РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ: ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮЙИ ИЛМУ МАЪРИФАТ ВА ОЯНДАИ СОЗАНДА

РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ: ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮЙИ ИЛМУ МАЪРИФАТ ВА ОЯНДАИ СОЗАНДА

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони муассиса чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар оғози ҷамъомад Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло иштирокдорони чорабиниро ба муносибати фарорасии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Дониш - Дарси сулҳ самимона табрику муборакбод намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи асосии рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф ва тандурустӣ ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди низоми таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзии ҷавонон тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.

Роҳабрияти вазорат донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир, истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, риояи одобу ахлоқи ҳамида ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят намуданд.

Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ таҳсил намуда, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки касби табиб аз ҷумлаи касбҳои пурмасъулият буда, аз ҳар як донишҷӯи муассисаи тиббӣ дониши мукаммал, меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва муносибати инсонпарваронаро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, донишҷӯёни имрӯз бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дониш ва малакаи касбии худро пайваста такмил дода, ҳамчун мутахассисони соҳибмаърифат ва рақобатпазир ба камол расанд.

Сипас ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, иштирокдорони чорабиниро ба муносибати Рӯзи Дониш, Дарси сулҳ ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.

Ректори Донишгоҳ дар суханронии худ иброз доштанд, ки оғози соли нави таҳсил барои аҳли маорифу илм ва махсусан донишҷӯён марҳилаи нави фаъолияти созанда ва фурсати муносиб барои гузоштани қадамҳои устувор дар роҳи донишандӯзӣ мебошад. Донишҷӯёнро зарур аст, ки аз шароити фароҳамовардаи роҳбарияти давлат ва Донишгоҳ самаранок истифода бурда, бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд ва дар корҳои ҷамъиятиву илмӣ фаъолона иштирок кунанд.

Таъкид гардид, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси рушди ҷомеа ва пешрафти давлат буда, ҳифзи ин арзишҳои муқаддас вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли ҷавон мебошад. Дар ин замина, баргузории Дарси сулҳ ҳамчун тадбири муҳими тарбиявию маърифатӣ ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои сулҳу ваҳдат мусоидат менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди соҳаи тандурустӣ, нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ва вазифаҳои донишҷӯён дар соли нави таҳсил андешаҳои судманд баён гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки ҳар як донишҷӯ бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва касбӣ барои аз худ намудани донишҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи маърифати илмӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи сулҳу субот ва арзишҳои миллию давлатӣ кӯшиш намояд.

Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳ дар фазои тантанавӣ, идона ва созанда баргузор гардида, ба оғози соли нави таҳсил ва истиқболи сазовор аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни тоза бахшид.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА

 


8
7
6
5
4
3
2
1
01.09.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php