РАҚАМИКУНОНИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТИББӢ: ИМКОНИЯТҲО, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

РАҚАМИКУНОНИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАИ 	ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТИББӢ: ИМКОНИЯТҲО, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Дар шароити рушди босуръати ҷомеаи муосир ва густариши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рақамикунонии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба яке аз омилҳои муҳими дигаргунсозии муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбӣ табдил ёфтааст. Соҳаи маориф низ аз ин раванд берун намонда, дар назди муассисаҳои таълимӣ зарурати таҷдиди мазмун, шакл ва усулҳои ташкили раванди таълимро ба миён гузоштааст.

Рақамикунонии раванди таълим раванди мақсадноки ворид намудан ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар муҳтавои таълим, усулҳо, шаклҳо, воситаҳо, ташкили фаъолияти омӯзгор ва донишҷӯ, назорат ва арзёбии натиҷаҳои таҳсил мебошад, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, дастрасии дониш, фаъолнокии маърифатӣ ва самаранокии омодасозии мутахассисон равона шудааст.

Маводи таълимии фанҳои табиию риёзӣ бояд ба шакли рақамӣ мутобиқ карда шавад. Барои ин истифодаи лексияҳои электронӣ, китобҳои дарсии интерактивӣ, видеодарсҳо, презентатсияҳои илмӣ, моделҳои аниматсионӣ ва захираҳои мултимедиявӣ зарур аст.

Масалан ҳангоми омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ технологияҳои рақамиро чунин метавон истифода бурд:

 

-         дар машғулиятҳои фанни Физикаи тиббӣ: маводи электронӣ оид ба қонунҳои оптика, акустика, электрофизиология ва принсипҳои кори таҷҳизоти ташхисӣ;

-         дар машғулиятҳои фанни Химия: моделҳои рақамии сохтори молекулаҳо, реаксияҳои биохимиявӣ ва равандҳои мубодилаи моддаҳо;

-         дар машғулиятҳои фанни Биология - аниматсияҳои сохтори ҳуҷайра, генетика, физиология ва равандҳои биологӣ;

-         дар машғулиятҳои фанни Математикаа олӣ: барномаҳои ҳисоббарорӣ, моделсозии математикӣ ва таҳлили маълумоти биотиббӣ;

-         дар машғулиятҳои фанни Асосҳои технологияи информатсионӣ: кор бо пойгоҳҳои маълумоти тиббӣ, алгоритмҳо ва технологияҳои коркарди иттилоот.

 

Дар ин замина, рақамикунонии таҳсилоти олии касбӣ на танҳо истифодаи воситаҳои техникии муосир, балки ташаккули муҳити нави таълимӣ, аз нав баррасӣ намудани муносибатҳои байни омӯзгор ва донишҷӯ, такмили усулҳои азхудкунии дониш ва тағйир додани низоми баҳодиҳии натиҷаҳои таълимро дар бар мегирад.

Аҳаммияти ин масъала махсусан дар раванди таълиму тавдриси донишгоҳи мо бештар зоҳир мегардад. Зеро омодасозии табибони оянда раванди мураккаб ва бисёрҷанба буда, аз донишҷӯ на танҳо азхуд намудани маҷмӯи донишҳои назариявӣ, балки ташаккули малакаҳои амалӣ, тафаккури клиникӣ, қобилияти таҳлили маълумоти тиббӣ, қабули қарорҳои асоснок ва риояи меъёрҳои ахлоқию касбиро талаб менамояд.

Дар чунин шароит истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад барои муттаҳид намудани донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави омӯзиш ва баланд бардоштани самаранокии омодагии касбии донишҷӯёни тиббӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Хусусияти муҳими рақамикунонии таҳсилоти тиббӣ дар он ифода меёбад, ки он имконият медиҳад раванди омӯзиш аз шакли анъанавии пешниҳоди иттилоот ба низоми фаъол, интерактивӣ ва ба эҳтиёҷоти инфиродии донишҷӯ мутобиқшаванда гузарад.

Масалан, истифодаи китобхонаҳои электронӣ, платформаҳои таълимӣ, маводи мултимедиявӣ, моделҳои сеандозаи анатомӣ, симуляторҳои клиникӣ, барномаҳои махсуси таълимӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ барои амиқтар азхуд намудани маводи таълимӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Донишҷӯ метавонад сохтор ва фаъолияти узвҳои инсонро тавассути моделҳои виртуалӣ омӯзад, ҳолатҳои гуногуни клиникиро таҳлил намояд, дар муҳити симулятсионӣ малакаҳои касбиро такмил диҳад ва натиҷаи фаъолияти таълимии худро пайгирӣ кунад.

