РОҒУН -СОХТМОНИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
"Сунату армонҳои милиламонро эҳё созем ва армонҳои халқамонро амалӣ гардонида, зиндагии озодонаи мардумамонро барпо намоем. Ва чунин як армони деринаи мардуми мо тавассути истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аст".
Эмомалӣ РАҲМОН.
Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик истиқлоли давлатӣ мебошад. Маҳз истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду соҳибмаърифати тоҷик имкон фароҳам овард то ба ормони деринаи хеш сазовор гардад. Расидан ба Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди давлати навини мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эљоди аркони давлатдории муосирро гузошт.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳалли масъалаи энергетика ва таъмини кишвар бо неруи барқ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин замина бояд тазаккур дод, ки имрӯз бунёди НБО Роғун шарафу номуси миллати куҳанбунёду тамадунпарвари тоҷик буда, аз сифати созандагии тоҷикон дарак медиҳад.
Таърихи навини давлатдории тоҷикон дорои як қатор рӯйдодҳое мебошад, ки бо хатҳои заррин сабт гардида, ҷиҳати таъмини зиндагиии шоистаи шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам гардонидаанд. Ба истифода додани агрегатҳои якум ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз қатори чунин воқеаҳои муҳим ва хурсандибахш аст, ки дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад.
Маҳз талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси бартараф гардидани монеаҳо ҷиҳати бунёди иншооти бузурги аср - “Роғун” гардиданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи бунёди ин иншооти бузурги қарн далеронаю хирадмандона қадам ниҳоданд.
Ёдовар мешавем, ки тарҳи НБО-и Роғун ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70 - уми асри XX ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонии он соли 1976 оғоз гардидааст. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, корҳои омӯзишӣ дар ин ҷо солҳои 1933 ва 1938 сурат гирифта, аз рӯйи ташхиси олимон муайян гардидааст, ки мавзеи мазкур барои сохтмони нерӯгоҳи пуриқтидор хело мусоид мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки дар солҳои 50-70-уми асри ХХ роҳбарияти давлати шуравӣ аз ҳар ҷиҳат барои сохтмони неругоҳҳои истеҳсоли барқ таваҷҷуҳ зоҳир менамуд, зеро барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди хоҷагии халқ аҳамияти калон дошт.
НБО-и Роғун сохтмони бузурги аср ба ҳисоб рафта, бо 335 метр баландӣ яке аз баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Аммо бо сабабҳои маълум сохтмони НБО-и Роғун дар ибтидои солҳои 90 -ум боздошта шуда буд. Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир ва стандартҳои бехатарӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Барои корҳои барқарорсозӣ, сохтмону васлкунии неругоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои мушаххаси амалӣ меандешад.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар дарёи Вахш сохта шуда, он бо иқтидори 3600 МВт бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар нерӯгоҳи мазкур шаш агрегати гидроэлектрикӣ бо иқтидори 600 МВт насб карда мешаванд. Ҳамасола истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ дар Роғун беш аз 17,0 миллиард кВт / соатро ташкил хоҳад дод.
16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва корпуси дипломатӣ аввалин агрегати НБО-и Роғун ба истифода дода шуд.
Боиси ифтихормандии бузург аст, ки дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлоли давлатии кишварамон, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми НБО Роғун мавриди истифода қарор гирифт.
Ду агрегати аввалини неругоҳи «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз 9,1 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол кардааст, ки маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, аз соли 2008 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
Ҳоло дар иншооти неругоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 расонида шудааст.
Аз ҷумла тайи давраи солҳои 2024 – 2026 барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ба майдони сохтмон 443 мошину механизмҳои нав ворид карда шудаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бори дигар рӯ овардану ҷон бахшидан ба ин иншооти бузурги аср тақозои замон мебошад. Ҳар як фарди худшиносу худогоҳу ҳувиятсози миллат аз бунёди чунин иншоот ифтихорманд буда, сохмони НБО-и Роғунро нишон аз созандании миллат ва фарҳанги қадимаи тоҷикони худогоҳ мешуморад.
Дар ҳақиқат НБО-и Роғун иншооти тақдирсози миллати тоҷик буда, омили некуаҳволӣ маҳсуб меёбад. Чунки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи аҳолиро пурра таъмин карда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ медиҳад. Рушди соҳаи энергетика дар тараққии устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва махсусан барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - индустрикунонии босуръати кишвар нақши асосӣ дорад.
НБО Роғун ҳаҷми истеҳсоли неруи барқро баланд мебардорад ва барои рушди истеҳсолот муфид аст. Инчунин аҳолиро бо қувваи барқ таъмин менамояд. Дар навбати худ шаъну эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.
Бояд гуфт, ки ба пуррагӣ бунёд намудану ба истифода додани НБО-и Роғун барои расидан ба истиқлоли комили энергетикии кишвар шароит фароҳам меорад ва барои захира намудани манбаи бузурги оби нушокӣ имконият медиҳад. Ҳамзамон, қувваи барқи истеҳсолшавандаи НБО Роғун барои кишварҳои дигар бо нархи арзон дастрас мегардад. Пушида нест, ки обанбори ин неругоҳ дорои имконияти нигоҳ доштани захираҳои бузурги об аст.
Тоҷикистон кишварест, ки ягон ҳамсояро бе об намегузорад, ин нуқтаро борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, БРИКС ва дигарон иброз намудааст.
