Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ – оғози соли нави таҳсил бо паёми созанда

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ – оғози соли нави таҳсил бо паёми созанда

31-уми августи соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе ба муносибати оғози соли нави таҳсил Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муҳим намояндагони Ҳукумати мамлакат, масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон, хонандагон, донишҷӯён ва дигар намояндагони ҷомеа иштирок намуданд.

Баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар оғози соли нави таҳсил дар ҳаёти маорифи кишвар рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро ин чорабинӣ ҳамасола на танҳо оғози соли нави таҳсилро ифода мекунад, балки таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масъалаҳои рушди илму маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ равона месозад.

Дар ин рӯз донишҷӯёну устодони тамоми факултаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро ба таври мустақим тамошо намуданд.

Тамошои чорабинӣ барои аҳли Донишгоҳ имкони хубе фароҳам овард, ки бо муҳтавои суханронии Пешвои миллат, андешаҳои муҳим оид ба вазъи имрӯза ва дурнамои рушди соҳаи маориф, инчунин, вазифаҳои наве, ки дар назди аҳли маорифи кишвар гузошта шуданд, ошно шаванд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, аҳли маориф, омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш табрик намуда, нақши истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи маориф таъкид намуданд.

Сарвари давлат зикр карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, беҳтар намудани заминаи моддиву техникӣ, афзоиши маблағгузорӣ ба соҳа ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсил аз ҷумлаи самтҳои муҳими ин раванд мебошанд.

Пешвои миллат дар баробари дастовардҳои соҳа ба масъалаи муҳимтарини марҳалаи имрӯза, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд: «Сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат аст.»

Ин андеша моҳияти воқеии сиёсати маорифро ифода мекунад. Зеро пешрафти ҳар ҷомеа пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, маърифат, касбият ва ҷаҳонбинии шаҳрвандони он вобаста мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи аҳли маориф танҳо таълим додани донишҳои муайян нест, балки тарбияи шахсияти соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва барои ҷомеа судманд мебошад.

Дар суханронӣ масъалаи омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон низ мавқеи муҳим дошт. Пешвои миллат дар ин мавзуъ чунин таъкид намуданд: «Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст.»

Ин таъкид аҳаммияти таҳсилоти босифат ва зарурати ба донишҳои назариявӣ пайвастани малакаҳои амалӣ ва касбиро бозгӯ менамояд. Барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин нукта ҳамчун вазифаи муҳимми баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон арзёбӣ мегардад.

 

Дар ин робита, таваҷҷуҳ ба рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи усулҳои пешқадами таълим, муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосир ва истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ аз масъалаҳои муҳимми суханронӣ буданд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат ба масъалаи рушди босуръати технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ намуда, зарурати омӯхтани онҳо ва истифодаи дурусту мақсадноки имкониятҳои навро таъкид карданд.

Дар шароити имрӯза, ки илм ва технология бо суръати баланд рушд мекунанд, ин масъала барои низоми таҳсилот аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Ҷавонон бояд на танҳо истифодабарандаи технология, балки соҳиби дониш ва малакаи дуруст истифода бурдани он дар роҳи омӯзиш, таҳқиқот ва фаъолияти касбӣ бошанд.

Дар баробари масъалаҳои таълиму илм, яке аз меҳварҳои асосии чорабинӣ Дарси сулҳ буд.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф ва илм, заминаи муҳим ба ҳисоб мераванд. Маҳз дар фазои сулҳу субот фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, рушди муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти озоди илмӣ ва тарбияи насли наврас имконпазир аст.

Пешвои миллат дар ин маврид таъкид карданд: «Барои мо – мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат маҳсуб меёбад.»

Аз ин рӯ, Дарси сулҳ барои аҳли маориф танҳо як чорабинии рамзии оғози соли таҳсил набуда, дорои аҳаммияти муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявӣ мебошад. Он аҳли ҷомеаро ба қадри сулҳу субот, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва инсонпарварӣ ҳидоят менамояд.

Дар рафти тамошои чорабинӣ устодони Донишгоҳ ба муҳтавои суханронии Пешвои миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, масъалаҳои муҳимми вобаста ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, рушди илму технология, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва тарбияи ҷавонони донишманду ватандӯстро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Пешвои миллат барои кулли аҳли маорифи кишвар аҳаммияти муҳим дошта, ҳамчун оғози соли нави таҳсил бо ҳадафҳои созанда ва вазифаҳои мушаххас дар самти рушди минбаъдаи соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.

Барои аҳли Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ ин чорабинӣ бо аҳаммияти хос баргузор гардид. Зеро омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб, истифодаи технологияҳои муосир дар таълим ва тарбияи табибони ҷавобгӯ ба талаботи замон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми муассисаи таълимии тиббӣ мебошад.

Рӯзи дониш дар оғози соли нави таҳсил ба аҳли маориф бори дигар хотиррасон менамояд, ки пешрафти ҷомеа аз сатҳи дониш ва маърифати насли ҷавон вобастагии мустақим дорад. Дарси сулҳ бошад, аҳаммияти ҳифзи фазои сулҳу суботро ҳамчун заминаи асосии рушди давлат ва зиндагии шоистаи мардум таъкид мекунад.

Аҳли Донишгоҳ бо дарки ин масъулият соли нави таҳсилро бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳкими корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди малакаҳои касбии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи тандурустии мамлакат оғоз менамояд.


4
3
2
1
31.08.2026 14

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php