Дар баробари ин, рақамикунонии раванди таълим барои такмили таълими фанҳои табиию риёзӣ, ки дар омодасозии табибони оянда мақоми муҳим доранд, аҳаммияти махсус касб менамояд. Истифодаи озмоишгоҳҳои виртуалӣ, барномаҳои моделсозии равандҳои физикӣ ва биологӣ, воситаҳои интерактивии омӯзиши химия, биостатистика ва таҳлили маълумот имкон медиҳад, ки донишҷӯён робитаи байни қонуниятҳои илмҳои бунёдӣ ва татбиқи амалии онҳоро дар фаъолияти тиббӣ беҳтар дарк намоянд. Аз ин ҷиҳат, рақамикунонӣ бояд ҳамчун воситаи ҳамгироии байнифаннӣ ва тақвияти робитаи донишҳои назариявӣ бо масъалаҳои воқеии фаъолияти тиббӣ арзёбӣ гардад.

Ҷанбаи дигари муҳими масъала ба тағйир ёфтани мазмун ва хусусияти фаъолияти касбии табиб дар шароити рақамикунонии низоми тандурустӣ алоқаманд аст. Имрӯз фаъолияти мутахассисони соҳаи тиб торафт бештар бо истифодаи ҳуҷҷатгузории электронии тиббӣ, низомҳои иттилоотии беморхонаҳо, технологияҳои телетиб, воситаҳои рақамии ташхис ва таҳлили маълумоти клиникӣ алоқаманд мегардад. Аз ин рӯ, донишгоҳи тиббӣ бояд на танҳо мутахассисеро омода созад, ки соҳиби донишҳои назариявию малакаҳои клиникӣ бошад, балки дар баробари ин, қобилияти истифодаи босалоҳияти захираҳои рақамӣ, кор бо иттилооти тиббӣ, арзёбии эътимоднокии маълумот ва риояи талаботи ҳифзи маълумоти шахсии беморонро низ дошта бошад.

Бо вуҷуди имкониятҳои васеи технологияҳои рақамӣ, татбиқи онҳо дар раванди таълими донишгоҳҳои тиббӣ бо як қатор масъалаҳои ҳалталаб рӯ ба рӯ мегардад.

Аз ҷумла, нокифоя будани инфрасохтори техникӣ, дастрасии маҳдуд ба интернети босифат, нобаробарии имкониятҳои рақамии донишҷӯён, сатҳи гуногуни омодагии омӯзгорон барои истифодаи воситаҳои муосири таълимӣ ва норасоии захираҳои электронии махсусгардонидашуда аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки метавонанд самаранокии ин равандро коҳиш диҳанд. Ҳамзамон, масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти тиббӣ, риояи ҳуқуқи муаллиф ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ низ ба таваҷҷуҳи махсус ниёз доранд.

Бояд таъкид намуд, ки рақамикунонии таҳсилоти тиббӣ набояд ба иваз намудани пурраи муоширати бевоситаи омӯзгору донишҷӯ, фаъолияти клиникӣ ва таҷрибаи амалӣ бо воситаҳои виртуалӣ оварда расонад. Баръакс, самаранокии он дар ҳолате таъмин мегардад, ки технологияҳои рақамӣ бо усулҳои анъанавии таълим, машғулиятҳои лабораторӣ, омӯзиши симулятсионӣ, таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён дар асоси муносибати мақсаднок ва аз ҷиҳати дидактикӣ асоснок ҳамгиро карда шаванд. Махсусан дар таҳсилоти тиббӣ таҷрибаи бевоситаи кор бо бемор, риояи принсипҳои ахлоқи тиббӣ ва ташаккули муносибати инсонпарварона ба шахс набояд мавқеи худро аз даст диҳанд.

Масалан, дар назди бистари бемор омӯзгор - табиб бо ҳамроҳии шогирдон ҳангоми муоина, назорат, ташхис ва нигоҳубини бемор аз дастгоҳҳо, барномаҳо ва низомҳои электронии иттилоотӣ истифода мебаранд ва маълумоти бемор бевосита дар маҳалли муоина ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва барои қабули қарорҳои тиббӣ истифода мешавад.

Аз ин лиҳоз, зарурати таҳқиқи ҷанбаҳои педагогию дидактикии рақамикунонии раванди таълим дар донишгоҳи тиббӣ ба миён меояд. Сухан на танҳо дар бораи муайян намудани имкониятҳои техникии технологияҳои рақамӣ, балки дар бораи ошкор сохтани шартҳои педагогии истифодаи самараноки онҳо, интихоби воситаҳои мувофиқи таълимӣ, муайян намудани нақши омӯзгор дар муҳити рақамӣ ва арзёбии таъсири онҳо ба ташаккули салоҳиятҳои касбии табибони оянда меравад.

