ПЕШВОИ МИЛЛАТ-МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Чун офтоби дурахшон дар назари пиру ҷавон аён аст, ки аз домони поки модарон, дар ҳар давру замон шахсиятҳои наҷибу кордон, бономусу пурвиҷдон ва ватанпарвару хирадбунён чашм ба ҷаҳон кушода, бо ҳар нафас меҳри зарра-зарраи хоку қатра-қатра оби ватану ҳамватананон дар мағзи устухонашон рӯйида, пайваста эшон барои бартарафсозии эҳтиёҷоти ҳамгавҳаронашон мусоидат менамоянд.
Бузургию азамати ин тоифа мардумонро аз ин ҷиҳат метавон шинохт, ки онон манофеи умумимиллиро аз манфиатҳои шахсии хеш муқаддам дошта, барои ҳимояву вояи он ҷон мекоҳанд. Дар ин росто, яке аз чунин абармардон дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо, тоҷикон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Аксари мардум, хоса солхӯрдагон то ҳанӯз он рӯзҳои хунину мотамҳои вазнин, ҷанги нангини бародаркуширо дар ёд доранд.
Он замонҳо назарҳо ба маҳсули кори Иҷлосияи ХVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухталиф буданд. Махсусан, ба кори асосӣ, ки интихоби Сарвари арзандае буд, то битавонад давлати амалан набударо воқеан баргардондаву бунёд намудаю роҳбарӣ карда тавонад. Гурӯҳе бо "фол"-ҳои хунуки худ умри сиёсии ҳукумати навро "ду ҳафта" пешбинӣ менамуданд. Гурӯҳе тамошобинона мегуфтанд: "ку сабр кунем, чӣ мешавад?!". Аммо як гурӯҳи бузурги табиию самимӣ, ки номаш Халқ аст, ба Сарвари тозаинтихоби чун худаш рӯкушоду дилкушод ва хокибунёду афлокиниҳоди давлати ҳанӯз бедавлаташ бовар кард. Чунки ба он шуълаи самимияту садоқат, эҳсоси дарди Ватану ҳар як тан, азму иродаи комил баҳри наҷоти халқу диёр, ки дар чашмони ӯ дид, бовар накардан номумкин буд.
Ва он заҳматҳои тасвирнопазиреро, ки Сарвари ҷавон барои ин Бовар кашид, бешак як худаш медонаду Худо. Он вақт агар нафаре мегуфт, ки баъди даҳ сол аз ин ҳама бесомонӣ асаре намемонад, давлат барқарор мешаваду миллат пойдор, озодию ободӣ, арзонию фаровонӣ, таронаи ватандориву муҳаббати инсонӣ боз рамзу нишонаҳои ин сарзамин мегарданд, кам касе бовар мекард.
Инак, иқдомҳое, ки дар он замони "ҳар касу ғами ҷони хеш" Сарвари ҷавону ба қавли заҳрбори бадхоҳон -"бетаҷриба" амалӣ намуд, ягон касро мафтуну ҳайрон накарда намемонад. Дасту дили пок, имони комил, миллатдӯстию ватанпарварии воқеъӣ, ҷонфидоию азхудгузаштагӣ ва ҷуръату ҷасорати ин марди зебоасолату фаррухрисолат садҳазорон гурезаи ҳаросонро ба Ватани хароб баргардонда, бо ҳарфҳои заминии дилбардору устувор ба ободии мулки аҷдодӣ сафарбар намуд. Ба хотири сулҳи чун обу ҳаво зарур ҷон ба каф ба сад дари бастаю кушодаи касу нокас сар занонд. Воқеан, барои ҳифзи ному эътибори миллати куҳанбунёду давлати навэҷоди тоҷик вораставу пайваста ва пурасару пурсамар аз минбарҳои баландтарини ҷаҳон ҷаҳду талош кардан, заминро, замини андакмасоҳату фаровонбаракати Ватанро бо нияти серии дилу дидаҳо ба соҳиби аслияш, яъне ба мардум додан бузургтарин кирдореанд, ки дар як муддати кутоҳи таърихӣ ва чунин натиҷабахш иҷро шуданашон дар тасаввур намеғунҷад. Ҳамин сарбозию ҷоннисориҳои ин чеҳраи дурахшон буд, ки имрӯз Халқ бо унвони баланди “Пешвои миллат” он касро хитоб мекунад. Ба ақидаи файласуф Ф. Нитсше Пешво шахсест, ки дар аҳволи тақдирсози таърихи миллат рафъи ниёзмандии мардумро ба ӯҳда гирифта, беғаразона – берун аз некию бадӣ истода, бо меъёрҳои мавҷудаи ахлоқӣ маҳдуд нашуда, амал мекунад. Яъне, Пешво барои миллат чароғи ҳидоят аст.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, 12 декабри соли 1992 зимни нахустсавганди ёднамудаи хеш чунин гуфта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…». Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона чӣ зебо фармудааст:
Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби ватанӣ.
