РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Санаи 18.05.2026 дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбарият, устодон, олимони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ иштирок намуданд.

Чорабиниро ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Н. Д. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ мавсуф аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, саҳми ҷавононро дар рушди давлату ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода С. С. баромад намуда, ҷавононро ба донишандӯзӣ, худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа ҳидоят карданд.

Дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои дохилию хориҷӣ, як қатор донишҷӯёни фаъол, олимони ҷавон ва роҳбарони илмии онҳо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва мукофотпулиҳо тақдим карда шуд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки дастаи ҳунарии «Шифо» баргузор гардида, суруду таронаҳои дилнишин ва созу навои ҷаззоб ба маҳфил шукуҳу таровати тоза бахшиданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои таҳсил, илм, эҷодкорӣ ва ташаббусҳои созанда тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


20
19
18
17
16
15
14
13
12
11
10
9
8
7
6
4
5
3
2
1
19.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php