Рақамикунонии таҳсилоти олии тиббӣ раванди мураккаб ва бисёрҷанба буда, ворид намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба тамоми ҷузъҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилии муассисаи таҳсилоти олиро дар бар мегирад.

Мазмуни ин раванд танҳо бо истифодаи компютер, планшет ва компютери тиббӣ, мониторҳои рақамии назорати ҳолати бемор, интернет, шиносоии электронии бемор, дастгоҳҳои сайёри ташхисӣ(УЗИ-и сайёр, дастгоҳҳои рақамии ЭКГ), дастрасӣ ба тасвирҳои рақамии ташхисӣ(КТ, МРТ) ё китобҳои электронии дарсӣ маҳдуд намешавад. Он тағйир додани муносибат ба ташкили таълим, идоракунии дониш, арзёбии натиҷаҳои таҳсил ва муносибатҳои байни омӯзгорону донишҷӯёнро низ пешбинӣ менамояд.

 

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ рақамикунонӣ метавонад дар самтҳои зерин амалӣ карда шавад:

-         ташкили муҳити ягонаи электронии таълим;

-         истифодаи платформаҳои таълимии Moodle ва дигар низомҳои идоракунии таълим;

-         таҳияи захираҳои электронии таълимӣ аз фанҳои тиббӣ ва табиию риёзӣ;

-         истифодаи технологияҳои симулятсионӣ ва моделсозии равандҳои физиологию патологӣ;

-         татбиқи усулҳои арзёбии электронӣ ва назорати дониш;

-         истифодаи воситаҳои зеҳни сунъӣ дар омӯзиш ва таҳлили иттилооти илмӣ;

-         рушди таълими фосилавӣ ва омехта;

-         ташкили ҳамкории илмӣ ва таълимӣ тавассути шабакаҳои рақамӣ.

 

Муҳим аст, ки ҳамаи ин воситаҳо дар асоси ҳадафҳои мушаххаси педагогӣ истифода шаванд. Технология худ аз худ сифати таълимро баланд намебардорад. Самаранокии он аз мазмуни дидактикӣ, сатҳи омодагии омӯзгор, имкониятҳои техникии муассиса ва фаъолияти маърифатии донишҷӯ вобаста мебошад. Дар ин раванд барои омӯзгор шарт ва зарур аст, ки шартҳои дидактикии истифодаи технологияи рақамиро хуб дарк намуда, онро самаранок истифода намояд.

Шартҳои дидактикии истифодаи технологияи рақами дар шароити донишгоҳи мо ба тариқаи зайланд:

1. Таъмини ҳадафмандӣ ва мақсаднокии педагогии истифодаи технологияҳои рақамӣ( мутобиқ намудани воситаҳои рақамӣ ба мақсад ва вазифаҳои таълимӣ; муайян кардани натиҷаҳои интизории таълим;интихоби технологияҳои рақамӣ вобаста ба мазмун ва хусусияти фанҳои таълимӣ;равона намудани фаъолияти донишҷӯён ба азхудкунии дониш ва ташаккули салоҳиятҳои касбӣ).

2. Интегратсияи технологияҳои рақамӣ бо мазмуни фанҳои табиию риёзӣ ва тиббӣ( пайваст намудани донишҳои физика, химия, биология, математикааи олӣ ва технологияи информатсионӣ бо фанҳои тахассусии тиббӣ; истифодаи моделсозии рақамии равандҳои физикӣ, биологӣ ва физиологӣ;татбиқи симулятсияҳои рақамӣ барои шарҳи механизмҳои фаъолияти узвҳо ва системаҳои организми инсон;ташкили робитаи байни донишҳои назариявӣ ва фаъолияти амалии тиббӣ).

3. Таъмини муҳити ягонаи таълимии рақамӣ( истифодаи платформаҳои таълимӣ, аз ҷумла Moodle; ташкили курсҳои электронӣ ва захираҳои рақамии таълимӣ;фароҳам овардани дастрасӣ ба китобхонаҳои электронӣ, маводи видеоӣ ва пойгоҳҳои илмӣ;ташкили ҳамкории омӯзгорону донишҷӯён дар муҳити рақамӣ).

4. Истифодаи усулҳои интерактивӣ ва симулятсионии таълим( татбиқи симуляторҳои тиббӣ ва тренажёрҳои виртуалӣ; истифодаи технологияҳои воқеияти виртуалӣ (VR) ва воқеияти афзуда (AR);ҳалли масъалаҳои клиникӣ дар асоси ҳолатҳои моделишуда;гузаронидани таҷрибаҳои виртуалӣ ва лабораторияҳои рақамӣ).

