РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲО ДАР СОҲАИ АНАТОМИЯИ ПАТОЛОГӢ

РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲО ДАР СОҲАИ АНАТОМИЯИ ПАТОЛОГӢ

25 марти соли 2026 вохӯрии директори Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Табариён Б.С. ва сардори раёсати рушди кадрӣ, номзади илмҳои тиб Сафаров Б.И. бо мудири кафедраи анатомияи патологӣ бо курси тибби судӣ ба номи профессор Д.Д. Лохови Муассисаи федералии давлатии буҷетии таҳсилоти олии «Донишгоҳи давлатии тиббии педиатрии Санкт-Петербург» ва мутахассиси асосии ғайриштатии кӯдакона оид ба патоморфология ва ситологияи Кумитаи тандурустии шаҳри Санкт-Петербург, доктори илмҳои тиб, профессор Насыров Р.А. баргузор гардид. Чорабинӣ бо дастгирии ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Н.Д. доир карда шуд.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳайати кафедраи мазкур фаъолияти густурдаи илмӣ-таҳқиқотиро дар самтҳои бунёдӣ ва амалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, самтҳои афзалиятноки таҳқиқот омӯзиши патологияи плацента ва бемориҳои давраи перинаталӣ, аз ҷумла ҳолатҳои марбут ба вазни ниҳоят пасти бадани навзодон, дар доираи мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотии «Ҷанбаҳои морфологӣ ва иммуногистохимиявии патология дар кӯдакон, ҷанин ва плацента» мебошанд.

Ҳамзамон, кормандони кафедра ба омузиши патологияҳои сироятии кӯдакон, махсусан сироятҳои вирусӣ, инчунин бемориҳои ғайрисироятии роҳҳои ҳозима, гурда, ғадуди сипаршакл, эндометрий ва масъалаҳои онкоморфологияи кӯдакона машғул мебошанд.

Дар назди кафедра озмоишгоҳи муосири иммуногистохимиявӣ фаъолият мекунад, ки барои гузаронидани доираи васеи таҳқиқоти ташхисӣ ва илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Дар ҷараёни сафар масъалаҳои омодасозии кадрҳои илмӣ ва мутахассисон дар соҳаи анатомияи патологӣ, инчунин дурнамои рушди таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.


01.04.2026 66

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php