Гуфтӣ, ки зи баҳри ин Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби ватанӣ!
Ҳамин азми устувор ва иродаи шикастнопазири ин марди корзор буд, ки имрӯз номи муборакашон дар радифи сарварони эътирофшудаи ҷаҳонӣ, ба монанди Ҷорҷ Вашингтон, Маҳатма Гандӣ, Мао Тсез Дун, Уинстон Черчил ва дигар сиёсатмадорони сатҳи байналмиллалӣ қарор гирифтааст.
Бояд хотирнишон сохт, ки маҳз ибтикору ташаббуси бесобиқаи Роҳбари кишварамон аст, ки роҳҳои пойтахти азизи мо ба тамоми гӯшаву канори кишвар обод гардид, низоми иқтисоди бозоргонӣ боло рафт, роҳи оҳан ва шоҳроҳҳои байналмиллалӣ бунёд гардид, корхонаҳои зиёди саноатӣ сохта шуданд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Артиши миллӣ қудратманд гашт, рамзҳои давлатӣ қабул гардиданд. Боғу гулгашт, майдонҳои бузурги варзишӣ, қомат афрохтани биноҳои баланди маъмуриву истиқоматӣ ва маишиву хизматрасонӣ, таъмини амнияту озодии шаҳрвандон, бунёди муассисаҳои гуногуни таълимӣ, музаффарияту нусратмандиҳои гуногунсамт дар байни мамолики ҷаҳон, шароити мусоид барои зисту камолоти шахс самараҳои чашмраси корномаи Қаҳрамони миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бахусус, насли наврасу ҷавони кишвар ҳар нафас ғамхорию таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллатро эҳсос менамоянд. Ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман", "Илм-фурӯғи маърифат", сабқати байналмиллалии "Дурахшандагон" барои ҷавонони дар хориҷа таҳсилдошта, стипендияҳои раисони шаҳру вилоят ва президентӣ, ки ҳар сол бо супориши бевоситаи Пешвои маърифатпарварамон зиёд мешавад ва инчунин таъсиси квотаҳо барои ҷалби толибилмон аз ноҳияҳои дурдаст ба муассисаҳои олии кишвар далели возеҳи таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ҳисоб меёбад.
Имрӯзҳо ҷавобан ба ин ғамхориҳо пиру ҷавони мамлакатро мебояд, ки бо тамоми вуҷуд шукру сипоси сулҳу салоҳ, ва амнияту рафоҳи сарзаминамонро амалан ба ҷо оварда, ба қадри ҷонбозиҳою меҳнатҳои бепардохти Пешвои миллат бирасанд. Ин чеҳраи мондагор, фарди сарбадори халқи худро чун гавҳари чашм азиз дониста, ҳамеша барои сиҳҳату саломатӣ ва саодату сарбаландияш дасти дуо бикшоянд.
Абдусатторова М. А., омӯзгори кафедраи физиологияи нормалӣ