5. Таъмини фардисозӣ ва фарқияти таълим( ба назар гирифтани сатҳи омодагии ибтидоии донишҷӯён; ташкили траекторияи инфиродии таълим; истифодаи супоришҳои мутобиқшаванда вобаста ба имконият ва суръати азхудкунии дониш; фароҳам овардани шароит барои омӯзиши мустақилона ва худомӯзӣ).

Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки яке аз самтҳои муҳимтарини рақамикунонии таҳсилоти олии тиббӣ ташаккули муҳити ягонаи таълимии рақамӣ мебошад. Чунин муҳит имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён ба маводи таълимӣ, лексияҳои электронӣ, презентатсияҳо, видеодарсҳо, тестҳо, дастурҳои методӣ ва захираҳои илмӣ дастрасӣ дошта бошанд

Истифодаи платформаҳои электронӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки фаъолияти таълимиро мақсаднок ташкил намуда, раванди азхудкунии донишро пайгирӣ ва натиҷаҳои фаъолияти донишҷӯёнро арзёбӣ намояд.

Яке аз самтҳои нав ва босуръат инкишофёбандаи рақамикунонии таҳсилоти тиббӣ истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.

Зеҳни сунъӣ метавонад дар ташкили омӯзиши инфиродӣ, таҳлили натиҷаҳои таълим, таҳияи маводи таълимӣ, коркарди иттилооти илмӣ ва моделсозии ҳолатҳои клиникӣ истифода шавад.

Истифодаи чунин технологияҳо имкон медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо маълумоти пешниҳодшударо аз худ кунанд, балки ба муқоиса, таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарории мустақилона ҷалб карда шаванд.

Бо вуҷуди ин, истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳсилоти тиббӣ масъалаҳои муҳими педагогӣ ва ахлоқиро ба миён меорад. Аз ҷумла, зарурати санҷиши дурустии маълумоти пешниҳодшуда, риояи махфияти маълумоти тиббӣ, пешгирии вобастагии аз ҳад зиёд аз воситаҳои рақамӣ ва нигоҳ доштани мустақилияти тафаккури донишҷӯён аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд.

Аз ин рӯ, донишҷӯи тиббӣ бояд на танҳо истифодабарандаи технологияҳои зеҳни сунъӣ, балки субъекти бошууронаи муносибат бо иттилоот бошад.

Бо вуҷуди имкониятҳои васеъ, татбиқи рақамикунонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ бояд як қатор мушкилотро бартараф намуд.

Аввалан, на ҳамаи омӯзгорон дорои сатҳи зарурии саводнокии рақамӣ ва малакаҳои методии истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ мебошанд.

Дуюм, нобаробарии имкониятҳои техникӣ, дастрасӣ ба интернет, таҷҳизоти компютерӣ ва захираҳои рақамӣ метавонад самаранокии раванди таълимро маҳдуд созад.

Сеюм, таҳияи муҳтавои босифати электронии фанҳои тиббӣ, ки ба талаботи барномаҳои таълимӣ ва хусусиятҳои фаъолияти касбии табиб мувофиқат кунад, захираҳои зеҳнӣ, молиявӣ ва ташкилии муайянро талаб менамояд.

Чорум, масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти иттилоотӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ аҳаммияти махсус доранд.

Панҷум, эҳтимоли кам шудани муоширати мустақими омӯзгор ва донишҷӯ, инчунин маҳдуд гардидани таҷрибаи амалӣ дар сурати истифодаи аз ҳад зиёди таълими фосилавӣ мебошад. Ин масъала дар таҳсилоти тиббӣ махсусан муҳим аст, зеро ташаккули салоҳиятҳои касбии табиб бидуни муоширати клиникӣ, мушоҳида ва иҷрои амалҳои амалӣ ғайриимкон мебошад.

Рақамикунонии таҳсилоти олии тиббӣ яке аз самтҳои муҳими навсозии низоми омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Моҳияти он танҳо дар ворид намудани воситаҳои техникӣ ба раванди таълим ифода намеёбад, балки тағйир додани муҳтавои таълим, такмили усулҳои педагогӣ, ташкили муҳити нави иттилоотӣ ва ташаккули салоҳиятҳои зарурии касбии табибони ояндаро дар бар мегирад.

Ҳамин тариқ, рақамикунонии таҳсилоти олии тиббӣ бояд ҳамчун раванди педагогӣ, технологӣ ва ташкилии мукаммал ба роҳ монда шавад, ки дар он технологияҳои рақамӣ ба ҳадафҳои таълимӣ хизмат намуда, омодасозии табибони босалоҳият, масъулиятшинос ва мутобиқ ба талаботи тибби муосирро таъмин менамоянд.

 

Бахтиёр Розиқович ҚОДИРОВ

     доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи физикаи тиббӣ

ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ


03.11.2026 21

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php