РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ҚАДРШИНОСӢ ВА ЭҲТИРОМ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ба ифтихори 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи физиологияи патологӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра, н.и.т., дотсент Қурбонбекова П.Қ. ва бо ташаббусу ҳамоҳангсозии масъули бахши илм ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни кафедра, н.и.т., ассистент Шукуров Ф.А. ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи қадршиносӣ ва эҳтиром ба Пешвои миллат» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш арҷгузорӣ ба ин санаи муҳими таърихӣ, муаррифии нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, рушди ҷомеа, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён ба ҳисоб мерафт.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ба чорабинӣ фазои тантанавӣ ва идона бахшид.
Сипас, мудири кафедраи физиологияи патологӣ, н.и.т., дотсент Қурбонбекова П.Қ. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Дар суханронии худ мавсуф доир ба аҳамияти таърихию сиёсии ин сана, нақши Сарвари давлат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.
Бахши фарҳангӣ-маърифатии ҳамоиш бо иштироки фаъоли донишҷӯёни гурӯҳи 9-уми курси 3-юми факултети стоматологӣ таҳти роҳбарии куратори гурӯҳ, н.и.т., ассистент Шукуров Ф.А. баргузор шуд. Донишҷӯён барномаи махсуси фарҳангӣ ва маърифатиро омода намуда, онро пешкаши омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабинӣ гардониданд.
Дар идомаи ҳамоиш донишҷӯён Пирова Меҳрона ва Боев Изатулло бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи ҷавонон маълумот пешниҳод карданд.
Яке аз лаҳзаҳои хотирмону ҷолиби чорабинӣ иштироки кӯдакону наврасони хурдсол бо роҳбарии Гулзода Бибифотима буд, ки бо завқу шавқи беандоза суруди «Пешвои миллат»-ро иҷро намуда, бо пешниҳоди рақси зебои миллӣ ба ҳамоиш шукӯҳу таровати хос бахшиданд. Ҳунарнамоии онҳо аз ҷониби омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар иштирокчиён бо самимият ва кафкӯбиҳои гарму ҷӯшон истиқбол гирифта шуд.
Ҳамзамон донишҷӯёни дигар бо қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори шоирони тоҷик дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ барномаи фарҳангии ҳамоишро ғанӣ гардониданд.
Дар бахши дигари ҳамоиш миёни омӯзгорон ва донишҷӯён саволу ҷавоб оид ба таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, аҳамияти Рӯзи Президент ва дастовардҳои даврони истиқлолият баргузор гардид. Иштироки фаъоли донишҷӯён дар муҳокимаҳо ва пешниҳоди ҷавобҳо ба саволҳо фазои ҳамоишро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонид.
Дар фарҷоми чорабинӣ мудири кафедра, дотсент Қурбонбекова П.Қ. ба ташкилкунандагон, омӯзгорон, донишҷӯён ва иштирокчиёни барномаи фарҳангӣ барои саҳми фаъолонаашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.
Ҳамоиш бо пешниҳоди навори видеоӣ аз суханрониҳо ва андешаҳои пурҳикмати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба масъалаҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, сулҳу ваҳдат, илмомӯзӣ ва масъулияти ҷавонон дар назди ҷомеа бахшида шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Чорабинии мазкур дар фазои идона, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, барои таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми донишҷӯён ба арзишҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намуд.
Кафедраи физиологияи патологӣ