РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ЭҲТИРОМУ ЭЪТИҚОДИ МИЛЛӢ
(Ба пешвози Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Бигузор аз баракати истиқлолият, меҳри Ватан ва меҳри сарзамини аҷдодӣ дар дили мо пайваста афзояд ва ҳар фарди огоҳу бедордил ва бо нангу номус чун вориси ҳақиқии давлати соҳибистиқлол ва узви хонадони миллати солору сарбаланди тоҷик ифтихор намояд. Эмомалӣ Раҳмон.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн мегиранд. Ибтидои фаъолияти сарварии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 16 ноябри соли 1992 оғоз гардад, ки дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва чунин суханҳои таърихиро баён намуда буданд: «Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан – ин мақсади олии ман аст, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедорам».
Бинобар ҳамин, аниқтараш, сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон то ба арсаи сиёсати бузург омаданаш аз намояндагии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз гардида буд.
Ба ақидаи Афлотун, сиёсат санъатест, ки донишу маҳорати хоси идоракуниро тақозо менамояд. Донишу маҳорати идоракунии ба худ хос – ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки меъёри асосии он хирад ва зеҳни амиқи сиёсӣ мебошад.
Дар ҷаҳон мактабҳои сиёсӣ, аз қабили мактаби америкоӣ, англисӣ, олмонӣ, франсавӣ ва ғайра зиёданд, лекин то ҳол мактаби сиёсии тоҷикон, бахусус мактаби сиёсии муосири он ба пуррагӣ тадқиқ нагаштааст. Аз ин лиҳоз, мактаби сиёсии тоҷикон аз замони Абунасри Форобӣ, Ибни Сино ва Низомулмулк хеле пурқувват буда, баҳри санъати идоракунии давлат намуна мебошанд.
Сифатҳои сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар равандҳои душвори идоракунии давлатӣ худро исбот намудаанд.
Дар ҳамаи ин шароитҳо сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон идеяҳои конструктивӣ пешниҳод намуда, равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро омили муҳими давлатдорӣ меҳисобад.
Барномаҳои гуногуни рушди иқтисодӣ (бунёди роҳҳо, сохтмони азими НБО – «Роғун», корхонаҳои саноатӣ, рушди кишоварзӣ ва ғайра), рушди демократия дар Тоҷикистон (бисёрҳизбӣ, озодии матбуот, дину виҷдон, иштироки васеи мардум дар идоракунии давлатӣ), Стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳимояи қишрҳои ниёздоштаи ҷомеа, танзими расму оинҳо, барномаҳои фарҳангӣ (2006 – бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон, соли 2009 – соли бузургдошти Имоми Аъзам, 5500-солагии Саразм ва ғайра), сиёсати берунии бисёрвектораи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, робитаҳои қавӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон бидуни низоми сиёсии онҳо ва дигар барномаҳои муштараки инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа – номгӯи масъалаҳое мебошанд, ки самтҳои асосии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муайян месозанд.
Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Ҳамватанони мо хуб мефаҳманд, ки маҳз таҳлили дурусту баҳои оқилонаи раванди воқеаҳо, ботамкинӣ ва дурандешагии ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳоят дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои ба мо дӯсту бародар ва хайрхоҳ имконият доданд, ки мо на як бору ду бор хатари табадуллоти давлатӣ ва такроран ба ҷанги хонагӣ кашидани мардуми азияткашидаамонро бартараф созем. Имзои намояндагони бештар аз 50 ҳизбу созмон дар «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» низ иқдоми накӯ ва боэтимодест барои таъмини якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва якдигарфаҳмӣ дар сар то сари кишвар».
Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ ва рамзи эҳтирому эътиқод эътироф намуда, маҳбубияту шукргузории хешро дар ин рӯз ба Президенти кишвар ҳамчун кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимона изҳор менамоянд.
Холбекиён М.Ё., доктори илмҳои биологӣ, профессор, мудири кафедраи физиологияи нормалӣ
Абусатторова М.А., омӯзгори калони кафедраи физиологияи нормалӣ, муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда