САҲИФАЕ АЗ ТАЪРИХИ КАШФИЁТҲОИ БУЗУРГИ ТИБ: ҶАРРОҲИЕ, КИ БА ДИЛ РОҲИ НАВИ ЗИНДАГӢ БАХШИД

САҲИФАЕ АЗ ТАЪРИХИ КАШФИЁТҲОИ БУЗУРГИ ТИБ: ҶАРРОҲИЕ, КИ БА ДИЛ РОҲИ НАВИ ЗИНДАГӢ БАХШИД

Оё медонед, ки яке аз муваффақтарин ҷарроҳиҳои дил, ки имрӯз ҳаёти миллионҳо нафарро наҷот медиҳад, таърихи беш аз садсола дорад? Сухан дар бораи амалиёти аортокоронарии шунтгузорӣ меравад, ки дар илми тиб ҳамчун яке аз дастовардҳои бузурги ҷарроҳии дилу раг эътироф шудааст.

Таърихи ин кашфиёт ҳанӯз соли 1910 оғоз ёфтааст. Ҷарроҳи фаронсавӣ Алексис Каррел нахустин маротиба кӯшиш намуд, ки бо истифода аз раги хунгузари дигар роҳи иловагии гардиши хунро ба рагҳои коронарии дил ташкил кунад. Таҷрибаи ӯ дар ҳайвонот натиҷаи дилхоҳ надод, вале маҳз ҳамин кӯшиши ноком заминаи ҷустуҷӯҳои минбаъдаи илмиро гузошт. Соли 1952 олими рус Владимир Демихов дар таҷрибаҳои худ усули нави пайваст намудани рагҳоро пешниҳод намуд. Баъдан, соли 1964 ҷарроҳи Шуравӣ Василий Колесов амалиёти пайваст кардани раги дохилии қафаси синаро бо раги коронарӣ бомуваффақият анҷом дод.

Марҳилаи таърихии ин соҳа ба номи ҷарроҳи аргентинӣ Рене Фавалоро алоқаманд аст. Ӯ 9 майи соли 1967 дар клиникаи Кливленд амалиёти муваффақонаи пайвандсозии раги коронариро анҷом дод. 19 октябри ҳамон сол бошад, усули мукаммалтари шунтгузориро истифода бурд, ки минбаъд дар саросари ҷаҳон паҳн гардид. Моҳияти ин амалиёт ташкили роҳи иловагӣ барои ҳаракати хун дар атрофи раги тангшуда ё баста мебошад. Ба ибораи дигар, ҷарроҳ барои дил роҳи нави таъмини хунро месозад.

Ҷолиб он аст, ки ин амалиёти нозук на танҳо таърихи ҷарроҳиро тағйир дод, балки ба муносибати ҷомеа нисбат ба касби ҷарроҳ низ таъсир расонд. Муаллифи мақолаи илмӣ, профессор Михаил Алшибая, қайд мекунад, ки ҷарроҳии коронарӣ бо дақиқӣ, маҳорати фавқулода ва ҳамоҳангии ҳаракатҳо ба як навъ санъати олӣ табдил ёфтааст. Ӯ ҳатто нақшаҳои амалиётҳои анҷомдодаи худро ба расм мекашид ва соли 2000 торти шакли дили инсонро бо шунтҳои коронарӣ ҳамчун як асари бадеӣ офаридааст.

Имрӯз шунтгузории аортокоронарӣ яке аз усулҳои муҳими табобати бемориҳои ишемиявии дил ба шумор меравад. Ин таърих бори дигар собит месозад, ки дар тиб баъзан як андешаи ҷасурона, ҳатто агар нахустин кӯшиши он ноком бошад, метавонад ба кашфиёте табдил ёбад, ки сарнавишти миллионҳо инсонро тағйир медиҳад.

Манбаъ: Алшибая М. Д. «К юбилею операции коронарного шунтирования: еще раз об этой истории, об эмоциональном выгорании и труэнтизме». Creative Cardiology, 2017, ҷилди 11, №3, саҳ. 202–211.

Таҳия ва тарҷумаи мутахасисиони шуъбаи иттилот ва робита бо ҷомеа


25.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php