нави таълим барои тахассусҳои «Кори табобат», «Педиатрия», «Стоматология», «Фарматсия» ва «Ташкили ҳифзи солимии ҷомеа» ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шуда, дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардиданд. Ҳамзамон, низоми автоматикунонидашудаи омодасозии саволномаҳои тестию хаттӣ, санҷишу имтиҳонот ва баҳодиҳии дониши донишҷӯён дар Маркази ягонаи тестӣ (ҳоло Маркази акредитатсия ва аттестатсияи муҳассилин) роҳандозӣ шуд.
Аз дастовардҳои муҳими давраи роҳбарии ӯ таъсиси озмоишгоҳи кишти ҳуҷайраҳои бунёдӣ, роҳандозии усулҳои муосири ҳуҷайрадармонӣ, тавсеаи робитаи озмоишгоҳ бо табобатгоҳҳои шаҳри Душанбе ва хориҷи кишвар, инчунин таъсиси парки технологӣ -Маркази илмӣ, таълимӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» мебошад. Дар ин замина истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон низ ба роҳ монда шуда, заминаи мустаҳками рушди фарматсияи миллӣ гузошта шуд.
Дар баробари ин, дар замони роҳбарии ӯ тарзи нави баҳодиҳӣ ба сифати таълим ҷорӣ гардида, лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ба таври босамар дар раванди таълим татбиқ шуд. Шумораи донишҷӯён ва муҳассилини хориҷӣ афзоиш ёфта, бинои нави таълимӣ дар маҷмааи нави таълимии донишгоҳ ба истифода дода шуд. Таъмини раванди таълим бо китобҳои дарсӣ бо се забон, таъсиси кафедраҳои нав, гузаштани донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ, ба фаъолият оғоз намудани Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ва ворид гардидани маҷаллаи «Паёми Сино» ба рӯйхати маҷаллаҳои Scopus аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин давра мебошанд.
Ҳамчунин, дар ин марҳила муҳити донишгоҳ ба куллӣ ободу зебо гардида, ҳудуди он ба шаҳраки муосири илмӣ-таълимӣ табдил дода шуд. Кафедраҳо ва сохторҳои донишгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ҷараёни таълим ва коргузорӣ бо технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин гардид. Ҳамаи ин иқдомҳо барои боло бурдани сатҳу сифати таълим, таҳкими фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва рушди маърифати донишҷӯён мусоидат намуданд.
Аз соли 2025 Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон фаъолияти илмӣ ва омузгории худро ҳамчун профессори кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳии донишгоҳ идома медиҳад. Ӯ инчунин узви Шурои диссертатсионии назди донишгоҳ буда, дар тарбияи олимони ҷавон ва таҳкими мактаби илмии ҷарроҳии тоҷик саҳми бузург мегузорад.
Хизматҳои шоистаи ин олими варзида дар рушди илми тиб, таҳсилоти олии касбӣ ва солимии миллат басо арзишманд буда, номи ӯ ҳамчун ҷарроҳи соҳибмактаб, роҳбари ислоҳотгар ва донишманди сатҳи баланд дар саҳифаҳои таърихи тибби тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.