НОБ Роғун ифтихори миллати созандаи тоҷик буда, бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки ҳангоми ба пурагӣ ба истифода додани ин неругоҳ миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ бурун гашта, зиндагии мардум маҷрои навро мегирад. Бо ба итмом расидани бунёди ин неругоҳи бузург манфиати он натанҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба дигар давлатҳои минтақа низ мерасад.
Ин неругоҳ ифтихори миллати тоҷик мебошад, чунки дар тӯли солҳои истиқлоли давлатӣ сохта шуда, имрӯзҳо давра ба давра ба истифода дода мешавад. Ҳангоми истифодабарӣ аз ин иншооти муҳташами аср, ҳатман миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ мебарояд. Зиндагии сокинони кишвар боз ҳам беҳтару ободтар ва деҳоту ноҳияҳову шаҳрҳои Тоҷикистони азизамон чароғонтар мешавад.
Тибқи маълумоти мутахассисон, баъди ба кор андохтани ҳамаи шаш агрегати Роғун соле 13-17 миллиард киловатт-соат кувваи барқ ҳосил карда мешавад. Ин қариб баробар ба маҳсулоти солонаи ҳамаи неругоҳҳои барқи- обии дар Тоҷикистон мавҷудбуда аст.
НОБ Роғун як навъ роҳи абрешим барои неруи барқ аст, ки Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро мепайвандад. Ҳамзамон, вазифаи дигари он танзими ҷараёни об мебошад. Бе иштибоҳ метавон гуфт, ки Роғун мактаби бузурге мебошад, ки ба мутахассисони маҳаллӣ имкон медиҳад, то дар ин соҳа малакаю маҳорати худро қавӣ намуда, соҳибкасб гардида, мутахассис шаванд ва дар оянда ин таҷрибаро дар дигар кишварҳои ҷаҳон истифода баранд.
Тавре, ки маълум аст, сохтмон ба ду марҳила тақсим мешавад. Якум сохтмони сарбанди 1110 метрро дар бар мегирад, ки ду агрегати 200 МВт ба кор медароянд, ки ин 16 ноябри соли 2018 ба вуқуъ пайваст. Марҳилаи дуюм то 1300 метр баланд бардоштани сарбанд аст, сипас тадриҷан то соли 2028 боз чаҳор турбинаи иқтидори ҳар кадом 600 МВт ба кор андохта, ду турбинаи аввал то 600 МВт зиёд карда мешавад. Ҳамин тариқ, иқтидори умумии НБО-и Роғун то анҷоми сохтмон 3600 МВт хоҳад буд. Таҷҳизоти НБО-и Норак, ки дар поёноби Вахш воқеъ аст, тадриҷан фарсуда шуда, барқароркуниро талаб мекунад. Дар сурати боздоштани кори як агрегат дар он ҷо, ки 200 МВт аз даст додани неруи барқро ташкил медиҳад. Ин хароҷоти Роғунро мепӯшонад. Ҷанбаи дигари муҳим ин идоракунии таҳшинҳо (шағалҳо, қумҳо, сангҳо), ки тавассути дарёи Вахш мебурд, мебошад. Ин дар як сол тақрибан 80 миллион мукааб метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи сарбанди НОБ Роғун аз ин таҳшинҳо муҳофизат карда, бо ҳамин муҳлати кори НОБ Норакро дароз мекунад. Ӯзбекистон сарфи назар аз мавсим ба қадри зарурӣ об хоҳад дошт. Ин дар шартномаи НБО Роғун, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба имзо расида, баъд аз он ҳамаи тарафҳои манфиатдор тасдиқ кардаанд, дохил карда шудааст. Мо ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин сохтем, ки Роғун як макони амн аст ва ба ҳамаи кишварҳои поёноб фоида меорад. Ҳама уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар робита ба неругоҳи Роғун гирифтааст, пурра иҷро мешаванд.
Сохтмони сарбанди 335-метраи сангреза НОБ-и Роғунро ба баландтарин неругоҳи барқии обии ҷаҳон табдил медиҳад. Ва иқтидори он 3600 МВт бузургтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Шароити мураккаби табиӣ низ лоиҳаро беназир мегардонад. Зилзила, дараи танги кӯҳӣ, хавфи сел, қабати намаки санг, ки дар пояи сарбанд хобидааст, ҳамаи ин усулҳои махсуси лоиҳакашӣ ва техникиро талаб мекард. Масалан, маҳлуле ёфт шуд, ки аз ҳал шудани намак пешгирӣ карда, бехатарии тамоми сохторро таъмин мекунад. Чунин ҳодиса дар ягон ҷойи ҷаҳон рӯй надодааст.
Муҳим он аст, ки неругоҳи барқи обии Роғун метавонад Тоҷикистонро дар содироти неруи барқ нисбат ба кишварҳои ҳамсоя пешсаф гардонад. НБО Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кунад.
Дар назар аст, ки 50 дарсади иқтидори НБО Роғун дар дохили кишвар истифода шуда, 50 дарсад ба хориҷ содирот мешавад. Нархи як киловатт-соат барқи НБО Роғун 1,5-2 дирам мешавад. Барои муқоиса нархи неруи барқи стансияҳои электрикии аловӣ ин рақам 4-5 дирам, дар стансияҳои электрикии атомӣ 5-6 сентро ташкил медиҳад. Бешубҳа, неругоҳи барқи- обии Роғун дар муқоиса бо дигар навъҳои тавлидкунандаи неру бештар фоидаовар аст.
Бозоров С.С -доктор (PhD)-и кафедраи дерматовенерология