РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Санаи 10-уми ноябри соли равон декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор Саидзода Б.И. ва муовинони декан дар толори лексионии кафедраи биология бо асосҳои генетика ба номи Бердиев Н.Б. барои донишҷӯён вохурӣ гузарониданд. Яке аз масалаҳои асосии вохурӣ ин “Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ” мебошад.

Дар доираи ин мавзуъ декани факултет суханронӣ намуда, қайд карданд, ки яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳо шомил шудани ҷавонони мо нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номуккамалии фаҳмиши динӣ аст. Агар шахс дониши илмиву дунявӣ ва сиёсӣ дошта бошад, албатта ҳеҷ гоҳ фирефтаи фикру ақидаҳои дигарон нахохад шуд. Ҷавонони имрузаро зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти гўё “динӣ” намуда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ онҳоро ба гуруҳҳои ифротгароӣ даъват мекунанд.

Зикр гардид, ки яке аз чорабиниҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ин баланд бардоштани ҳиссӣ ватандустӣ, инсондӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад. Инчунин таъкид шуд, ки насли наврас бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ҳамеша маълумотнокии сиёсӣ ва ҷамъиятии худро мукаммал намояд. Инчунин аз ҷониби муовинони декан маълумоти мухтасар дар масъалаҳои сифати таълим, давомот, риояи либоси тавсиявӣ, сари вақт сабақгардонии ғоибҳо ва супоридани шартномаи таҳсил пешниҳод карда шуд.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ


12.11.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php