САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН АБДДУЛЛО

САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН АБДДУЛЛО

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун олими варзидаи тиб, ҷарроҳи соҳибтаҷриба, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди низоми тандурустии кишвар саҳми арзишманд гузоштааст. Ӯ доктори илмҳои тиб, профессор, духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи медали «Шафқат» ва як қатор ҷоизаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ мебошад. Аз 5 майи соли 2020 дар вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҳамчун намояндаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи тандурустӣ дар чандин симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ ва нишасту вохӯриҳои сатҳи олӣ Тоҷикистони маҳбубро муаррифӣ менамояд. Дар байни ҷомеа ҳамчун олим, табиби ҳозиқ, роҳбари ғамхор маъруф буда, маҳорати хуби оморшиносӣ дошта, бо забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) дар сатҳи баланд муошират менамонд.

Ҷамолиддин Абдуллозода 9 декабри соли 1966 ба дунё омадааст. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо ихтисоси табиб хатм намуда, солҳои 1989-1990 интернатураро дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе гузаштааст.

Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун табиб-ҷарроҳ оғоз намуда, солҳои 1991-1992 дар Беморхонаи шаҳрии №7-и шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1998 ҳамчун табиб-ординатори шуъбаи ҷарроҳӣ, солҳои 1998-2008 мудири шуъбаи ҷарроҳӣ ва солҳои 2008-2014 сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе буд. Соли 2014 ба ҳайси сартабиби Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе таъйин гардид. Баъдан, соли 2017 директори Маҷмааи давлатии табобатию солимгардонии «Истиқлол» таъйин шуд.

Дар самти фаъолияти илмӣ низ Ҷамолиддин Абдуллозода дастовардҳои назаррас дорад. Соли 2002 рисолаи номзадӣ ва соли 2011 рисолаи доктории худро дар мавзуи «Ташхиси комплексӣ ва ислоҳи ҷарроҳии рефлюкс-эзофагит ва рефлюкс-гастрит ҳангоми бемории санги талхадон» бомуваффақият ҳимоя намудааст. Ӯ ҳамчун ассистент, дотсент, мудири кафедра ва баъдан профессор дар кафедраҳои ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият кардааст ва имрӯз низ профессори кафедраи ҷарроҳии №1 ба ҳисоб меравад.

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмӣ, 10 монография, дастурҳои таълимӣ ва ихтироъҳои илмӣ мебошад. Осори илмии ӯ ба масъалаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои узвҳои ҳозима, сӯхтагӣ ва усулҳои муосири ташхису табобат бахшида шудаанд.

Ҳамзамон, ӯ ҳамчун ходими фаъоли ҷамъиятиву сиёсӣ низ шинохта шуда, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе интихоб гардида буд. Таҷрибаи ғании касбӣ, дониши амиқи илмӣ ва маҳорати баланди роҳбарии ӯ дар пешрафти соҳаи тандурустии мамлакат нақши муассир дорад. Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло аз зумраи олимон ва табибони муваффақи тоҷик маҳсуб ёфта, фаъолияти бисёрсолаи ӯ барои насли ҷавони табибон ҳамчун мактаби таҷриба, масъулият ва ватандӯстӣ хизмат менамояд.


11.04.2026 48

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php