РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО УНВОНИ "ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ" САЗОВОР ГАРДИД
Дар доираи сафари хизматӣ ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ба шаҳри Ижевск як рӯйдоди муҳими илмӣ ва байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваст.
Зимни сафари мазкур ректори Донишгоҳ бо Қарори Шурои олимони Академияи тиббии шаҳри Ижевск бо унвони ифтихории "Профессори фахрӣ" сарфароз гардид.
Қобили зикр аст, ки Шурои олимони ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии тиббӣ мақоми намояндагии илмӣ ва роҳбарикунанда ба ҳисоб меравад.
Сарфароз гардидан ба чунин унвони ифтихорӣ нишонаи эътирофи саҳми арзандаи роҳбарияти Донишгоҳ дар рушди илму маориф, таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ, густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар доираи ин сафари хизматӣ Донишгоҳ бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Удмуртия қадрдонӣ гардид.
Ин эътирофи расмӣ аз ҳамкориҳои созанда ва муносибатҳои дӯстонаи байни муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия шаҳодат медиҳад.
Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ ин дастоварди арзишмандро ба роҳбарияти Донишгоҳ самимона табрику муборакбод менамояд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА