РУХСОРАИ ПИРӮЗӢ ДАР МАЙДОНИ ЗЕҲН
Омузгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ Сайфиддинова Рухсора дар мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка байни кормандони вазорату идораҳо иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи якум гардид.
Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди тафаккури мантиқӣ, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ва ҷалби кормандон ба варзиш баргузор шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд.
Сайфиддинова Рухсора бо маҳорати баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва малакаи хуби зеҳнӣ тавонист дар рақобати пуршиддат ҳунару истеъдоди худро нишон дода, мақоми аввалро соҳиб гардад. Ин дастоварди арзанда нишонаи таваҷҷуҳи омузгорон ба рушди ҳам ҷисмонӣ ва ҳам зеҳнии шахсият буда, мояи ифтихори аҳли Донишгоҳ мебошад.
Раёсат ва ҳайати омузгорону кормандони Донишгоҳ Сайфиддинова Рухсораро ба муносибати ин пирӯзии шоиста самимона табрик гуфта, дар фаъолияти омузгорӣ ва варзишӣ барояш комёбиҳои бештар орзу менамоянд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА