ПЕШВОИ МИЛЛАТ-МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА 29-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ)
(
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА 29-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ)
Мардуми сулҳпарвару адолатхоҳи кишвар хизматҳои бузургу
шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро
ҳамарӯзу ҳамасоат мебинанд, мушоҳида мекунанд ва ба
номи шарифу амалҳои мондагорашон арҷ мегузоранд.
Таърихи ҳар як миллат аз воқеаҳои гуногуни сарнавиштсоз иборат буда, дар худ ҳам давраҳои душвору пурфоҷиа ва ҳам лаҳзаҳои пурифтихору таърихиро таҷассум менамояд. Барои миллати тоҷик давраи соҳибистиқлолӣ низ чунин марҳилаи ҳассос ва тақдирсоз ба шумор меравад, зеро ҷомеаи мо ҳам аз мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст ва ҳам ба неъмати бузурги сулҳу ваҳдати миллӣ расидааст. Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ намуда, барои пешрафти давлат фаъолияти созанда мебаранд. Ваҳдати миллӣ барои ҷомеа ба арзиши муқаддас ва омили асосии оромиву пешрафт табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин, бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки расидан ба чунин сулҳу субот кори саҳлу осон набуд.
Дар таҳкими сулҳ ва муттаҳид сохтани ҷомеа нақши шахсияти барҷастаи давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле бузург ва таърихӣ мебошад. Маҳз хиради сиёсӣ, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи ӯ барои барқарор намудани сулҳ, ваҳдат ва суботи ҷомеа замина гузоштанд. Нақши Пешвои миллат дар раванди барқарории сулҳу оромӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамчун саҳми ҳалкунанда ва сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад.
Барои дарк намудани арзиши сулҳу ваҳдат, бояд ба вазъияти душвори ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта назар афканем. Тоҷикистон, ки нав ба истиқлолият расида буд, ба буҳрони амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Мухолифатҳои сиёсӣ, маҳалгароӣ ва дахолати неруҳои манфиатдор ҷомеаро ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо намуда, фазои нобоварӣ ва душманиро ба вуҷуд оварданд. Дар натиҷа фаъолияти сохторҳои давлатӣ халалдор шуда, қонун ва тартибот заиф гардиданд. Ин вазъият боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки барои миллати тоҷик фоҷиаи бузурги таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи ин низоъ ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, шумораи зиёди мардум маҷбур шуданд тарки ватан намоянд. Ҷанг ба иқтисоди кишвар низ зарари ҷиддӣ расонд: бисёр иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ хароб гардида, Тоҷикистон ба буҳрони иқтисодӣ ва коммуникатсионӣ гирифтор шуд. Аммо хатари асосӣ дар он буд, ки истиқлолият ва давлатдории ҷавони тоҷикон метавонист аз байн равад.
Дар чунин як шароити мушкил ва тақдирсоз, ба саҳнаи сиёсат омадани як фарзанди бонангу номус ва ҷонфидои миллат, ки масъулияти наҷоти давлату миллатро бар дӯш гирифт, як зарурати таърихӣ буд. Нуқтаи гардиши асосӣ дар таърихи навини Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Дар ҳамин иҷлосия вакилони мардумӣ бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб намуданд. Ин интихоб тасодуфӣ набуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як шахсияти содиқ ба манфиатҳои миллӣ, дорои иродаи қавӣ ва ҷонибдори адолату сулҳ шинохта мешуд. Суханронии нахустини ӯ дар иҷлосия ба ҷомеа рӯҳи умед бахшид. Изҳороти маъруфи ӯ – «Ман ба шумо сулҳ меорам» – ба рамзи оғози марҳилаи нави таърихи кишвар табдил ёфт. Ин суханон танҳо шиор набуданд, балки барномаи амалии роҳбарияти нав барои наҷоти давлат ва барқарор намудани сулҳу субот маҳсуб мешуданд.
Ба гардунҳо расид аз номуродиҳо нидои мо,
Магар бишниду оҳу нолаи моро Худои мо.
Ва ё кофӣ шуморид он қадар дода ҷазои мо,
Чӣ ҷои баҳс, он рафт бар мо шуд сазои мо.
Ризои ӯст, дорам итминон, баҳри давои мо,
Шуда Эмомалӣ Раҳмон зи лутфаш раҳнамои мо.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Сарвари давлат ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин диққати асосӣ дод. Пеш аз ҳама, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ тадбирҳо андешида шуданд. Ҳамзамон, масъалаи бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва таъмини амнияти онҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Яке аз иқдомҳои муҳим оғози музокироти сулҳ бо неруҳои мухолифин буд. Бо вуҷуди вазъияти мураккаб ва мавҷудияти монеаҳои зиёд, роҳбарияти давлат роҳи музокира ва оштии миллиро интихоб намуд. Ин сиёсати хирадмандона барои расидан ба сулҳу ваҳдат ва нигоҳ доштани давлатдории миллӣ заминаи устувор гузошт.
Дар натиҷаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати нав таъсис ёфт, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ барои барқарор намудани субот ва ҳифзи давлатдорӣ тадбирҳои муҳим андешид. Маҳз бо талошҳои роҳбарияти нав оташи ҷанги шаҳрвандӣ тадриҷан хомӯш гардида, фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ аз нав ба роҳ монда шуд.
Дар он давраи ҳассос диққати асосӣ ба эҳёи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси Артиши миллӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ равона гардид. Ба даст овардани сулҳ барои ҷомеаи Тоҷикистон як дастоварди бузург буд, аммо ҳифз ва таҳкими он вазифаи боз ҳам муҳимтару масъулиятнок ба ҳисоб мерафт. Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк менамуданд, ки Ваҳдати миллӣ танҳо бо имзои як созишнома таъмин намегардад. Барои пойдории сулҳ зарур буд, ки ғояи ваҳдат дар шуур ва ҷаҳонбинии мардум ҷой гирифта, ба арзиши муқаддаси миллӣ табдил ёбад.
Бо ҳамин мақсад, таҳти роҳбарии Пешвои миллат як қатор тадбирҳои муҳим ва стратегии давлатӣ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, татбиқи Созишномаи умумии сулҳ, гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ, таъмин намудани рушди устувор ва таҳкими худшиносии миллӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба шумор мерафтанд.
Фаъолияти самараноки Комиссияи Оштии Миллӣ, ки дар он намояндагони ҳукумат ва неруҳои мухолифин иштирок доштанд, барои амалӣ гардидани бандҳои асосии созишномаи сулҳ заминаи мусоид фароҳам овард.
Соли 1999 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки заминаҳои ҳуқуқии сулҳу ваҳдатро боз ҳам таҳким бахшиданд. Аз ҷумла, ташкили парлумони дупалатагӣ ва муайян намудани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ қадамҳои муҳим дар роҳи устувории давлатдорӣ буданд.
Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамуданд, ки сулҳу суботи сиёсӣ бидуни рушди иқтисодӣ ва беҳбудии иҷтимоӣ устувор буда наметавонад. Аз ин рӯ, давлат тамоми имкониятҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ сафарбар намуд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар ин замина, бунёди иншооти муҳими иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун, Неругоҳи барқи обии Сангтӯда, инчунин сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои муосир на танҳо ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намуданд, балки робитаи байни минтақаҳои кишварро мустаҳкам карда, ба таҳкими ваҳдати воқеии ҷомеа таъсири муҳим расониданд.
Дар яке аз муроҷиатҳои худ Сарвари давлат вазифаҳои муҳимтарини давраи гузаришро чунин муайян намуда буд: барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, таъмин намудани кори самараноки онҳо, эҳёи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муҳайё сохтани шароити муносиб барои фаъолияти онҳо.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори асосии он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як модели нодири ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Пешвои миллати мо рисолати бас бузургеро дар охирҳои садаи сипаришуда анҷом дод, ки ба арзи вуҷуд доштан ё надоштани мамлакатамон дахолат дошт ва бидуни муболиға дар саҳфаи таърихи замони истиқлолиятамон бояд бо ҳуруфи заррин дарҷ гардад.
Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард.
Ҳама вақт эътирофи хизматаш мардона бояд кард,
Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард.
Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,
Ватан обод бо ин роҳбари фарзона бояд кард.
Таҳлили раванди барқарории сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин дастоварди муҳими таърихи бо фаъолияти сиёсӣ ва хизматҳои арзишманди Эмомалӣ Раҳмон робитаи мустақим дорад. Маҳз талошҳои пайгирона, хиради сиёсӣ ва иродаи қавии ӯ барои наҷоти давлат ва муттаҳид сохтани ҷомеа нақши ҳалкунанда бозиданд. Дар марҳилаҳои душвортарини таърих ӯ масъулияти ҳифзи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботро ба зимма гирифта, барои аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллат кӯшишҳои бузург анҷом дод.
Унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст, нишонаи қадршиносӣ ва эҳтироми мардум нисбат ба хизматҳои таърихии ӯ мебошад. Ин унвон рамзи арҷгузорӣ ба шахсиятест, ки барои барқарор намудани сулҳ, субот ва зиндагии осоишта дар кишвар саҳми бузург гузоштааст.
Воқеан, Пешвои миллат муттаҳидсози миллати пароканда, меъмори сулҳу Ваҳдат, чунки ҳамаи моро маҳз ӯ бо дар назардошти сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонааш ба ҳам овардааст.
Имрӯз ҳифз ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ масъулияти муҳимми ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, ба шумор меравад. Мо бояд ин неъмати бузургро ҳамчун арзиши муқаддас пос дошта, барои рушду таҳкими давлатдории миллӣ саҳми фаъол гузорем. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастгирии сиёсати созанда метавонем ояндаи орому шукуфои Тоҷикистони азизро таъмин намоем. Зеро маҳз Ваҳдати миллӣ асоси суботи ҷомеа, пешрафти давлат ва пойдории миллат мебошад.
Мардуми Тоҷикистон сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, аз сулҳу субот ва ягонагии миллӣ ифтихор мекунанд. Бо шарофати ваҳдат ва истиқлолият, кишвар ба дастовардҳои муҳим ноил гардида, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва комёбиҳои назаррас истиқбол менамояд.
Ваҳдати миллӣ орзу ва ормони деринаи миллиест, ки барои миллати мо бо нархи гарон ба даст омадааст, ин роҳу равишест, ки дарвозаи бахту иқболи навро барои ба даст овардани андешаҳои бузурги миллӣ боз менамояд. Дар баробари ин пояҳои худшиносии миллиро мустаҳкаму устувор намуда, мардумро ба созандагию ҳувиятсозӣ ҳидоят менамояд.
Мо пайравони Пешвои миллат бунёди минбаъдаи кишварамонро аз ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва бурдбориҳои ваҳдати миллӣ медонем.
Ваҳдат пойдевори ҳастии миллати тоҷик ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони беҳамто – кишвари куҳҳои сар ба фалаки биҳиштосо, макони обҳои мусаффо ва мардумони наҷиби ориёитабор ва шахсиятҳои барумандест, ки сулҳу ваҳдат аз азал паёми имрӯзу фардои ин Ватан аст. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
Юнусова С. Н. - донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